РАВНАҚИ ҲУНАРМАНДИИ ХАЛҚӢ ДАР РӮЗГОРИ МО

Фаъолияти эҷодӣ ё касбие, ки бо истифода аз меҳнати дастӣ, асбобу ускуна ва воситаҳои хурди механизатсионӣ ба истеҳсол ё кор карда баровардани ашёву асбобҳои маишӣ, хонаву рӯзгор ва ашёҳои бадеӣ нигаронида шудааст, ҳунармандист.

Фаъолияти эҷодӣ ё касбие, ки бо истифода аз меҳнати дастӣ, асбобу ускуна ва воситаҳои хурди механизатсионӣ ба истеҳсол ё кор карда баровардани ашёву асбобҳои маишӣ, хонаву рӯзгор ва ашёҳои бадеӣ нигаронида шудааст, ҳунармандист.
Дар асоси қонун оиди фаъолияти ҳунармандӣ, шахсе, ки ба ин гуна фаъолият мепардозад, бояд ба сифати ҳунарманд дар рӯихати давлатӣ номнавис гардад. Вай чун шахси ҷисмонӣ дар ин соҳа фаъолият бурда, метавонад аз имтиёзҳое, ки барои ҳунармандон муайян карда шудаанд, истифода намояд. Шахси ба мақоми ҳунарманд молик ба таври мустақил ё ҳамроҳ бо шогирдони худ озодона фаъолият ба роҳ гузоштанаш мумкин. 

Бинобар сабабҳои ҳамоҳанг набудани фаъолияти ҳунарманд ба самтҳое, ки аз ҷониби Шӯрои бадеӣ нишон дода шудааст ва дар вазъи напардохтани бадали аъзогии иттиҳодия фаъолияти ӯ қатъёфта ҳисобида мешавад.
Ҳунарманд дар як вақт метавонад ба сифати соҳибкори якка низ аз рӯихати давлатӣ гузарад.
Фаъолияти ҳунарманд дар асоси самтҳое, ки худи ӯ муайян кардааст, ба амал бароварда шуда, ин дар гувоҳнома оиди номнависшавиаш дар рӯихати давлатӣ инъикос меёбад. Ҳунарманд дар ҷараёни омодасозӣ ва фурӯши маҳсулоти худ ҳақ дорад аз ҳама зиёдаш то 10 нафар шогирдро ба худ ҷалб намояд. Гаҷкорӣ, гилемдӯзӣ, матоъбофӣ, кандакорӣ, сангтарошӣ, миниатюра, санъати тасвирӣ-наққошӣ, хаттотӣ, асбобҳои ороишӣ, китобат, муқовасозии варақ, оҳангарӣ, тунукасозӣ, косибӣ, омодасозии либосҳои миллӣ, аз ҷумла тоқидӯзӣ, чӯбкорӣ, дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, омодасозии асбобу ускунаҳои мусиқӣ, кулолгарӣ, чиннисозӣ, заргарӣ, бозича, ашёҳои муҷассамавии хурд, чармгарӣ, мебелсозӣ, дуредгарӣ, сабатбофӣ, шишасозӣ, соатсозӣ, корҳои рангу бор, омодасозии маҳсулоти амалии ороишӣ, гулпартоӣ ба матоъ ва амсоли онҳо самт ва навъҳои ҳунармандӣ мебошанд, ки ҳар яке таърихи дерин дошта, дар рӯзҳои мо бинобар ғамхорӣ ва эътибор ба соҳа равнақи тоза ёфтаанд.
Халқи мо аз қадим ба ҳунармандӣ моил буду онро ба дараҷаи санъат расонд ва бо маҳсулоти ҳунармандӣ мӯъҷизаҳо офарид, эътибори дунёро ба худ кашид. Корвонҳое, ки дар Роҳи бузурги абрешим ҳаракат доштанд, дар навбати аввал борҳоеро мекашонданд, ки мутааллиқ ба маҳсулоти ҳунармандӣ буданд.
Ҳунармандӣ вобаста ба мавҷудияти захираҳои табиӣ, масалан, дар ҷойҳое, ки пахта ва пилла парвариш меёбад – бофандагӣ, дар ҷое, ки ашёи хоми хушсифат мавҷуд – кулолгарӣ, дар ҷое, ки мӯина ва пӯст зиёд аст, матоъбофию чармгарӣ, дар мавзеъҳои наздиҷангал – мебелсозӣ, дар соҳили дарё ё баҳрҳо – киштисозӣ ривоҷу равнақ меёфт. Се навъи ҳунармандӣ – ҳунармандии хона, омодасозии маҳсулот дар асоси фармоиш ва истеҳсоли ашёи ҳунармандӣ барои бозор ташаккул ёфта, онҳо қисми ҷудонопазири хоҷагии асл ҳисоб ёфтаанд. Ҳунармандӣ хусусан дар се-чаҳор соли охир дар ҳамаи ҳудудҳои ҷумҳурӣ равнақ ёфт. Татбиқи амалии худ ёфтани як қатор нуктаҳои фармону қарори роҳбари давлат дар бораи чораҳои боз ҳам ривоҷ додани ҳунармандӣ ва дастгирии ҳарҷонибаи ҳунармандон самараи худ мебахшад. Барои ҳарҷониба пеш бурдани соҳа, нигоҳ доштани анъанаҳои бисёрасра, пуштбонии моддию маънавии онҳое, ки ба ҳунармандӣ машғуланд, чораҳо андешида мешаванд. Ин аст, ки ҳунармандӣ торафт оммаи васеъро ба сафҳои худ ҷалб месозад. Дар вазъи истифодаи васеъ аз салоҳияти сайёҳӣ муташаккилона марказҳои ҳунармандӣ арзи ҳастӣ менамоянд. Захираҳои даркории молиявӣ ва ашёи хом барои ҳунармандон ҷудо карда мешаванд. Дар ҷудо кардани майдонҳои замин ва биноҳо барои ҳунармандон, ба нуқтаҳои муҳандисӣ-коммуникатсионӣ пайвастани онҳо, додани вомҳои имтиёзнок, дар шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ кушодани марказҳои ҳунармандӣ, такмил додани фаъолияти мактабҳои «Устод-шогирд» як қатор корҳои муҳим ба анҷом расонда шуданд. Нуфузи Иттиҳодияи «Ҳунарманд», ки доираи васеи аҳли ҳунарро гирди худ муттаҳид сохтааст, баланд гардид. Чунончи, мавқеи раиси ин иттиҳодия ба ҷонишини раиси Палатаи савдою саноат баробар шудааст. Марказҳои ба соҳибкорӣ кӯмакрасон, ки таҳти тасарруфи Палатаи савдою саноат қарор доранд, барои фаъолияти худро ташкил кардани ҳунармандон, равнақи тиҷорати онҳо, ҳифзи ҳуқуқи субъектҳои ҳунармандӣ, ташкил кардани намоишҳо барои ҳунармандоне, ки фаъолияти худро дубора оғоз намудаанд, аз наздик ёрӣ мерасонанд.
Ҳунармандон маҳсулоти экспорткардаи худро озодона истифода ва валютаи хориҷиро ба тасарруф дароварда метавонанд. Онҳо ҳуқуқ доранд бидуни шартномаи экспортӣ дар намоиш, ҷашнвора, ярмаркаҳои ҳунармандӣ, ки дар хориҷ баргузор мегарданд, маҳсулоти худро озодона фурӯшанд.
Ба масъалаҳои омӯзондани ҳунар ба ҷавонон, аз авлод ба авлод гузаронидани малакаи ҳунармандӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Дар коллеҷҳои касбу ҳунар оиди ташкил кардани кор ва таълими ҳунармандӣ кушодани самтҳои нави таълими касбӣ ҳамеша мавриди назар аст. Дар омӯзондани ҳунар, мисли соҳибкории якка, ҳуқуқи шартнома бастан дода шудааст, вале барои хидматҳои таълимии расондашуда андоз талаб карда намешавад.
Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ оиди ташкил кардан ва ривоҷ додани объектҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла, музей-устохонаҳо, мактабҳои «Устод-шогирд», марказҳои ахбору захира оиди равнақи ҳунармандӣ чораҳои маҷмӯӣ тасдиқ карда шудаанд.
Қобили таваҷҷӯҳ боз он ки бо услуби меъмории таърихию анъанавӣ марказҳои рушди ҳунармандӣ барпо ва бо мақсади ҷалби васеи сайёҳон ба ҳудуд дар намои «бозори шарқонаи таърихӣ» растаҳои тиҷоратӣ, корвонсаройҳо, майдонҳое, ки ҳунармандон маҳорати касбӣ намоиш медиҳанд, ҷойгир карда мешаванд. Ҳунармандон мисли аҷдод, ки дар як ҷо кору зиндагӣ кардаанд, метавонанд дар ошёнаи аввал устохона ва дӯконҳои тиҷоратиашонро ҷойгир созанд, дар ошёнаи дувум зисту зиндагӣ намоянд. Қарору фармонҳое, ки доир ба равнақ бахшидани ҳунармандӣ вақтҳои охир қабул мешаванд, хусусан, ба бедор шудани шавқу ҳаваси ҷавонон ба омӯзиши сир ва нозукиҳои ҳунар, машғул шуданашон ба ин ё он соҳаи ҳунармандии миллӣ мусоидат менамоянд.
То соли 2017 Иттиҳодияи ҳунармандӣ дар сафҳои худ наздик 10 ҳазор нафар аъзо дошту халос. Имрӯзҳо узви ин иттиҳодия аз 40 ҳазор нафар бештар аст. Назар ба маълумотҳо, танҳо дар 4 соли охир 170 ҳазор нафар аҳолӣ бевосита ба ҳунармандӣ машғул аст ва бо даромади он рӯзгори худро таъмин месозад. Дар мактабҳои ҳунармандӣ бошад, зиёда аз 67 ҳазор нафар ҷавононамон асрори касб меомӯзанд.
Хидматрасонии молиявӣ низ беҳтар шудааст. Наздик 15 ҳазор лоиҳаҳо ба амал бароварда шуданд, ки ба самтҳои ҳунармандӣ равона карда шудаанд. Бо азхуд кардани 580 миллиард сӯм воме, ки ҷудо гашт, доираи васеи ҳунармандон фаъолияташонро густариш бахшиданд.
23 марти соли 2021 боз як фармони роҳбари давлат ба имзо расид, ки ба рушди кулолгарӣ равона шудааст. Дар асоси ин ҳуҷҷат дар 16 мамлакати дунё кушодани 26 хонаи савдо ва ташкили толорҳои намоишӣ ба нақша даромадааст.
Дар ҳар як вилояти ҷумҳурӣ барои маҳсулоти худро фурӯхтани ҳунармандон марказҳои тиҷоратии онлайн фаъолият пеш мебаранд. Масъалаи ба фармоишгарон расонда додани маҳсулоти ҳунармандӣ низ ҳал мешавад.
Алҳол дар ҷумҳурӣ 31 маркази рушди ҳунармандӣ мавҷуд бошад, барпои боз 32 адад ин гуна марказ пешбинӣ гардидааст.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: