РАВОБИТИ АДАБИЮ ФАРҲАНГӢ – РУКНИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ДӮСТИИ ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН

Дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» бунёд гардида ва дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта шудааст.

«Тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои  ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар  ҳама  ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ  менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар  қарни XV боз ҳам устувор шуд ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони  Ҷомӣ  ва Мир Алишер Навоӣ  сифатҳои навро соҳиб гардид. 
Дӯстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ  ба дараҷае самимӣ  будааст, ки муосиронашон аз ин  ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ  кардаанд», – навиштааст академик Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА дар мақолааш бо номи «Равобити адабию фарҳангӣ – рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон». Дар зер мақолаи мазкурро ба хонандагон пешниҳод менамоем.
Тоҷикон бо таърих, фарҳанг ва адабиёти худ машҳур гардида, аз ҷумлаи халқҳои қадимтарин ба шумор мераванд. Онҳо бо осори шифоҳиву хаттӣ, ёдгориҳои бузурги таърихӣ ва катибаҳои нодири худ дар тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузошта, бо ин роҳ шуҳрати бештар касб кардаанд. Решаҳои ин фарҳанги ғанӣ аз тамаддуни ориёӣ маншаъ гирифта, тайи ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, як қисми таркибии он бо шаклу шеваи хос то замони мо расидааст. Бунёди ин мероси гаронбаҳоро дӯстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳанд.
Тоҷикон баробари рушди фарҳангу адабиёт аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун робитаҳои зичи дӯстона барқарор намуда, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар фазои сулҳу салоҳ ва якдиливу бародарӣ умр ба сар баранд. Ҳамин андешаи ҳамзистии дӯстонаро аввалин маротиба Куруши Кабир дар Эъломияи худ ҷой дода, мардумро ба ҳамдилию бародарӣ даъват намуда буд. Ин пиндори башардӯстонаро минбаъд гузаштагони мо идома дода, бо аксари қавму қабилаҳо, дину мазҳабҳо бо эҳтиром муносибат менамуданд ва рафоқатро ҳамчун намунаи неки ҳамбастагӣ азизу муқаддас медонистанд. Дар ҳамин асос тоҷикон бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус, бо халқи бародари ӯзбек, дӯстии мустаҳкам барпо намудаанд, ки он аз имтиҳони таърих сарбаландона гузаштааст.
Дар ҳақиқат, тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобарорӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни ХV боз ҳам устувор гардид ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дӯстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд.
Махсусан, Мир Алишер Навоӣ дар бештари осораш, аз ҷумла дар асарҳои худ “Хамсат-ул-мутаҳаййирин”, “Маҷолис-ун-нафоис”, қасидаи “Туҳфат-ул-афкор” ва як қатор достонҳои “Хамса” бузургӣ ва фазилати устодаш Абдураҳмони Ҷомиро зикр намуда, ба ӯ ихлосмандии зиёд доштанашро бо исрор таъкид кардааст. Ҳамчунин, дар пайравии устодаш дар даҳ ғазал назираи ҷавобия навишта, аз тарафи Мавлоно Ҷомӣ баҳои баланд гирифтааст.
Мир Алишер Навоӣ то охири умр ҳамчун шогирди вафодор ба Мавлоно Ҷомӣ содиқ монда, ҳамеша дар осори хеш хислатҳои бузурги инсондӯстонаи пирашро ба некӣ ёд оварда, бо як меҳру муҳаббат оид ба хоксорӣ, фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ, саховатпешагӣ, хайрхоҳӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи ӯ ишора ва дар шеъру шоирӣ, фалсафаю ҳикмат, шариату тариқат забардаст будани устодашро зикр кардааст. Аз ҷумла,  ҳамин сифатҳои беназири устодашро Навоӣ дар қасидаи “Туҳфат-ул-афкор” возеҳ шаҳр дода, на танҳо дар пайравии ӯ дар як муддати кӯтоҳ қасидаи ҷавобия таълиф кардааст, балки беҳтарин хислатҳои Мавлоноро дар баробари дигар масъалаҳои фалсафию ҳаётӣ таъкид намудааст. Чуночи:
Ҳомии дини набӣ, Ҷомӣ, 
ки ҷоми фақрро
Дошта дар каф лаболаб аз 
шароби Кавсар аст.
Равзаи ройи мунираш 
гулшане дон, к-аш зи лутф
Қатраи рухсораи ҳар барг 
меҳри анвар аст.
Оҷиз аз теъдоди авсофи 
камоли ӯст ақл,
Анҷуми гардун шумурдан 
кай тариқи аъвар аст.
Мавлоно Ҷомӣ низ нисбат ба шогирдаш Мир Алишер Навоӣ назари некбинонаю садоқату самимият дошта, хислатҳои неку писандидаи ӯро дар рисолаи “Нафаҳот-ул-унс”, якчанд достони “Ҳафт авранг” ва ашъори дилкаши худ таъкид карда, ба ҳунари эҷодӣ ва андешаҳои фалсафию ирфонии вай баҳои баланд додааст. Мавлоно, инчунин, дар мукотибаҳои худ доир ба шахсияти Мир Алишер Навоӣ сухан ронда, диди зебоипарастонаю назари некбинонаи шоирро махсус зикр мекунад. Қисме аз андешаҳои арзишманд ва ниҳоят халлоқонаи худро Ҷомӣ тавассути ашъори орифона ва ҳикматдӯстонаи пур аз лутфу иҳоми баланд, аз ҷумла, рубоӣ ифода мекардааст.Дар ин рубоиҳо адиби нозукбину ҳасос садоқату дӯстии хешро бо пероҳани назми саршор аз муҳаббат ифода намуда, дар рубоие, ки аз шаҳри Ҳалаб ба ҷавоби рубоии Мир Алишер Навоӣ фиристодааст, менависад:
Ин руқъа на руқъа, мояи 
ҳар тарабест,
Таҳсилу нишоту айшро хуш 
сабабест.
З-ин сон, ки бувад 
мухтасару пурмаънӣ,
Гӯё зи “Ҷавоҳир-ул-калам” 
мунтахабест. 
Баъди шинос шудан ба мазмуни мактуб ва ин рубоӣ Навоӣ ҷавобе омода карда, бо таъбиру ибораҳои саршор аз меҳру муҳаббат самимияти хешро нисбат ба устодаш чунин ифода менамояд:
Инсоф бидеҳ, эй фалаки минофом,
То з-ин ду кадом хубтар 
кард хиром:
Хуршеди ҷаҳонтоби ту 
аз ҷониби субҳ?
Ё моҳи ҷаҳонгарди ман 
аз ҷониби Шом?
Дар ин рубоии инсондӯстона шоири некусияр устодаш Абдураҳмони Ҷомиро ба “хуршеди ҷаҳонтоб” монанд намуда, мақсади худро содаю возеҳ баён мекунад.
Алишер Навоӣ, бешак, дар бештари асарҳояш бо чунин меҳру муҳаббат аз устодаш ёд оварда, ба андешаи орифонаю ҳикматписандонаи вай баҳои баланд додааст. Махсусан, дар асараш “Маҷолис-ун-нафоис” ба шахсияти Мавлоно Ҷомӣ дахл карда, аз ҷумла менависад: “Офтобе, ки бо раъйи оламорояш ба ин замона ифтихор ва ба аҳли замона шарафи беинтиҳо муяссар аст ва дарёе, ки ба табъи гуҳарзояш ҷайби ин даврон аз ҷавоҳир пур гардидааст, ҳазрати Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд, ки то ҷаҳон ҳаст, натоиҷи хотири маъруфашон аз аҳли ҷаҳон ва то сипеҳри гардун аст, фавоиди дили кушодашон аз халоиқи даврон кам мабод. Назми латоифи он кас чунон зиёд аст, ки барои овардани яке ҳам ҳоҷат нест. 
Ҳатто агар номи китобҳояш дарҷ шаванд, ба ин авроқ намегунҷанд ва агар дуррҳои мусаннафоташ зикр гарданд, баҳри гардун ба туғён меояд».
Чунин эҳтирому қадршиносӣ аз тарафи Навоӣ ва ба “офтоб”  ва “дарё” ташбеҳ додани мартабаи устоди бузургвораш нишонаи дӯстӣ ва бародарии фарзандони ду халқ буда, аз камоли маърифати ин ду адиб дарак медиҳад. Маълум мешавад, ки Мир Алишер Навоӣ бо ҳама масруфияти давлатиаш ба осори Ҷомӣ мароқи хосса зоҳир карда, ба мазмуну муҳтавои гаронбаҳои устодаш аз наздик шинос буда, бо завқи том онҳоро мутолиа менамуда ва ба ҳар кадомаш баҳои сазовор медодааст.
Ба қавли устод Айнӣ, «Ҷомию Навоӣ дар атрофи масъалаҳои асосии замон баробар фикр карда, дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо бо маслиҳату дастгирии якдигар баробар мубориза мебурданд». Ин андешаи устод Айниро пасон академик Муҳаммадҷони Шакурӣ идома дода, менависад: «Ба ин маънӣ дӯстию ҳамкории Ҷомӣ ва Навоӣ аз бисёр ҷиҳат муборизаи якҷояи халқҳои тоҷику ӯзбекро дар роҳи адолати иҷтимоӣ, дар роҳи идеалҳои олии ҷамъиятию эстетикӣ ифода намудааст».
Навоӣ баъд аз вафоти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ лаҳзае эътиқодашро ба устодаш кам накарда, меҳру муҳаббати бепоёни хешро дар асараш «Хамсат-ул-мутаҳайирин», ки ба мулоқоту суҳбатҳо, мукотибаю ҳамкории эҷодии ҳар дуяшон бахшида шудааст, беҳтарин сифатҳои Мавлоно Ҷомӣ ва дигар муосиронашро қайд намудааст.
Сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишер Навоӣ, инчунин, бо таъсири осори устодаш Мавлоно Ҷомӣ бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доштааст, бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои ноби тоҷикӣ эҷод карда, онҳоро дар шакли девони алоҳида мураттаб сохтааст. Аз эҷодиёти Навоӣ оғоз карда, минбаъд чи дар назми ӯзбек ва чи дар назми тоҷик падидаи зуллисонайнӣ, яъне ба ду забон эҷод кардан, ба таври васеъ ривоҷ пайдо намуд. Пас аз он ин анъана дар эҷодиёти шоирони асрҳои ХVI-ХХ Махмур, Маъдан, Нодира, Анбар-Отун, Гулханӣ, Ҳозиқ, Аҷзӣ, Айнӣ ва дигарон мақоми хос пайдо кардаанд.
Ин ду шоиру мутафаккир – Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ то охири умр дӯстию рафоқатро пос дошта, аз комёбӣ ва дастовардҳои ҳамдигар шод гардида, ҳамеша мусаввадаҳои асарҳояшонро аз назари ҳамдигар гузаронда, баъд мавриди мутолиаи дигарон қарор медодаанд. Борҳо чунин шудааст, ки онҳо маслиҳати ҳамдигарро пазируфта, дар пайи иҷрои он талош кардаанд. Масалан, бо пешниҳоди ин шогирдаш Мавлоно Ҷомӣ се девони худро номгузорӣ карда, ба онҳо номҳои муносиб гузоштааст.
Доир ба дӯстии адибони тоҷику ӯзбек, бахусус Ҷомӣ ва Навоӣ ховаршиноси маъруфи ҷаҳонӣ Е. Э. Бертелс таҳқиқоти бунёдии худро бо номи “Навоӣ ва Ҷомӣ” ба забони русӣ таълиф карда, онро соли 1965 ба табъ расондааст. Дар ин асари калонҳаҷм муҳаққиқи барҷаста доир ба замони ин шоирон, мавқеи адабии ду донишманд ва робитаҳои адабии тоҷикону ӯзбекон сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: “Дӯстии Навоӣ ва Ҷомӣ шояд аз охирҳои соли 1469, баъди ба Ҳирот омадани Навоӣ оғоз шуда, Навоӣ Ҷомиро ба сифати шайхи худ пазируфта, зери роҳбарии вай ба тариқати нақшбандия ворид мешавад ва то охири умр дар ақидаи худ содиқ мемонад. Аммо Ҷомӣ то ба охир на танҳо ба сифати пири тариқат ба Навоӣ вафодор мондааст, балки дар як муддати кӯтоҳ бо вай дӯсти самимӣ гашта, шогирди худро дӯст доштааст ва ба ҳунари шеърдонию шеърфаҳмии вай баҳои баланд додааст”.
Дар ҳақиқат, ин ду адиб дар замони худ барои мардумонашон хидмати шоиста карда, ба хазинаи бекарони шеъру шоирӣ, ҳикмату фалсафа, шариату тариқат, одаму одамгарӣ осори гаронбаҳоро ба мерос мондаанд, ки аз онҳо аҳли башар истифода намуда, ба хираду дониш ва рафоқату дӯстии онҳо таҳсин хондаанд. Ба қавли адабиётшинос А. Афсаҳзод “осори илмӣ ва адабии  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ чун ситораҳои рахшони осмон фурӯзон буд ва то ҳоло анвори он кам нашуда меояд”.
Ба ғайр аз ин, Навоӣ ба шогирди устоди худ Камолиддин Абдулвосеъ дастур додааст, ки дар бораи шахсият ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ рисолае таҳия намояд. Ин пешниҳодро ӯ бо камоли меҳр писандида, рисолаи “Мақомоти ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ”- ро таълиф намудааст, ки дар шинохти  шахсияти ирфонию адабии шоир ва муносибати дӯстонаи ин ду нобиғаи Шарқ – Ҷомӣ ва Навоӣ, нақши беназир дорад. Вай дар як муддати кӯтоҳ бо камоли меҳр зиндагӣ ва рӯзгори шоирро бо тафсил шарҳ дода, мақоми ӯро дар адабиёту ирфон ва дигар илмҳои замонаш васеъ тавзеҳ кардааст.
Мавлоно Ҷомӣ ба ғайр аз Алишер Навоӣ ба шоирони дигари ӯзбек – Лутфӣ ва Муҳаммад Солеҳ ҳаққи устодӣ доштааст. Ба Лутфӣ нозукиҳои таълифи ғазалро омӯзонда, ба Муҳаммад Солеҳ илми фасоҳат ва балоғатро таълим додааст. Лутфӣ дар охири ҳаёташ ҳатто ба забони тоҷикӣ байте навишта будааст, ки бо ишораи Навоӣ онро Ҷомӣ ба анҷом расондааст.
Ҳамин хислатҳои неки дӯстонаи адибони номбурдаро шоирони баъдӣ идома дода, ба он сифатҳои нав ҳамроҳ кардаанд. Махсусан, адибони ӯзбек, аз қабили Турдӣ, Машраб, Махмур, Гулханӣ, Увайсӣ, Нодира, Муқимӣ, Фурқат, Убайдуллоҳи Завқӣ дар пайравии адибони тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Восифӣ, Бедил, Зебуннисо, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон ғазалу қасида, достону маснавӣ ва асарҳои насриро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълиф кардаанд.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: