РАВОБИТИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ МУСТАҲКАМТАР ШУДАНД

Сафарҳои расмии тарафайни сарварони давлат, аъзои ҳукумат ва намояндагони парлумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои боз ҳам мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ, имзо гардидани созишнома ва санадҳои фарогири ҳамкориҳои байнидавлатӣ имкониятҳои зиёд фароҳам меоваранд.

Муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ рӯз аз рӯз инкишоф меёбанд. То имрӯз дар  байни ду давлат 225 ҳуҷҷати муҳиму стратегӣ имзо шудаанд. 
Аз ҷумла, 15-уми июни соли 2000 Шартномаи «Дӯстии абадӣ», 17-уми августи соли 2018 Шартномаи «Стратегияи ҳамкорӣ», 2-юми июни соли 2022 декларатсияи «Ҳампаймонӣ ва мустаҳкамсозии дӯстии абадӣ», 18-уми апрели соли 2024 Шартномаи «Муносибатҳои ҳампаймонӣ» ва монанди инҳо ба имзо расидаанд, ки ба қавитар гардидани ҳамкориҳои манфиатовари байнидавлатӣ ва мустаҳкам шудани дӯстиву бародарии халқҳои ӯзбеку тоҷик хидмат мекунанд. 
Сафари расмии 18-19 апрели соли ҷории Президент Ш. Мирзиёев ба Тоҷикистон дар фаъолияти қонунгузорӣ, инчунин омода намудани ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ саҳифаи нав гардид. Президент Ш. Мирзиёев бо Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  мулоқот намуд. Президент ҳангоми вохӯрӣ изҳор дошт, ки равобити байнипарлумонӣ бояд ба сатҳи баланд бардошта шавад. Дар омода намудани ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ бояд таҷрибаҳои пешқадам омӯхта ва истифода шаванд.
Ин матлабҳои некбинона бо гузаштани андак вақт натиҷаи дилхоҳ ба майдон овард.15-уми майи соли ҷорӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҳамроҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ташриф оварданд. Меҳмонони олиқадрро раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис  Н. Исмоилов, сарвари гурӯҳи «Дӯстии парлумонии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» У. Иноятов ва дигарон истиқбол намуданд.
Сипас ҷаласаи байнипарлумонӣ баргузор гардид. Иштирокдорон таъкид намуданд, ки равобити дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо ба дараҷаи назаррас беҳтар мешавад, ки ин самараи сиёсати одилонаву оқилонаи роҳбарони ду давлат, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат ба беҳтар шудани робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон хидмат мекунад.
Маълумоти пурмуҳтавои осори таърихию илмӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикону ӯзбекон тӯли садсолаҳои зиёд дар як минтақа осудаҳолона зистаанд. Муштаракоти диниву фарҳангӣ доранд. Урфу одат, тарзи либоспӯшӣ ва арзишҳояшон муштараканд.   
Шоиру мутафаккирони бузурги мо – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомию Мир Алишери Навоӣ, Абдулло Қодирию Садриддин Айнӣ, Ғафур Ғулому Мирзо Турсунзода, Зулфияю Мирсаид Миршакар, Эркин Воҳидову Лоиқ Шералӣ ва дигарон дар намунаҳои эҷоди худ дӯстии ҳақиқию самимии байни халқҳоямонро тараннум кардаанд. Хушбахтона, дар замони мо анъанаҳои ҳамкориву ҳаммаслакии аҷдодӣ, равобити байнипарлумонӣ бо шукӯҳу шаҳомати бештару беҳтар идома доранд.      
Алҳол барои забономӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, зуҳур намудани маҳорату истеъдод ва ғайра тамоми шароит фароҳам аст. 
Иштирокчиёни ҷаласа ва намояндагони парлумони ҳар ду кишвар барои боз ҳам қавитар гардонидани равобити байнипарлумонӣ фикру мулоҳизаҳои хешро иброз доштанд.
Пас аз итмоми ҷаласа вохӯрии намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои гурӯҳи «Дӯстии парлумони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» баргузор гардид. Сарвари гурӯҳи парлумони дӯстӣ У. Иноятов ва дигарон дар хусуси корҳое, ки бояд иҷро шаванд, мубодилаи афкор намуданд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки равобити байнипарлумонӣ боз ҳам бештар ва мустаҳкамтар хоҳад шуд. Зеро айни замон ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, робитаҳои фарҳангиву иқтисодӣ, дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек инкишоф меёбад. 

Таваккал ЧОРИЕВ, 
депутати Палатаи қонунгузории Олий 
Маҷлис.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: