РАВОБИТИ ФАРҲАНГӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Дӯстӣ – эҷод, дӯстӣ – суруд, дӯстӣ – нон, дӯстӣ – пешрафту тараққиёт.

Моҳияти ин суханонро инсонҳои пурмуҳаббат ва оқилу дурандеш амиқ дарк менамоянд.
Боиси хушнудист, ки чанд соли охир дӯстону хайрхоҳони Ӯзбекистон зиёд мегардад. Чунин ба назар мерасад, ки бисёр кишварҳо бо мамлакати мо ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Мо бо кишварҳои ҳамҷавор низ робитаи ҳасана дорем. 
Баъди сафари таърихии сарвари мамлакати мо Шавкат Мирзиёев ба ҷумҳурии ба мо дӯсту бародар – Тоҷикистон дар муносибатҳои ду давлат гардиши куллӣ ба амал омад. Гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз шуданд, робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ рӯ ба густариш ниҳоданд. Дар чорабиниҳои фарҳанги аз қаробати азалию абадии халқҳои ҳамсоя ва ҳамдину ҳамкеш – тоҷикону ӯзбекон суханони зиёд гуфта шуданд, шеърҳое эҷод шуданд, ки ин ду миллати бумии Осиёи Марказиро чун шир бо шакар меомехтанд. Бале, мисле ки мегӯянд, меҳр дар чашм аст, рафту омад ва дидорбинӣ, ки шуд, пайроҳаҳо ба роҳ, роҳҳо ба шоҳроҳ табдил меёбад. Вагарна пайроҳаҳоро алафҳои бегона зер мекунанд, равуо канда мешавад...
Ҳоло, ба баҳонаи табодули таҷриба дар бахшҳои гуногун, равуо ва вохӯриҳои намояндагони илму адаб ва РАО-и Тоҷикистону Ӯзбекистон сари чанд вақт ба вуқӯъ мепайванданд.  Ба қарибӣ чанде аз намояндагони РАО-и Тоҷикистон дар доираи сафари хидматии худ дар меҳмонии рӯзномаи «Овози тоҷик» буданд. Сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Шерпӯлод Вакилов меҳмононро хайрмақдам гуфт, онҳоро бо дирӯзу имрӯзи рӯзномаи ҷумҳӯриявӣ, ки қариб як аср боз дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ интишор меёбад, мухтасар ошно намуд. Изҳор дошт, ки дар ин рӯзнома Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров барин абармардони илму адаби тоҷик кору фаъолият  доштаанд. Биноан, ин даргоҳ барои кулли тоҷикони минтақа азизу муқаддас аст.
Баъди шиносоӣ, байни журналистони Тоҷикистон ва кормандони эҷодии рӯзномаи «Овози тоҷик» табодули афкор сурат гирифт.
Директори  Мактаби мустақили журналистикаи «Тоҷикистон – асри XXI» Cафо Сафаров гуфт, ки халқҳои тоҷику ӯзбекро метавон ба ду шохи як дарахт ташбеҳ дод, решаҳояшон як аст. Халқҳои мо муштаракоти зиёде доранд. Суҳбати гарми имрӯзаи мо маҳсули иқдомҳои неки сарони ду кишвар муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Рӯзномаи «Овози тоҷик» аз куҳансолтарин рӯзномаи то имрӯз вуҷуддоштаи тоҷикӣ дар минтақаи Осиёи Марказист. Чанд даҳсола қабл журналистони ҷавони Тоҷикистон низ ба ин даргоҳ барои таҷрибаомӯзӣ меомаданд. Тавассути сомонаи он мо бо рӯзномаи «Овози тоҷик» ошноӣ дорем.
Сухани меҳмонони дигар, директори ширкати телевизиону радиои «ASIA-Plus» Манижа Аҳмадова, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷони Маъмур ва  ҷонишини сармуҳаррири «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов ва дигарон аз дӯстиву бародарӣ буд, онҳо изҳор доштанд аз дидори ҳамкасбони худ шоданд. Чунин ҳамкориҳо ва тободули таҷриба ба сермазмун гардидани расонаҳои ахбори оммавии ҳар ду ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
– Яке аз ҳадафҳои омадани мо ба Ӯзбекистони бародар таҳким бахшидани равобити фарҳангии оғозёфта мебошад, – гуфт дар суҳбат бо инҷониб сармуҳаррири мустақили «Имрӯз-News»-и Тоҷикистон Назрӣ Нусрат. – Ҳадафи дигар ошноӣ бо вазъи феълии расонаҳои ахбори оммавии Ӯзбекистон аст, ки тайи қариб 30 сол барои мо пӯшида буд. Мисле ки дар кишвари шумо тоҷикони зиёде ба сар мебаранд, дар кишвари мо низ ӯзбекони бисёр будубош доранд, аммо аз матбуоти якдигар бехабарем. Матбуот вақте дастнорас шуд, ахбори нодуруст интишор меёбад. Мо чеҳраи кушоду меҳмоннавози аҳли пойтахти шуморо дида хурсанд шудем. Натиҷа гирифтем, ки ин мардум ташнаи дидори дӯстонанд.
 Вақте ба ӯ суол кардем, ки бо рӯзнома «Овози тоҷик» то куҷо ошноӣ дорад, посух ин буд: «Даҳ сол аст, ки сармуҳаррири рӯзномаи номбурдаам. Бо кӯмаки дӯсти шоирам Исфандиёри Назар дар рӯзномаи «Имрӯз-News» рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро, аз шумораи аввал, ки 25 августи соли 1924 чоп шудааст, то соли 1965 - 70, пурра аз ҳуруфи арабӣ ба криллӣ баргардонда (300 шумора), чоп кардем. Ин кор ҳам барои хонанда, ҳам барои журналистон судбахш буд. Нуқтаи баландтарини дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дӯстиву қаробати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ буд. Насли имрӯзу фардо бояд ин дӯстиро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд...»
Ҳамон рӯз мулоқоти намояндагони расонаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон идома пайдо кард. Меҳмононро раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Саъдулло Ҳаким хайрмақдам гуфт. Дар рафти мулоқот Саъдулло Ҳаким аз дӯстии азалию абадии халқҳои тоҷику ӯзбек, бо ибтикороти сарони ду кишвар боз ҳам наздик шуда истодани халқҳое, ки аз як дарё об нӯшидаву дар як сарзамин, чун ҳамсояҳои девордармиён, умр ба сар мебаранд, сухан ба миён овард. Изҳор дошт, ки солҳои охир эътибор ба соҳаи журналистика пурзӯр гардид. Баргузории озмунҳои байналхалқии «Олтин қалам» («Қалами заррин»), «Журналисти беҳтарини сол», ташкили фонди «Илҳом» нишонаи эътибору ғамхории давлат ба рушди расонаҳои ахбори оммавӣ аст. 
Роҳбари Маркази байналхалқии бозомӯзии журналистон Гулнора Бобоҷонова доир ба ҳамкорӣ ва табодули таҷриба бо РАО-и минтақа, аз ҷумла ҳамкасбони Тоҷикистон ва дурнамои ин ҳамкориҳо ҳарф зад.
Дар охир байни журналистони кишвари ҳамсоя ва намояндагони РАО-и ватанӣ табодули афкор ба амал омад. Метавон гуфт, ки ҳамкасбон, бо ба миён гузоштани тарзу усули корбарӣ, то ҷое таҷриба иваз намуданд. 
Меҳмонон аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро низ дидан хоҳанд кард.    

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: