Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 феврал дар Пекин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин вохӯрд.
Мулоқоти расмии сарони ду кишвар дар Хонаи маҷлиси умумичинии намояндагони халқӣ баргузор шуд.
Дар оғози музокирот Раис Си Сзинпин сарвари давлати моро самимона хайрамақдам гуфта, ба ӯ барои иштироки шахсаш дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ изҳори сипос намуд. Дар навбати худ, Президенти Ӯзбекистон барои даъват ва истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, роҳбарият ва мардуми дӯсти Чинро бо ифтитоҳи бошукӯҳи Бозиҳои олимпӣ, ки комёбиву дастовардҳои азими Чини муосирро намоиш дод, самимона табрик гуфт.
Дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ўзбекистон ва Чин, васеъ гардондани ҳамкории бисёрҷанба байни мамлакатҳоямон мубодилаи афкори муфассал сурат гирифт.
Сатҳи кунунии муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ, эҳтироми тарафайн ва манфиати ба ҳар ду тараф судманд асос ёфтааст, бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.
Мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ба фаъол шудани равобити дуҷониба мусоидат карданд.
Муомилоти мол дар соли 2021 ба нишондиҳандаи рекордӣ расид, ҳаҷми сармоягузории Чин ба иқтисодиёти Ӯзбекистон 9 миллиард долларро ташкил дод.
Бо иштироки ширкату бонкҳои пешрафтаи Чин дар соҳаҳои саноат, саноати кимиё, энергетика, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок лоиҳаҳои баландтехнологӣ амалӣ мешаванд.
Ба кушодани иқтидори ҳамкорӣ дар соҳаҳои “иқтисодиёти сабз”, интеллекти сунъӣ, рақамигардонӣ ва тиҷорати электронӣ эътибори алоҳида дода мешавад.
“Харитаи роҳ”-и нави ҳамкории дарозмуҳлат бо Фонди “Роҳи абрешим”, ки ба пешбурди лоиҳаҳои стратегии ҳамкориҳои амалӣ нигаронда шудаанд, ташаккул меёбанд. Барномаи ёрии молиявию техникӣ вусъат меёбад.
Зимни мулоқот аҳамияти татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи панҷсолаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ки дар ҷараёни ин сафар ба имзо расид, қайд карда шуд.
Ба андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ноил шудан ба гардиши мутаносиби мол, барқарор намудани мубодилаи самарабахши байниминтақавӣ ва рушди долонҳои самараноки нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар бораи татбиқи чорабиниҳои муштарак оид ба омӯхтан ва ҷорӣ кардани таҷрибаи Чин дар мубориза бо камбизоатӣ ва мубориза бо коррупсия тавофуқ ҳосил шуд.
Барои густариши барномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, тибби анъанавӣ, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва санъат имкониятҳои васеъ қайд карда шуданд.
Барои гузарондани ҷамъомадҳои навбатии муштараки Кумитаи байниҳукуматӣ ва зеркумитаҳои дахлдор бо мақсади пеш бурдани лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва башардӯстона тавофуқ ҳосил шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мусоидат ба истиқрори зудтари сулҳ ва барқароркунии иқтисодиёти Афғонистон баррасӣ шуданд.
Раис Си Сзинпин изҳор кард, ки раисии Ӯзбекистонро дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар соли ҷорӣ пуштибонӣ мекунад.
Дар хотима Президент Шавкат Мирзиёев раҳбар ва мардуми Чинро бо Соли нави аз рӯи тақвими қамарӣ фарорасида табрик гуфта, баргузории бомуваффақияти Бозиҳои зимистонаи олимпиро самимона таманно кард.
Мулоқоти сарони Ӯзбекистон ва Чин дар фазои кушод, гарм ва дӯстона гузашт.