Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 июл бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пезешкиён гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон Масъуд Пезешкиёнро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ дар вазифаи масъулиятноки давлатӣ муваффақиятҳои калон таманно намуд.
Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Эрон, тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки солҳои охир ҳаҷми муомилоти мол ва ҳамлу нақли бор, шумори лоиҳаҳо ва корхонаҳои муштарак, мавҷи парвозҳо меафзояд.
Ба масъалаҳои татбиқи созишҳои қаблан дар сатҳи олӣ ҳосилшуда таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Аҳамияти пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноати кимиё, кишоварзӣ, озуқаворӣ ва дигар соҳаҳо таъкид гардид.
Ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ баррасӣ шуданд.