Раҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ намуданд

4 июл мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба амал омад.

Дар он масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ўзбекистону Қазоқистон баррасӣ гардид.

Дар оғози суҳбат Президенти Қазоқистон аз тадбирҳои қатъии сарвари давлатамон ҷиҳати пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, таъмини субот ва рушди устувор дар Қароқалпоқистон ҳамаҷониба дастгирӣ намуд.

Ба татбиқи амалии созишномаҳо дар сатҳи олӣ, аз ҷумла пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва таҳвили мутақобилаи маҳсулот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.

Инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ дар заминаи омодагӣ ба мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: