Раҳбарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ карданд

20 сентябр мулоқоти телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба амал омад.

Сарони давлатҳо ба муносибати ҳодисаҳои фоҷиабори ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон табодули назар карданд. Президенти кишварамон ба оила ва наздикони ҳалокшудагон тасаллияти амиқ баён карда, аз ҳосил шудани созишномаҳои дуҷониба ҷиҳати паст кардани шиддати вазъият самимона истиқбол кард.

Раҳбарони Ӯзбекистону Қирғизистон натиҷаҳои пурсамари чорабиниҳо дар чаҳорчӯби барномаи нишасти Созмони ҳамкории Шанхайро баррасӣ карданд.

Аҳамияти татбиқи амалии созишномаҳо оид ба лоиҳаҳои афзалиятноки кооператсия, аз ҷумла пешбурди лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон" махсусан қайд карда шуд.

Раванди омодагӣ ба нишастҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби сохторҳои минтақавӣ низ баррасӣ шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: