Раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд

22 август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Масъалаҳои мубрами таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ дар партави чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

Ба омодагӣ ва баргузории мулоқотҳо дар чаҳорчӯби барномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Ба ғайр аз ин, Президентҳои Ўзбекистон ва Россия ҷанбаҳои амалии пешбурди лоиҳаву барномаҳои муштаракро, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.

Муҳимияти идомаи робитаҳо ва мубодилаи фаъол дар сатҳи ҳукуматҳо ва идораҳо қайд гардид.

Сарони ду кишвар ҳамчунин аз густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Русия ҷонибдорӣ карданд. Ба ин муносибат, ба баргузории Форуми байниминтақавӣ дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар кишвари мо аҳамияти калон дода мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: