Раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия масоили кунунии рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

15 август мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба амал омад.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Русия, амиқтар кардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ баррасӣ шуданд.

Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия рафти иҷрои тавофуқномаҳоро, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 26-28 майи соли равон ба даст омадаанд, баррасӣ карданд.

Ба масъалаҳои андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшуда оид ба афзоиши гардиши мол, рушди робитаҳои ҳамкорӣ байни корхонаҳои пешрафта ва минтақаҳои ду кишвар, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва барномаҳои башардӯстона таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Зимни суҳбат ҷадвали чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дарпешистода низ баррасӣ шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: