7 май мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба амал омад.
7 май мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба амал омад.
Дар оғози суҳбат сарони ду давлат ба муносибати 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм якдигарро самимона табрик намуда, таманноҳои нек изҳор карданд.
Таъкид карда шуд, ки корнамоии бузурги халқҳои кишварҳои мо, ки дар майдони ҷанг қаҳрамонона китф ба китф истода ҷангидаанд ва дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд, дар хотираи насли сипосгузор абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистон ва Русия баррасӣ шуданд.
Рушди босуръати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо дар шароити душвори пандемияи коронавирус бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.
Мулоқотҳои фаъол дар ҳама сатҳҳо идома доранд, бо иштироки ширкатҳо ва бонкҳои бонуфузи Русия дар соҳаҳои асосии иқтисодиёти Ӯзбекистон лоиҳаҳои калони кооператсия татбиқ мешаванд. Моҳи апрели соли равон дар Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии «Иннопром», ки бори аввал дар берун аз ҳудуди Русия дар миқёси васеъ ташкил карда шуд, бомуваффақият баргузор гардид.
Зарурати якҷоя андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба вусъат додани ҳаҷми савдои тарафайн махсус қайд карда шуд.
Мубодилаи байнипарлумонӣ васеъ шуда, барномаҳои муҳими таълимӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ татбиқ карда мешаванд.
Дар ҷараёни суҳбат Президентҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мубодилаи афкор карданд. Ба таъмини сулҳу устуворӣ дар минтақа эътибори ҷиддӣ дода шуд.
Ҷадвали баргузории чорабиниҳои оянда низ баррасӣ шуд. Дар бораи идома додани омодагии фаъолонаи рӯзномаи ҷаласаҳои ба нақша гирифташуда созиш ба даст оварда шуд.
Суҳбати телефонӣ дар фазои анъанавии гарм, дӯстона ва кордонӣ баргузор шуд.
ӮзА.