Раҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҷараёни иҷрои созишномаҳои бадастомадаро баррасӣ карданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 май бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Роҳбари Тоҷикистон Сарвари давлатамонро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфт.

Зимни суҳбат ба масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бо қаноатмандии хоса таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон, инчунин динамикаи рӯзафзуни ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ қайд карда шуд.

Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ, шумораи лоиҳаҳо ва корхонаҳои муштарак меафзояд. Сохтмони минтақаи тиҷоратию логистикии наздисарҳадӣ идома дорад. Мубодилаи фаъоли фарҳангиву гуманитарӣ идома дорад - моҳи март дар шаҳри Душанбе нахустин Анҷумани ректорони донишгоҳҳои пешрафтаи ду кишвар пурсамар баргузор гардид.

Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аҳамияти омодасозии ҳамаҷонибаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Анҷумани дуюми минтақаҳоро ба манзури суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкориҳои ҷоришаванда ва коркарди самтҳои нави ҳамкориҳои амалӣ қайд карданд.

Доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар заминаи омодагӣ ба Ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷадвали чорабиниҳои оянда низ баррасӣ шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: