Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 май бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 май бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Роҳбарон ба муносибати иди муқаддаси Рамазон табрикоти самимиашонро баҳам дида, ба халқҳои бародари кишварҳоямон сулҳ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу намуданд.
Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Рафти иҷрои созишномаю қарордодҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар сатхи олӣ қабул шудаанд, муфассал мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Сарони давлатҳо ҳамчунин фаъолсозии равобити байниминтақавӣ ва густариши табодули фарҳангиву башардӯстонаро ҷонибдорӣ намуданд.
Аҳамияти баргузории мулоқотҳои мунтазам ва таҳкими ҳамоҳангӣ дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар ба манзури суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки ҳамкориҳои гуногунҷанба таъкид гардид.
Илова бар ин, доир ба паҳлӯҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифта, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.
Суҳбати телефонии президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар фазои анъанавии эътимод ва дӯстона сурат гирифт.