Раҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мулоқоти телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 июл бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Раҳбарони ду кишвар рафти иҷрои тавофуқоти дар натиҷаи мулоқоти сатҳи олӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Тошканд ҳосилшударо баррасӣ карданд.

Дар оғози сӯҳбат Президенти Тоҷикистон аз талошҳои сарвари давлатамон ҷиҳати таъмини субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон изҳори дастгирӣ намуд.

Ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Муҳимияти пеш бурдани лоиҳаҳои муштарак ва ба ҳамдигар муфид дар соҳаҳои савдо, нақлиёт, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо қайд гардид.

Ба роҳ мондани нақлиёти мусофиркашонии роҳи оҳан дар байни Тошканд ва Душанбе, оғози кори амалии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқии обии Ёвон дар дарёи Зарафшон бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Инчунин оид ба Мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: