Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи барномаи сафари худ дар шаҳри Қазон дар ҳошияи саммити БРИКС бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған мулоқот кард.
Масъалаҳои мубрами амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Ўзбекистону Туркия баррасӣ шуданд.
Сарони ду давлат аҳамияти густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ қайд карданд.
Президентҳо зарурати давом додани алоқаҳои пуршиддат ва мубодилаи самарабахшро таъкид карданд.
Ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои геология ва истихроҷи захираҳои маъдан, электротехника, мошинсозӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Зарурати баргузории мунтазами чорабиниҳои муштараки фарҳангию башардӯстона қайд гардид.
Роҳбарон ҳамчунин доир ба ҷанбаҳои муҳими рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.