15 август Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Туркия ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷанба баррасӣ шуданд.
Динамикаи баланди робитаҳо ва табодули судманд мувофиқи созишномаҳои сатҳи олӣ бо қаноатмандӣ қайд гардиданд.
Дар кишварамон татбиқи фаъоли лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Туркия идома доранд. Нишондиҳандаҳои савдои мутақобила меафзояд, робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика мустаҳкам мешаванд. Барномаҳои муштараки башардӯстона амалӣ мешаванд.
Сарони ду кишвар ба ҷанбаҳои минтақавӣ дахл намуда, ба муносибати бомуваффақият баргузор намудани мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ, савдо ва нақлиёти Ӯзбекистон, Туркия ва Озарбойҷон дар Тошканд дар аввали моҳи август изҳори қаноатмандии амиқ намуданд. Аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар ин формат таъкид шуд.
Ҳамчунин доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони давлатҳои туркӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор сурат гирифт.
Сарвари давлатамон ташкили баланди Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломиро, ки имрӯзҳо дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад ва варзишгарони ӯзбек дар он пурсамар ҳунарнамоӣ карда истодаанд, махсусан қайд намуд.
Суҳбати телефонии президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия дар фазои анъанавии гарм ва дӯстона сурат гирифт.