Раҳбарони Ӯзбекистон ва Туркия рӯзномаи кунунии ҳамкориҳои бисёрҷанбаро баррасӣ карданд

24 июл мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Режеп Таййип Эрдоған баргузор гардид.

Роҳбари Туркия сарвари давлатамонро ба муносибати рӯзи таваллудаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат ва муваффақиятҳои бузург, инчунин ба Ӯзбекистони бародар пешрафт ва шукуфоӣ орзу намуд.

Президент Режеп Таййип Эрдоған бори дигар дастгирии пурраашро аз ҳаракатҳои қатъии Президент Шавкат Мирзиёев оид ба таъмини субот ва рушди устувор дар кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ тасдиқ кард.

Масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва сиёсати ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

Ба татбиқи амалии созишномаҳо дар сатҳи олӣ, аз ҷумла оид ба зиёд намудани ҳаҷми савдои мутақобила, суръат бахшидан ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши энергетика, кишоварзӣ, саноат, сохтмон, таҷдиди инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин фаъолсозии мубодилаи башардӯстона таваҷҷуҳи муҳим дода шуд.

Аз рӯи масъалаҳои инкишофи вазъияти минтақа мубодилаи афкор барпо гардид. Аҳамияти амалии ташаббуси оғози машваратҳои бисёрҷониба дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, савдо ва нақлиёти Ӯзбекистон, Туркия ва Озарбойҷон қайд карда шуд. Масъалаҳои баргузории ҳамоиши Созмони давлатҳои туркӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: