Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 январ бо Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Масъалаҳои мубрами таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон дар ҷанбаи татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ муфассал баррасӣ шуданд.
Татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки ин ба афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои тиҷорати мутақобила, тавсеаи миқёси ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии об, нақлиёт мусоидат мекунад. Мубодилаи минтақавӣ вусъат ёфта, барномаҳои муҳими башардӯстона якҷоя амалӣ карда мешаванд.
Сарони давлатҳо ба натиҷаҳои музокироти ахири байниҳукуматӣ баҳои баланд дода, аҳамияти куллии тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари бародарро таъкид карданд.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчунин доир ба рӯзномаи минтақавӣ ва ҷанбаҳои ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои бисёрҷониба табодули афкор намуданд. Ҷадвали вохӯриву чорабиниҳои дар пешистода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфтугӯи телефонӣ дар фазои анъанавӣ гарм, дӯстона ва созанда гузашт.