Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 август бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Масъалаҳои мустаҳкамсозии минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи дӯстиву некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон, васеъ намудани ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни мамлакатҳо баррасӣ шуданд.
Дар оғози сӯҳбат Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон саломи самимии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро ба роҳбари мамлакати мо расонд.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркманистон бо қаноатмандии амиқ густариши назарраси ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар ҳама самтҳои афзалиятнок қайд карданд.
Муколама ва мубодилаи фаъоли сиёсӣ идома меёбад, ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ мунтазам меафзояд, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ҳамкории корхонаҳои пешқадам беҳтар мегардад.
Чорабиниҳои муштараки фарҳангию башардӯстона мунтазам гузаронида мешаванд.
Зимни суҳбат ба пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.