РАҲМУ ШАФҚАТ АЗ САРИ МО КАМ МАКУН

Олами имкони буқалмун чу дарё мечамид,

Бар фарозе гаҳ равону гаҳ ба пастӣ мехамид.
Рӯдакӣ шуд кӯр аз мили бахилони разил,
Қалби нобинои равшандил зи сӯзаш метапид.
Дар ҷаҳони бебақо нахли ҳакиме гул накард,
Ибни Сино шуд фирорӣ, ҷаври дунонро кашид.
Ҷаҳли бадкорон бузургони ҷаҳон саргашта кард,
Қалби Фирдавсӣ ба пирӣ рӯйи шодиро надид.
Дар ғарибӣ ёди кишвар карда ғамгин шуд Камол,
Аз лаби килки баёнаш хуни ҳиҷрон мечакид.
Аз қазо Темурмалик бо макри душман шуд ғариб,
Вақти ғурбат бӯйи мушти хоки меҳан мешамид.
Ҳақ таоло, раҳму шафқат аз сари мо кам макун,
Бе садоқат дар дили ғам субҳи шодӣ кай дамид.

Малик КАБИРОВ.   


    РУБОИҲО

Аз шеър ба шеър номаи ишқ биёр,
Зебоғазалу чакомаи ишқ биёр.
Сармаст фитода дар биёбони хаёл,
Ай гумшуда, пайки хомаи ишқ биёр.
        ***
Аз ишқ сириштааст Ҳақ бунёдам,
Аз қайди ҳама нафсу ҳаво озодам.
Сад ранг пазирад аз ҳаводис, лекин
Аз ишқ бувад таровати эҷодам.
        ***
Берун зи ҳавои ишқ натвонам зист,
Бе дарду давои ишқ натвонам зист.
Дар ҳар нафас иртиботу корест маро,
Бе ёди Худои ишқ натвонам зист.
        ***
Осон гузар аз хаёлу дилро машикан,
Бар пайкари ормони ман ранг мазан.
Ширини ман, аз дарду ғамат чун Фарҳод,
Мемираму зинда монад афсонаи ман.

Илҳом ЭШОНЗОДАИ НАСАФӢ.

Санҷиши қалам             

    МУБАШШИР
    (Ба устод Фарзона)

Рӯ ба рӯ омадам ба Фарзона,
Қалби ман з-ифтихор шуд лабрез.
Нигаҳи поктар зи субҳи ӯ
Хонаи дил намуд атромез.

Ӯ мубашшир, ки интишор кунад,
Шаъшаъа, рӯшаниву ишқу умед.
Мансаби ифтихорие дорад –
Сардабири маҷаллаи Хуршед.

    МЕҶӮЯМ

Аз зимистон канор меҷӯям,
Дар хазонҳо баҳор меҷӯям.
Шеъру шоир чу гашт нодаркор,
Чор сӯ рафта кор меҷӯям.

Оҳ, гӯё зи сардхокистар,
Ларз-ларзон шарор меҷӯям.
То алам аз сигор бистонам,
Дуд дар дил сигор меҷӯям.

Насимбек ҚУРБОНЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: