РАҲОВАРД

Дар дасти устодон ягон-ягон намунаҳои матбуоти даврӣ аз ҷумла «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик»)-ро медидам.

Онҳо баъзан  ҳангоми дарсҳо ин  рӯзномаҳоро варақ зада, порчаҳоеро барои мо – шогирдон низ хонда медоданд.  
Нахустин навиштаи банда, ки «Имтиёз чаро бекор шуд?!» унвон дошт,  ҳанӯз овони мактабхонӣ дар ҳамин рӯзнома рӯйи чопро дида буд.
Он дар бораи бекор карда шудани имтиёз (бобати дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ) барои онҳое,ки дар озмуни ҷумҳуриявии фанҳои забону адабиёти тоҷик пирӯзӣ ба даст овардаанд, баҳс мекард.
Дертар боз як навиштаам ба чоп расид. 
Барои дарёфти медали тилло иншо навиштем. Иншои озод дар мавзуи «Дил ба умед аст». Омӯзгорони имтиҳонгир аз мактаби деҳаи ҳамсояи Порашти ноҳияи Фориш буданд.  Абдумурод Назаров  ва  Собир Эргашев иншои навиштаи маро хонда, баҳои баланд гузоштанд.  Баъд роҳи Душанбешаҳрро пеш гирифта, ба факултаи журналистика ва тарҷумонӣ дохил шудам. 
Боре бо ҳамсабақҳо барои таҷрибаомӯзӣ ба идораи «Овози тоҷик» омадем. Рафиқон то охир наистода,  рафта бошанд ҳам, дертар, ҳангоми  хатми донишгоҳ оид ба мавзӯи «Инъикоси адабиёт дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» (аз соли нашри шумораҳои нахустин)  кори дипломӣ навиштанд. Аввалин пажӯҳишҳои онҳо оид ба «Овози тоҷик» буд. Ман бошам, пайи ҳам ду соли таътили тобистонаро барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар инҷо гузарондам. Зимни бозгашт устодон – кормандони рӯзнома як даста шеър ва силсилаи мақолаҳоро доданд, то ба нашрияҳои Тоҷикистон расонам. Ҳамчунин дар лифофае ҳаққи қалами рӯзноманигори маъруф, шодравон Мақсуди Ҳусейнро, ки пайваста таҳти рукни «Муждаҳо аз Тоҷикистон» хабарҳо менавишт. Амонатро ба дасти соҳибаш супурам. 
Дар факулта рӯзномаи деворӣ бароварда ба он «Раҳовард» ном ниҳодем. Мақола ва  гузоришҳоеро, ки ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар рӯзномаҳо ба нашр расонида будем, дар он ҷой додем. Аз ҷумла, таронаву лавҳаҳои маро.
Дар сех ҳангоми саҳифабандии рӯзномаи «Садои мардум», ки баъди дарс рафта кор мекардам, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», шоири шаҳир, шодравон Гулназари Келдиро дида,  аз ӯ тақдири он навиштаҳои дӯстони тошкандиашонро пурсидам. Гуфтанд, ки онҳо аллакай чоп шуданд, фардо ба идораи ҳафтанома биё, медиҳам...
Ҳоло ҳам ҳар бори ба Душанбе рафтан, ин рӯзнома, яъне «Овози тоҷик»-ро мепурсанд.
Доктори улуми таърихи журналистика, профессор Иброҳим Усмонов дар як мусоҳиба ин даргоҳро муқаддас гуфта буд. Устодони дигар Мурод Муродӣ, Сангин Гулов, Нуриддин Бозорзода, Зафар Аскар, Қироншоҳ Шарифзода ҳар бори вохӯрӣ ва мулоқот «Овози тоҷик», аз муҳаррир то кормандони хурди онро мепурсанд, доир ба ҳар кадом суханҳои неку самимӣ мегӯянд.
Ҳатто имсол барои обунаи рӯзнома андак кӯмак расониданд.
Шодравон Пайванди Гулмуродзода баъди донишгоҳро хатм карда, ба зодгоҳ баргаштанам гуфта буданд:
«Рав, ту барои «Овози тоҷик» хидмати арзанда кун!»
Мегӯянд, ки замоне рӯзнома бо теъдоди зиёд чоп мешуд (ҳатто то ба 35 ҳазор нусха расида буд). Ҳамчунин мегӯянд, ки кормандонаш зуд-зуд ба сафар баромада, бо мардум мулоқот меоростанд. Ва боз мегӯянд, ки аҳли он нисбати рӯзҳои шодиву ғами ҳар як ходим беэътиноӣ зоҳир намекарданд. Мутаассифона, анъанаи ба ҳузури муштариёни рӯзнома шитофтану мулоқот оростани мо – ходимони эҷодкори рӯзнома солҳои ахир хеле коста шуда, дар натиҷа миёни мо ва муштариён фосилае ба миён омадааст. Ин фосилаву дуриро, ба андешаи ман, туфайли ба маҳфилу сури ҳамкорон ҳозир шудан низ метавон аз миён бурд. Ва бад-ин тариқ боз метавон анъанаи хуби пешинро барқарор кард.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: