Раёсат дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашт

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 ноябр дар ҳамоиши понздаҳуми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), ки дар Ашқобод баргузор гардид, иштирок кард.

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 ноябр дар ҳамоиши понздаҳуми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), ки дар  Ашқобод баргузор гардид, иштирок кард.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Президенти Турманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов баргузор шуд, Президентҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдуған, инчунин Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Асқар Мамин ва Дабири кулли СҲИ Хусрав Нозирӣ иштирок карданд.

Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи шарикии бисёрҷониба, ки ба таҳкими Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун як созмони динамикӣ, амиқсозии ҳамкориҳои кишварҳои узви он дар соҳаҳои тиҷорат, алоқаи нақлиётию коммуникатсионӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, энергетикаи “сабз” ва сайёҳӣ нигаронида шудаанд, аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи ҷаласа гардиданд.

Сарвари давлати мо зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш Туркманистонро бо раёсати бомуваффақият дар ин созмон табрик гуфта, аҳамияти қабули Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро дар моҳи сентябри соли ҷорӣ “Дар бораи ҳамкории СММ ва СҲИ” қайд кард.

-- Халқҳои бародари мо, ки таъриху мазҳаби муштарак, урфу одатҳои ба ҳам монанд муттаҳид месозад, аз замонҳои қадим бо робитаҳои савдо ва фарҳангӣ бо ҳам зич алоқаманд буданд. Аз замони таъсисёбӣ Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба як сохтори бузурги минтақавии дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ табдил ёфт, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тавре роҳбари кишвари мо қайд намуд, Ӯзбекистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷониба дар доираи созмон мебошад.

Сарвари давлатамон таваҷҷӯҳи худро ба вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ, мушкилоти иқтисодии дар шароити пандемияи идомаёфтаистода нигаронда, доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ як қатор пешниҳодҳои мушаххас дод.

-- Бояд аз имкониятхои назарраси мамлакатҳои мо, ки бозори бузурги аҳолиаш 500 миллион нафар дорад, пурра истифода бурд.  Дар асоси барномаи консептуалии «Дурнамоиҳои СҲИ - 2025»-и қабулшуда тавсеаи минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории байни кишварҳоямон ва аз ҳама муҳимаш, ба даст овардани натиҷаҳои назарраси амалӣ дар ин замина ба мақсад мувофиқ аст, -- таъкид намуд  Президенти Ӯзбекистон.

Қабули Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба зиёд намудани ҳаҷми сармоягузориҳои мутақобила ва пурзӯр намудани ҳифзи боэътимоди онҳо, амиқтар кардани ҳамкориҳои саноатии кишварҳои мо талаби замон аст.

Зарурати рушди лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти мо дар бозори ҷаҳонӣ қайд карда шуд.

Шавкат Мирзиёев ба сифати механизми воқеӣ пешниҳод намуд, ки Маркази савдо, сармоя ва инноватсияҳо дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ якҷоя бо Ташкилоти СММ оид ба рушди саноат (ЮНИДО) ва Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таъсис дода ва қароргоҳи ин Мрказ дар шаҳри Тошканд ҷойгир карда шавад.

Самти дигари муҳим ин истифодаи самараноки долонҳои мавҷуда ва бунёди долонҳои нави нақлиётӣ дар минтақа мебошад. Сарвари давлатамон муҳим будани созмон додани ҳалқаҳои байналмилалии нақлиётӣ, рушди инфрасохтори замонавии нақлиётӣ ва роҳ, мақбулсозии тарифҳои нақлиётӣ ва транзитӣ ва додани тахфифҳои иловагӣ, содда гардондани шароит барои боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ, ҷорӣ кардани рақамисозӣ ба соҳаи нақлиётро таъкид намуд.    

Барои амалӣ намудани ин нақшаҳо, таҳияи стратегияи минтақавӣ, ки ба рушди робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ ва тавсеаи иқтидори транзити давлатҳои мо нигаронида шудааст, бамаврид аст.

Бо дарназардошти навсозии рӯзномаи ҷаҳонии иқлим, дар ҳамоиш масъалаҳои гузариши минбаъда ба иқтисоди «сабз» баррасӣ шуданд. Роҳбарон зарурати ҳамкориҳои фаъоли муштаракро дар ин самт, аз ҷумла васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва каммасраф дар соҳаҳои саноат барои ноил шудан ба бетарафии карбонро таъкид намуданд.

Бо ин мақсад Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки Шӯрои доимоамалкунандаи сатҳи баланд, аз ҷумла бо иштироки олимону коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи муҳити зист таъсис дода шавад.

Президенти Ӯзбекистон муҳим будани барқарорсозии мубодилаи сайёҳиро таъкид намуда, бо ташаббуси қабули Барномаи минтақавии рушди сайёҳии бехавф дар давраи пас аз пандемия дар мулоқоти минбаъдаи вазирони сайёҳӣ дар шаҳри Бухоро соли 2022 баромад.  Дар Барнома ба рушди “туризми зиёратӣ” ва дигар маҳсулоти туристии муштарак, тавсеаи ҷуғрофиёи ҳамлу нақли ҳавоӣ, беҳбуди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хоса дода хоҳад шуд.

Сарвари давлатамон зимни суханронӣ ба вазъи Афғонистони ҳамсоя дахл кард.

-- Ин кишвар рӯз аз рӯз ба бӯҳрони вазнини башардӯстона наздик шуда истодааст, -- гуфт Шавкат Мирзиёев. -- Халқи афғон дар танҳоӣ, бе ёрии аҳли ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла ҳамсояҳои наздиктарин ба ин озмоишҳои душвор тоб оварда наметавонад.

Аз ин ру, мо бояд барои кор карда баромадани равишҳои умумӣ ва расондани ёрии зарурӣ ба халқи афғон саъю кӯшишамонро муттаҳид намоем.

Мо инчунин якҷоя бо Афғонистон тарафдори пайваста идома додани татбиқи лоиҳаҳои бузурги тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ ҳастем.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани нуфузи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, рушди механизмҳои институтсионалии он ва ҳамкорӣ бо сохторҳои пешрафтаи байналмилалӣ баррасӣ шуданд.  

Ба ин  муносабат Президенти Ўзбекистон бо ташаббуси таъсиси Гурӯҳи коршиносии сатҳи баланд барои тайёр кардани пешниҳодҳои дақиқ ва тавсияномаҳо оид ба минбаъд такмил додани СҲИ баромад.

Ташаббуси барқарор намудани анъанаи ҳар солро эълон намудани соли рушди ягон соҳа дар доираи  созмон пеш гузошта шуд. Президенти кишварамон пешниҳод кард, ки соли 2022 Соли таҳкими робитаи мутақобила дар СҲИ эълон карда шавад.

Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш  консенсуси Ашқобод барои амал  кабул карда шуд. Ҳуҷҷат афзалиятҳои асосии кишварҳои узвро оид ба рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ дар худ таҷассум намуд.

Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, инчунин дабири кулли ин созмон Ӯзбекистонро ба муносибати дар соли 2022 қабул намудани раисӣ дар СҲИ табрик карданд.

Президент Шавкат Мирзиёев барои таманноҳои самимӣ миннатдорӣ изҳор намуда,  иштирокдорони мулоқотро ба ҳамоиши навбатӣ, ки дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, таклиф кард.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: