РЕЙТИНГИ БОВАРӢ БА ПРЕЗИДЕНТ МЕАФЗОЯД

Маркази омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» пурсиши иҷтимоии «Шаҳрвандон дар бораи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баргузор кард. Мақсад аз он омӯхтани муносибати ӯзбекистониён ба ислоҳоти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳуқуқиву сиёсие буд, ки таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев татбиқ мегарданд, он ҳамчунин рейтинги эътимоди шаҳрвандон нисбат ба роҳбари давлат ва пуштбонӣ аз сиёсати хориҷӣ ва дохилии ӯро ошкор кард.

Дар пурсиш шаҳрвандони аз 18-сола боло, мардону занон, намояндагони миллатҳои гуногун, ки ба табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ дахл доранд ва дар соҳа ва ҷанбаҳои ҳаётии мамлакат кор мекунанд, иштирок намуданд.
Тавре ки пурсиш нишон дод, ӯзбекистониён ба фаъолияти Шавкат Мирзиёев дар вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳанд, 91,9 фоизи шаҳрвандон ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, бозсозии минбаъдаи тамоми соҳаҳо, фароҳам овардани шароит барои татбиқ сохтани манфиатҳои ҳар як шаҳрванд ва умуман ҷамъиятро дастгирӣ  мекунанд ва маъқул мешуморанд.
Мониторинги пурсиши афкори умум баҳои мусбати шаҳрвандонро ба фаъолияти Шавкат Мирзиёев дар вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ошкор сохт. Инро намояндагони тамоми табақа, синну сол ва кору машғулият таъкид кардаанд.
Ба саволи: «Сиёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев орзуву умедвориҳои шуморо ба кадом дараҷа сафед кард?» аксарияти мутлақи иштирокдорони пурсиш – 92,5 фоиз «ин сиёсат дурустии худро пурра намоиш дод», гуфта посух додаанд. Мониторинг дар қиёси соли 2017-ум  2,3 фоиз афзудани миқдори шаҳрвандонеро, ки ин нуқтаи назарро дастгирӣ мекунанд, ошкор намуд.
Натиҷаҳои пурсиш нишон медиҳанд, ки ҳамраъйӣ дар афкори умум нисбат ба шахсияти Президенти мамлакат меафзояд. Ин аз ҷумла ба натиҷаҳое вобаста мебошад, ки дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ ба даст меоянд.
Тадқиқот санади бебаҳси дастгирии умумихалқии ислоҳоти дохилӣ ва роҳи сиёсати хориҷиро, ки дар Ӯзбекистон таҳти сарварии Президенти кишвар татбиқ мешаванд, собит месозад. Аксарияти мутлақи иштирокдорони пурсиш – 90,3 фоиз зикр кардаанд, ки сиёсати дохилиро «куллан дастгирӣ мекунанд». Мониторинги пурсиш ба афзудани миқдори пурсидашудагоне, ки ин нуқтаи назарро дастгирӣ менамоянд, шаҳодат медиҳад. 92,2 фоизи иштирокдорон сиёсати хориҷӣ, чораҳоеро, ки ба пешбурди манфиатҳои мамлакат дар арсаи байналхалқӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷанба бо давлатҳои хориҷӣ, баланд бардоштани нуфузи Ӯзбекистон дар ҷаҳон нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ мекунанд.
Иштирокдорони пурсиш бар онанд, ки Ӯзбекистон солҳои охир мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳон мустаҳкам кард, дар таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, робитаҳои муфиди тарафайн бо шарикони хориҷӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, маданиву инсонпарварӣ, илмиву техникӣ фаъолона инкишоф меёбанд.
Шаҳрвандон дар ҷавобҳои худ натиҷаи баланди сафарҳои расмии Президенти мамлакат ва вохӯриҳояшро бо сарони давлатҳо зикр мекунанд, эътимод доранд, ки ин сафар ва вохӯриҳо ба комёбиҳои беш аз пеши Ӯзбекистон дар соҳаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷанба барои ҳифзи сулҳу эътидол, мустаҳкам гардидани мавқеи ӯ  дар арсаи байналхалқӣ мусоидат мекунанд ва дар ояндаи наздиктарин Ӯзбекистон ба сафи давлатҳои муқтадир, аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадам ва баобрӯйи ҷаҳон ворид мегардад.
Натиҷаҳои бадастомадаи пурсиш собит сохтанд, аксарияти мутлақи ӯзбекистониён бар онанд, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев орзуву омоли шаҳрвандонро сафед кард, сарварест, ки аксарияти мутлақи аҳолӣ дастгирӣ менамоянд. Мониторинги пурсиш ошкор сохт, ки рейтинги эътимод ба Президенти мамлакат аз 93,1 фоизи моҳи октябри соли 2017-ум дар моҳи майи соли 2018-ум то 94,1 фоиз афзудааст.    
Умуман, тавре ки пурсиш нишон дод, аҳолии кишвар ба дурустӣ ва саривақтӣ бидуни қарорҳои қабулшудаи давлатӣ, ки ба дастгирии суръати ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, мустаҳкам шудани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, риоя гардидани Сарқонун ва қонунҳо, таъмин шудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҷонибдории илм, фарҳанг ва таълим, таъмин гардидани нақши сазовори Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳон вобаста мебошанд, эътимод дорад. Ӯзбекистониён дарк менамоянд, ки тағйироти дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба амал омада, ба қонеъсозии манфиатҳои ҳаётиашон, беҳтар шудани дараҷа ва сифати зиндагии онҳо мусоидат хоҳанд кард.

О. ХАРЧЕНКО, 
бино бар матолиби маркази «Ижтимоий фикр», ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: