РЕЙТИНГИ ҶАМЪБАСТИИ ФИФА ЭЪЛОН ГАРДИД: ӮЗБЕКИСТОН ДАР ЗИНАИ ЧАНДУМ АСТ?

19 декабр Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) раддабанди(рейтинг)-и ниҳоии дастаи мунтахаби Ӯзбекистонро дар соли 2024 нашр кард.

Дар он дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо 1424,93 имтиёз дар зинаи 58-ум қарор гирифт ва мавқеи худро дар моҳи гузашта нигоҳ дошт. Дар байни намояндагони КФО дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи 7-ум ҷой гирифтааст. Дастаҳои мунтахаби Япония (15), Эрон (18), Ҷумҳурии Корея (23), Австралия (26), Қатар (48) ва Ироқ (56) дар зинаҳои аввал қарор доранд.

Даҳгонаи беҳтарини раддабандӣ тағйир наёфт. Мунтахаби Аргентина дар зинаи аввали раддабанди ФИФА қарор дорад. Мунтахабҳои Фаронса ва Италия мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро банд карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: