Байни мунтахабҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ футболбозони мамлакатамон дар зинаи якум қарор доранд.
Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) радабандӣ (рейтинг)-и нави мунтахаби кишварҳоро нашр кард. Мувофиқи маълумоти он, мунтахаби Ӯзбекистон бо 1424.93 балл дар мақоми 58-ум қарор дорад.
Байни мунтахабҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ футболбозони мамлакатамон дар зинаи якум қарор доранд. Тоҷикистон дар зинаи 104-ум, Қирғизистон - 107-ум, Қазоқистон - 110-ум ва Туркманистон - 143-юм ҷойгир шудаанд.
Радабандии ФИФА 201 дастаҳои мунтахабҳоро дар бар мегирад. Пешсафи радабандӣ мунтахаби Аргентина буда, дар зинаҳои дуюму сеюм мунтахабҳои Фаронса ва Испания қарор доранд.
Байни кишварҳои қораи Осиё Ҷопон пешсаф буда, зинаи 15-уми худро дар ҷаҳон нигоҳ дошт. Дар сегонаи аввал – Эрон (18-ум дар ҷаҳон) ва Кореяи Ҷанубӣ (23) ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал Австралия (26-ум дар ҷаҳон), Қатар (48), Ироқ (56), Ӯзбекистон (58), Арабистони Саудӣ (59), Амороти Муттаҳидаи Араб (63) ва Урдун (64) шомиланд.
Радабандии навбатии ФИФА 12 декабр ба нашр мерасад.
10-гона (Топ-10)-и аввали дастаҳо дар радабандии ФИФА:
1 (1). Аргентина – 1867.25;
2 (2). Фаронса – 1859.78;
3 (3). Испания – 1853.27;
4 (4). Англия – 1813.81;
5 (5). Бразилия – 1775.85;
6 (7). Португалия – 1756.12;
7 (8). Нидерланд – 1747.55;
8 (6). Белгия – 1740.62;
9 (9). Италия – 1731.51;
10 (11). Олмон – 1703.79.