Рекорди пешпардохти алимент боз нав шуд!

Дар пойтахт қарздор қариб 2 миллиард сӯм алимент супорид.

Бино ба хабари Хидмати ахбори Бюрои иҷрои ҳатмӣ, рекорди пеш аз муддат супоридани алимент боз нав шуд! Падаре аз Тошканд барои таъминоти 3 фарзандаш то синни ҳаждаҳсолагӣ 2 миллиард сӯм алимент пешпардохт кардааст.

Дар асоси қарори Девони Вазирон аз 06.10.2018, таҳти рақами 808, ҳуқуқи пешпардохти арзиши умумии алимент ба мӯҳлати на камтар аз 5 сол ё то 18-сола шудани фарзандон, барои баъзе қарздорон имконияти хуби барои хориҷа рафтанро фароҳам овардааст.

Дар асоси варақаи иҷрои суд аз 14 августи соли ҷорӣ аз Ш.А. ба фоидаи Ш.Г. ҳуҷҷати иҷро дар бораи ситонидани алимент барои таъминоти 3 фарзанди ноболиғаш то ба синни 18-солагӣ расидан, аз 5 сентябри соли равон ба шуъбаи бюро дар ноҳияи Учтеппа фиристода шуд ва худи ҳамон рӯз парвандаи иҷро оғоз гардид.

Қарздор гуфт, ки маблағи алиментро барои таъминоти фарзандонаш то ба балоғат расидани онҳо пешакӣ пардохт менамояд.

Баъд аз ҷониби тарафҳо созишнома баста шуда, аҳд аз ҷониби суд тасдиқ гардид, ки тибқи он қарздор Ш.А. 2 объекти ғайриистиқоматии худро, ки ба 1 миллиарду 825 миллиону 137 ҳазор сӯм баҳогузорӣ шудааст, аз ҳисоби алимент гузаронид ва ҳуҷҷати иҷро дар амал анҷом ёфт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: