ё дар бораи он ки чӣ хел «Овози тоҷик» моро ба ҳам васл кард!
Ман рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро хеле дӯст медорам. Зеро ин рӯзнома боис гардид, ки хонадони мо бо решаҳои куҳани худ пайванд гардад. Ҳамааш аз як мақола оғоз ёфт. Собиқ хабарнигори рӯзнома дар вилояти Сурхондарё Нуралӣ Раҷаб таҳти унвони «Маланд ва маландиён» («Овози тоҷик», №91, 13. 10. 2010) мақолае навишт ва банда низ акси садое иншо намуда, ба унвони нашрия ирсол доштам. Рӯзнома онро бо номи «Ман маландигиям» 26 феврали соли 2011 дар шумораи 17-уми худ нашр кард.
Пас аз интишори он оилаи Абдулҳаевҳо, ки дар маҳаллаи Маландиёни ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё зиндагонӣ доранд, ҷамъ омада, ҷузъиёти онро байни худ муҳокима мекунанд. Як тан аз мӯйсафедони деҳаи Маланд бо исми Раҳимқул Баҳромов пас аз мутолиаи мақола мегӯяд, ки духтари ҷадди бузурги мо Қӯзибой ба яке аз сокинони деҳаи кӯҳистони дурдасте, ки дар самти ғарбии рустои Маланд ҷой гирифтааст, ба шавҳар расида буд ва то кунун бедарак аст, таассуф, ки риштаҳои пайвандӣ бо ӯ гусастаанд. Азбаски он деҳкада дур будааст, оҳиста-оҳиста рафтуомад қатъ ёфта, бо мурури замон он муштипар аз ёди таборон фаромӯш гаштааст. Хабаре нест, ки он духтари аз решаҳояш дурафтода ҳоло чанд фарзанд дорад, зинда аст, ё не ва дар кадом шароит умр ба сар мебарад? Пирамард таъкид мекунад, дилам дақиқ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамон зани худро бо ифтихор ба лақаби Маландӣ ёдкарда ҷигари мост. Вай аз таборон хоҳиш менамояд, ки ӯро ба он макон баранд, ё аҳли он хонадонро ба Маланд даъват кунанд то бо далелу бурҳон решапайвандии ҳамдигарро собит созем. Ҳамин тариқ рафтуомад байни мо барқарор ва меҳру муҳаббат пойдор хоҳад шуд.
Аз нашри мақолаи «Ман маландигиям» тахмин ду ҳафта гузашта буд, ки аз омӯзгори собиқадори фанҳои забону адабиёти тоҷик, сокини маҳаллаи Маландиёни ноҳияи Узун Аскаралӣ Абдулҳаев номае дастрас намудам. Дар он аз ҷумла дарҷ ёфта буд:
«Мо мақолаи шуморо хонда хеле хурсанд шудем ва байни худ муҳокима кардем. Падари куҳансолам шуморо аз сулолаи худашон меҳисобанд. Он кас хоҳиш намуданд, ки бо мӯйсафедони маландии сокини Боғучорбоғ мусоҳиб гарданд. Агар мумкин бошад, мо ба хонаи шумо равем ва ин решапайвандиро дақиқ намоем».
Акои Аскаралӣ дар охири мактуб рақами телефони худро навишта буд. Азбаски мактуб аз номи шахси бегона омада буд, дар ибтидо маро ҳайрон кард ва чун бо мӯҳтавояш шинос шудам, хеле хурсанд гаштам. Ҳаяҷони фавқулодае вуҷуди маро фаро гирифт. Зуд ба акои Аскаралӣ занг задам. Суҳбат самимӣ ва хеле нишотангез буд. Баъд аз худоҳофизӣ дубора телефони ман садо дод.
– Бубахшед, ташвиш додам, падари мӯйсафедам бо шумо суҳбат карданианд. Акои Аскаралӣ буданд, ки ин паёмро ба ман расонданд.
Бад-ин тарз суҳбати телефонии мо бо Раҳимқул-бобо оғоз шуда, хеле тӯл ҳам кашид. Он кас таъкид карданд, ки ҳатман меҳмони хонадони мо мешаванд. Аммо аз суҳбат моҳу сол гузашту аз меҳмон дараке набуд. Ҳар бор баҳонаву сабабе пеш оварда, ин дидорро мавқуф мегузошт. Мо бошем, ташнаи дидор будем ва мунтазири барқарории риштаҳои гусаста рӯз мешуморидем. Боз чандин бор тавассуси телефон мулоқот кардем, аммо ҳамоно дидор муяссар намешуд.
Дар яке аз чунин суҳбатҳо бобои Раҳмонқул аз вазъи бади сиҳҳати худ шикоят кард ва гуфт, ки сахт нотоб аст. Оташе дар ҷони ман афтод. Аз дил гузаронидам: «Наход умеду орзуи мо ҷомаи амал напӯшанд».
Мақоли аҳли Боғучорбоғ «Аввал бада гӯй, баъд нека», ба ёдам расид. Таваккал ба Худо гуфтаму фардои он рӯз, 6-уми майи соли 2013 бо додарам Намоз роҳи Деҳнавро пеш гирифтем. Аз ин ноҳия гузашта ба шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиё расидем ва дар хонадони яке аз шиносҳои дерини худ Равшан Боев меҳмон шудем. Субҳи рӯзи дигар секаса сӯйи маҳаллаи Маландиёни ноҳияи Узун равона шудем. Қаблан ман ба акои Аскаралӣ занг задам. Он кас барои дидору мулоқот бо ҳамкурсон ба шаҳри Самарқанд рафта будаанд, аммо чун ба Маландиён расидем, моро хеле гарм истиқбол гирифтанд. Маълум гардид, ки акои Аскаралӣ хешовандонро огоҳ кардаанд.
– Меҳмонҳо марҳамат, ман Олимҷон, додари муаллим Аскар Абдулҳаев.
– Э, раҳмат шумоба, бародар, – гуфт Равшанакаи шарғунӣ. – Мана хонаатона ёфта омадем.
Деҳаи Маланд хеле зебо буд, саросар сабзу хуррам ва ҳавои сабуку фораме дошт. Мардуми деҳа ҳама чеҳраҳои хандон доштанд ва ширингап буданд. Ба ҳамдигар эҳтиром ва муҳаббати хосе доранд. Ман мафтуни одоби ҷавонони ин макон гаштам. «Ассалому алейкум» дебочаи гуфторашон буд.
Баъд аз ҳолпурсиҳо бо Олимҷон сӯйи хонаи Раҳимқулбобо равона шудем. Олимҷон ба мо вазнин будани саломатии боборо гӯшзад кард, аммо ман мехостам ҳатман боборо бубинам, зеро мақсад аз сафар ҳамин буд. Мо назди бобо даромадем. Олимҷон ба бобо оҳиста муроҷиат кард:
– Додоҷон, барои дидани шумо меҳмонҳо аз Деҳқонобод омаданд.
– Аз Деҳқонобод! Маландиҳо-мӣ? – гуфт бобо бо ҳаяҷон.
– Ҳа, додоҷон, ҳамон хешу таборҳо. Эшонқул мана ин кас, – гӯён маро нишон дод.
Бобое, ки вазнин хоб буду бо ёрии ду кас аз ҷой мехест, аз шунидани ин сухан бе кумак баланд шуд ва бо ман ҳамоғӯш гашт. Чунон хурсандӣ мекард, ки ин ҳолатро гуфтан ва тасвир кардан хеле душвор аст. Назди бобо хеле нишастем ва суҳбат кардем. Бобо моро ба меҳмонхона даъват намуд ва гуфт, ки пиронсолони деҳа меоянд ва ҳатман бо онҳо суҳбатро идома медиҳем. Суҳбати мо дар ҳалқаи бобои Ҷумъақул ва фарзандони бобои Раҳмонқул Ашӯралӣ, Муродалӣ ва Олимҷон хеле хотирмон буд. Мехостам маънои номи «Маланд»-ро фаҳмам. Маълум гардид, ки гузаштагони маландиён асл аз Боғи Баланди Самарқанд омада будаанд. Мардуми атроф аввал Боғи Баландиён мегуфтаанд, баъд вожаи «баланд» тағйир ёфта, дар гӯиши мардум «маланд» шудааст. Ҳатто як манзумаи халқӣ ҳам ҳаст, ки бо каме тасҳеҳ меорам:
Зардолу зард аст,
Маландӣ мард аст.
Манзили авлод,
Боғи Баланд аст.
Асли ин мардум,
Аз Самарқанд аст.
Решапайвандии якдигарро бе ягон душворӣ собит кардем. Он бибикалони мо духтари бобокалони маландиёни Узун бобои Қӯзибой будааст. Таърихчаи ба Боғучорбоғ арӯс шудани бибикалонамонро, ки ҳатто номаш дар ёдҳо намонда, танҳо момаи Маландӣ ёд мешавад, дар мақолаи худ, ки зикраш дар боло рафт, оварда будам. Танҳо ҳаминро зикр мекунам, ки дар Боғучорбоғ сулолаи мо ба исми бобокалонамон не, бештар бо кунияти бибикалонамон Маландӣ маъруф гаштааст.
Сипас, бо сарварии Ҷумъақулбобо ва фарзандони бобои Раҳимқул аҳду паймон кардем, ки ҳатман алоқаҳоро мустаҳкам мекунем. Суҳбати мо гарм буд. Баъд бо иҷозат ва дуои Ҷумъақулбобо қафо гаштем. Бо бобои Раҳимқул ҳам хайрухуш кардем ва дуои ин пири нурониро гирифтем. Раҳимқулбобо шодон аз ҷой хеста гуфт, ки аз ин беморӣ хезад, албатта ба Деҳқонобод меравад.
Фардои он рӯз, ки Рӯзи хотира буд, ман ҳатман бояд барои зиёрати қабри бобою бибӣ ва падару модарам ба Боғучорбоғ мерафтам. Барои ҳамин ҳам мо саҳарии барвақти 8-уми май ба роҳ баромадем.
Ба хешон расондам, ки як решаи сулолаи мо бо мардуми деҳаи маландиёни ноҳияи Узун тавъам аст. Аммо 11-уми май хабардор гаштам, ки Бобои Раҳимқул, ки бисёр мехост меҳмони мо шавад, аз олам гузаштааст. Сад дареғ, ки орзуи дидорро бо боқии маландиёни Деҳқонобод ба хок бурд. Аммо баъдтар хешовандони дигар меҳмони мо шуданд.
Аз ин воқеа зиёда аз даҳ сол гузашт, аммо мо хеле шодем, ки як мақолаи Нуралӣ Раҷаб – хабарнигори вилоятии рӯзномаи «Овози тоҷик» моро ба ҳам васл кард. Аз ин рӯ, таборони мо аз нашрия хеле миннатдоранд.
Эшонқул Ҳамрозоди МАЛАНДӢ,
ноҳияи Деҳқонободи
вилояти Қашқадарё.