Маълум, ки ҳуқуқи инсон дар асоси якчанд принсип муайян мегарданд.
Он принсипҳоро асосан баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани иттилоот, иштирокашон дар идоракунии мамлакат, ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ташкил менамояд. Бо ифодае, асосгузорони принсипҳои байналхалқӣ иштирокдорони ҷамъияти байналхалқӣ мебошанд ва эътироф гардидани принсипҳое, ки номбар шуданд, аз оғози асри XXI равшантар ба назар мерасанд. Ин принсипҳо нафақат ба вуҷуд омадани қоидаҳои аниқи хулқу атворро муайян мекунанд, балки халқ ва мамлакатҳоро гирди ҳамин гуна хусусиятҳо муттаҳид мегардонанд. Дар натиҷа қоидаи хулқу атвори умумӣ устуворӣ касб менамояд.
Ин аст ҳар як давлат саъй менамояд бо мақсади муайян намудани нуфузи худ дар миқёси умумиҷаҳонӣ қонунгузории худро дар асоси принсипҳои меъёри байналхалқӣ ташаккул бахшад. Дуруст, ҳар як давлати мустақил қоида ва тартиби қонунгузорӣ ва идоракунии давлаташро худаш муайян месозад. Аз ҷумла, қонунмандии интихоботашро, пеш аз ҳама, бо баҳисобгирии менталитет, арзишҳои миллӣ, анъанаҳо ва дигар хусусиятҳои ба халқи худ хос кор карда мебарояд, онро ташаккул медиҳад. Баробари ин, таҳти ҳамин қонунмандии интихоботӣ принсипҳои асосии стандартҳои интихоботии универсалӣ ва минтақавӣ ногузир ифодаи худро меёбанд.
Дар меъёрҳое, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ қабул гардидаанд, принсипҳои умумии интихоботӣ намоён мегарданд.
Тавре огоҳем, стандартҳои интихоботии умумӣ (универсалӣ) бори нахуст дар «Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон», ки аз ҷониби Сарассамблеяи СММ 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, инъикос ёфтааст. Дар моддаи 21-уми ин ҳуҷҷати муҳим сабт ёфтааст, ки ҳар як инсон бевосита ё худ ба воситаи намояндагоне, ки озод интихоб шудаанд, ба иштирок дар идоракунии мамлакати худ ҳақдор аст.
Арзи ҳастӣ намудани Созмони Милали Муттаҳид чун созмони байналхалқии ифодагари ҳуқуқи инсон дар ҳаёти аҳолии сайёраамон воқеаи муҳим гардид. Дар натиҷаи саъю ҳаракатҳои муттасили он як қатор меъёрҳои байналхалқие қабул шуданд, ки ба ҳуқуқҳои инсон, хусусан, ҳифзи ҳуқуқҳои сиёсии он нигаронида шудаанд.
Масалан, мувофиқи моддаи 25-уми Пакти байналхалқӣ доири ҳуқуқи шаҳрвандию сиёсӣ, ки 19 декабри соли 1966 аз ҷониби СММ қабул гардидааст, ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад аз имконияти иштирок дар идоракунии давлатӣ ҳам бевосита, ҳам ба воситаи вакилоне, ки озодона интихоб шудаанд, истифода барад.
Дигар, дар асоси ҳуқуқи умумӣ ва ба ҳама баробари интихоботӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ хоҳиш ва иродаи шахсиашро озодона ифода созад, интихоб кунад ва интихоб шавад. Ғайр аз ин, вай метавонад дар асоси шартҳои умумии мамлакати худ дар кори ворид шудан ба хидмати давлатӣ аз имкониятҳои умумӣ истифода кунад.
СММ ба муҳофизати ҳуқуқи занону духтарон низ эътибори калон менигаронад. Дар моддаи 1-уми Конвенсия оиди ҳуқуқи сиёсии бонувон аз 20 декабри соли 1952 муайян шудааст, ки ба занон дар шароити баробар бо мардҳо дар ҳама гуна интихобот бе ҳеҷ гуна паст задан ҳуқуқи овоз додан дода шудааст. Ҷуз ин дар моддаи дуюми ҳамин ҳуҷҷат ба ташкилотҳое, ки интихоб шуданро талаб менамоянд, ҳуқуқи дар шароити бо мардон баробар интихоб шудани занон зикр карда шудааст.
Дар моддаи 4-уми Қарордод «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ нисбати бонувон», ки 7 ноябри соли 1967 қабул шудааст, қайд гардида, ки дар мамлакате, ки узви СММ мебошад, таъмини ҳуқуқи бонувон ба овоздиҳӣ дар интихоботу раъпурсиҳои гуногун бидуни поймолкунии ҳуқуқ дар шароити бо мардҳо якхела ҳатмӣ мебошад. Баробари ҳамин, роҳ нагузоштан ба таҳқири ирқӣ дар маркази эътибори СММ қарор гирифтааст. Ин масъала дар «Конвенсияи байналхалқӣ оиди қатъ сохтани тамоми шаклҳои поймолкунии ирқӣ, ки 7 марти соли 1966 СММ қабул сохтааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар моддаи 5-уми ин ҳуҷҷат муайян шудааст, ҳар як инсон сарфи назар аз нажод, аз ҳуқуқи сиёсӣ, аз ҷумла ҳуқуқи овоз додан ё худ номзади худро нишон додан дар интихоботе, ки барои ҳама умумист, истифода барад.
17 декабри соли 1991 Сарассамблеяи СММ Резолютсияи 46-умро «Дар бораи дар давоми баргузории интихобот эҳтиром сохтани тамоюлҳои суверенитети миллӣ ва дахл накардан ба корҳои дохилии давлатҳоро қабул намуд. Дар он қайд ёфта, ки муайян кардани меъёрҳои конститутсионӣ, ҳуқуқӣ ва интихоби усулҳои муфид дар гузаронидани интихобот бо такя ба қонунгузории миллӣ танҳо ба зиммаи халқ мебошад. Ҷамъияти байналхалқӣ танҳо баҳри баланд бардоштани самаранокии тамоюлҳо дар интихобот саъй менамояд. Яъне мақсади асосии фаъолияти он ба таъмини озодона, дар асоси принсипҳои умумӣ гузаронидани интихобот дар ин ё он давлат мебошад.
Яке аз меъёрҳои байналхалқие, ки аз ҷониби СММ 27 октябри соли 2005 қабул гашт, Декларатсияи принсипҳои назорати байналхалқии интихоботӣ мебошад.
Интихоботе, ки воқеан демократӣ мегузарад, ифодаи ҳуқуқи суверении аҳолии ҳамон мамлакат мебошад, қайд карда шудааст дар ин ҳуҷҷат. Интихоботе, ки ҳақиқатан демократист, бо мақсади офаридани имконияти бо роҳи осуда ҳал намудани мубориза барои ҳокимияти сиёсӣ дар мамлакат хидмат менамояд. Барои ҳамин ҳам интихобот дар барқарорсозии сулҳ ва ҳифзи осудагӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.
Тавре бармеояд, иштироки шаҳрвандон доир ба тарзи демократӣ ташкил намудани мақомоти давлатӣ асосан дар интихобот намоён мегардад. Тавре ба назар мерасад, мафҳумҳои демократия ва интихобот якдигарро пурра менамоянд.
Ҳақиқатан ҳам нуфузи ҳар як мамлакат дар миқёси ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат ба кушодию демократии сохтори интихоботӣ вобаста мебошад.
Мақсади асосии халқҳое, ки дар Ӯзбекистон умр ба сар мабаранд, барпои давлати ҳуқуқӣ ва ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ мебошад. Дар он хоҳишу иродаи халқ ба сифати аввалин манбаъ эътироф шуда, эҳтиром намудани арзишҳои умумиинсонӣ, бартарияти қои-даҳое, ки ҳуқуқ ва қонунмандии байналхалқӣ эътироф сохтааст, чун омили асосӣ хидмат менамояд. Сохтори ташкил намудани ҳуқуқи интихоботӣ ва баргузории интихобот яке аз қисмҳои таркибии ба амал баровардани ҳокимияти халқ ба шумор меравад. Ҳуқуқи интихоботӣ ба навъи сохтори сиёсӣ нигоҳ карда, ҳар гуна вазифаҳои иҷтимоию сиёсиро ба иҷро мерасонад. Дар доираи сохтори сиёсии демократӣ ҳуқуқи интихоботӣ қабл аз ҳама суверенитети халқро таҷассум менамояд.
Асосҳои конститутсионии сохтори интихоботи миллӣ дар мамлакатамон гузошта шудаанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он боби алоҳидае ҷудо карда шудааст. Дар моддаи 18-уми ин ҳуҷҷат ҳуқуқ ва озодии якхелаи тамоми шаҳрвандон, дар моддаи 32-ум бевосита ё худ тавассути вакилони худ иштирок карда тавонистани ҳар як шаҳрванд дар идоракунии корҳои ҷамъиятию давлатӣ, дар моддаи 117-ум ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба интихоб кардан ва интихоб шудан ба мақомоти ваколатноки ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам карда шудааст.
Дар моддаи 43-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қатори ҳуқуқи дигари шаҳрвандон таъмини ҳуқуқи интихоботӣ ба зиммаи давлат вогузор гардидааст.
Инак, 22 декабри соли ҷорӣ дар мамлакатамон воқеаи муҳими сиёсӣ марбут ба интихобот ба вуқӯъ меояд. Ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯроҳои намояндагони халқи вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ номзадҳо пешниҳод ва номнавис мегарданд. Аз 150 ҳавзаи интихоботӣ як нафарӣ депутат ба Палати қонунгузорӣ интихоб мегарданд. Вазифаи асосии шаҳрвандонамон дар муташаккилона гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ, дар навбати аввал, ба таъмини шаффофии он саҳм гузоштан, номзадҳои беҳтаринро ба депутатӣ интихоб кардан мебошад. Умед аст дар интихобот принсипҳои умумии интихоботӣ риоя мегардад ва маъракаи пешистодаи сиёсӣ ба боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Ӯзбекистон дар доираи байналхалқӣ хидмат менамояд.
М. ШОДИЕВ.