РИОЯ БА ҚОИДА – КОРИ ҲАМА

Қоида ва ӯҳдадориҳо мавҷуд, ки ҳар яки мо ба онҳо бояд риоя ва аз рӯи нишондодҳо амал намоем.

Қоида ва ӯҳдадориҳо мавҷуд, ки ҳар яки мо ба онҳо бояд риоя ва аз рӯи нишондодҳо амал намоем. Аз ҷумла, ба қоидаҳои ҳаракати роҳ, 24 декабри соли 2015 қарори Девони Вазирон дар ин самт қабул ва вақтҳои охир ба он иловаҳо ворид гаштанд. Агар мо, сарфи назар аз он ки пиёда ҳастем ё ронанда, он қоидаҳоро надонем ё худсарона амал кунем, ба оқибатҳои ногувор дучор омаданамон мумкин. Барои ҳал гардидани тақдири шахс ё бо рӯйдоди садама дар дараҷаҳои гуногун осеб дидани мулк (воситаҳои нақлиётӣ) лаҳза ё худ сонияҳои башумор кифоят аст.
Тартиби қоидаҳои роҳ хеле зиёд. Вале ҳар як инсон бояд ақаллан аз қоидаҳои умумӣ воқиф бошад. Масалан, ронанда бояд донад, ки чӣ ӯҳдадориҳо дар зимма дорад. Баробари ҳамин пиёда ва мусофир низ. Дар вақти рӯй додани ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ронанда бояд чӣ кор кунад?
Тавре ба ҳамаамон маълум, дар ин гуна ҳолатҳо масъул ва ҷавобгар дар навбати аввал ронанда мебошад.
Мутаассифона, барои баъзе ронандагон гӯё чандон фарқ надорад, ки дар шоҳроҳ фармонро идора мекунанд ё дар чорраҳа. Дар нишебӣ ё дар ҳолати тирбанд будани мошинҳо. Одам мекашонанд ё бор ва ҳоказо. Ба нишонаҳои роҳ ва чароғакҳои раҳнамо амал намекунанд. Гӯё барои пойга (пешу пешгузарак) ба роҳ даромада бошанд, ҳаракат мекунанд пеш тозанд. Мисле ба марра зудтар расанд, онҳоро мукофот нигарон. Ин қадар саросема. Ин қадар шитоб... Яке аз сабабҳои асосии ҳодисаҳои ногувор – ҳамин осема мошинронӣ ва баланд бардоштани суръат. Ба ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон мекунанд, ҷазо ва ҷаримаҳо муқаррар. Ҳатто барои набастани камари бехавфӣ аснои мусофиркашонӣ ба ронанда ҷарима (мувофиқи моддаи 125-уми ҚҲР) муайян карда шудааст.
Дар роҳҳо ҳатто мошинҳое ҳаракат мекунанд, баъзе қисмҳояшон носоз. Ё азназаргузаронии техникии маҷбурӣ сарфи назар гардидааст. Мошин нишонаи рақами давлатӣ надорад ё он сохта аст. Ва ё нишони рақами давлатӣ ба мошини дигар дахлдор мебошад. Қоидаҳои мусофир ё боркашонӣ, баробари ҳамин, башатакгирӣ (кашолакунӣ) риоя намешавад...
Дар роҳҳои душворгузар, баландию нишебиҳо, аз ҷумла, дар ағбаи Қамчиқ (вилояти Намангон) бештар мошинҳои боркаш ба садама дучор меоянд. Яке аз сабабҳои асосии ин ҳолат – аз меъёр зиёд гаронии борҳо.
Дар роҳҳое, ки барои пиёдаҳо ҷудо шуда ё майдонҳое, ки нишони манъ будани ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ гузошта шудааст, бамайли хотир мошинронии зумраеро ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар қисмҳои моддаи 128-уми ҚҲР барои одамкашонӣ, пеш гузаштан аз мошини дигар, ҳаракат дар истгоҳҳои воситаҳои нақлиётии ҷамоатӣ, риоя насохтан ба қоидаҳои истифода аз асбобҳои рӯшанидиҳандаи берунӣ, ба роҳгузарон паррондани лойқа ҷарима муайян шудааст, вале чунин ба назар мерасад ин гуна гапу корҳо (қоида ва амал) танҳо дар рӯи коғаз.
Як вақтҳо ронанда аз монитор (дисплей) барномаҳои видеоию телевизиониро тамошокунон мошин пеш меронд. Ин ҳолат имрӯз қариб барҳам хӯрдааст. Аз телефонҳои дастӣ истифодабарӣ-чӣ?
Дар такси нишастаед ва дилатон сахт хавотир, ки ягон ҳодиса рӯй надиҳад. Ронанда, дар даст «сотка», ба мизоҷҳо, ки паси ҳам занг мезананд, мулоқот мекунад. Дар баробари ин ба ҳамкасбони худ, оиди дар фалон манзил мавҷуд будани мизоҷҳо, маълумот медиҳад:
«Рақами телефонашро навис!» Ба телефони дастиаш нигариста, рақамҳоро такрор мекунад вай. Баръало мебинед, ки нигоҳи таксирон ба роҳ не, ба телефон! Ҳушу хаёлаш дар ким-куҷо! Мисли одами масте, ки ин сӯ - он сӯ «лаппида» қадам мезанад, ноҳамвор пеш метозад мошин...
Баъзан мебинем, ки нисфҳои шаб, вақтҳое ҳам, ки кӯчаҳо холӣ шудаанд, ронандаҳои бовиҷдон (тарсу не, бовиҷдон!) ба қоидаҳои роҳ қатъиян амал карда, ба чароғак ё ишораҳои манъкунанда, ки ҳаракатро ба тартиб меандозанд, риоя менамоянд. Вале аксарият дар рӯзи равшан, ҳатто дар нуқтаҳои сераҳолӣ, назди маҷмӯъҳои савдою бозорҳо, хати манъкунандаро зер карда мегузаранд, чароғаки сабз ба роҳгузарон ишораи ҳаракат кардааст, вале зумрае «ҷасурона» рост ба болои онҳо мошин меронанд. Фикр мекунед ба моддаи 128(4) риоя насохтани ронандагони худсар масъулони қоидаҳои амнияти ҳаракатро чандон ба ташвиш намегузорад.
Ин гуна ҳаракатҳои бетартибона аз ҷониби ронандагон ҳар рӯз, ҳар соат дар пеши назари мардум рӯй медиҳанд. Чораҳо, ки наҳамеша андешида мешаванд, ронандагон ба ҚҲР ё сарам-дилам риоя мекунанд ё умуман амал намекунанд. Баробари ин пулмастҳо зиёд шудаанд. «Зӯр ояд ҷаримаи ночиз медиҳам ва халос мешавам», мегӯянд онҳо ва газро пахш мекунанд. Мисле мусобиқаи мошинронҳо рафта истодааст дар кӯча. Пойга!
Ронанда аз таъсири нӯшокии алкоголӣ ё дигар моддаи масткунанда то андозае худро гум кардааст. Вале дар паси фармон аст. Барои ин ӯ бояд  беш аз ду сол аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиётӣ маҳрум ва ҷаримаи калон супорад (моддаи 131-ум).  Агар, воқеан ин модда амал мекард, фикр мекунем, дар ҳолати мастӣ мошин идоракуниҳо ба дараҷаи ҳискунанда кам мешуд ва ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо камтар ба мушоҳида мерасид.
Ба воқеаҳои ногувор гоҳо сабабшавии пиёдаҳо низ сир нест: сигналҳои огоҳкунандаро гӯё намешунаванд, аз ҷои пиёдагузар бо ишораи чароғак не, дар ҷои хостаашон роҳро бурида мегузаранд, гузашта истода аз телефонҳои дастӣ истифода мекунанд ё хаёлашон ба воситаҳои видео ё аудио банд...
Риоя насохтан ба ҚҲР ба торафт бештар ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва талафоти ҷонию мулкӣ сабаб мегардад.
Мувофиқи маълумотҳо, дар давоми 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 7681 маротиба садама рӯй дода, 6886 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бинобар ҳолатҳои вазнин 1964 нафар ҳалок шудааст. 1268 нафар хурдсолон ҷабр кашидаанд. Қоидаҳои ҳаракати роҳро асосан ҷавонони то 27-сола вайрон ва ба ҳодисаҳо сабаб шудаанд. Садамаҳо аз ҳама зиёд дар вилояти Тошканд (1023) ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба фикри мо, яке аз роҳҳои муҳими пешгирии фалокатҳо – ҷонноксозии корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ.
Баъде фалокат рӯй дод, якбора ҳушёр мешавем, ҷамъомадҳо мегузаронем. Вуқӯъи ҳодисаро мунтазир шуда нанишаста, бояд чораҳо андешид. Ҳамеша ва ҳамеша...
Аз воситаҳои дар ин самт таъсиррасон низ бояд оқилона истифода кард. Чанд сол пештар дар ағбаи Қамчиқ ҳаракат карда истода, дар ду паҳлӯи роҳ бо як вазъи табоҳ хобидани мошинҳои аз садама харобшударо медидем. «Нигаред, ҳушёр шавед!» мегуфтанд техникаҳои пачақшуда гӯё бо забони ҳол.
Ба наздикӣ идораи амнияти роҳи тобеи саридораи корҳои дохилии вилояти Самарқанд чорабинии «Корвони тарғибот»-ро доир намуд. Воситаҳои нақлиёти аз садама харобшуда ба эвакуаторҳо бор ва «корвон» аз кӯчаҳои маркази маъмурии вилоят, инчунин ноҳияҳои Пастдарғом, Самарқанд, Тайлоқ, Ҷондор ва Булунғур гузаронида шуд. Масъулон бо баландгӯякҳо мардумро ба огоҳию ҳушёрӣ даъват намуданд. Инчунин, ходимони патрули роҳ дар ҷойҳои сераҳолӣ маърӯзаҳо хонданд, ки ба пешгирии ҳодисаҳои ногувор нигаронида шуда буданд. Дар истгоҳҳои нақлиётҳои ҷамоатӣ варақаю буклетҳо паҳн карда шуданд. Ин тавр чорабинӣ дар Қароқалпоқистон низ ба вуқӯъ пайваст.
Танҳо дар давоми моҳи ноябр дар ин ҷумҳурӣ 47 маротиба ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ рӯй дода ва 12 нафар ҳалок шудааст. Дар дараҷаҳои гуногун ҷароҳат бардоштани ҳамдиёронамон низ сахт ташвишангез. Сабабгори ин ҳолатҳо, мутаассифона, ҳама шахсони шуурнок. Беэҳтиётӣ! 
Дар давоми даҳ моҳи соли равон садамаҳое, ки бо иштироки ноболиғон рӯй додаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,3 фоиз афзудаанд. Бинобар ҳамин, ногувориҳо бо мақсади баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ дар ҳаракати роҳ чорабиниҳои «Диққат, пиёда!» ташкил карда шуданд. Дар онҳо қайд гаштанд, тӯли даҳ моҳи соли равон ҳодисаи пиёдаро зада рафтани мошинҳо 38,8 фоиз зиёд гаштааст. Дар ҷумҳурӣ бошад, ҳодисаи пиёдаро зада рафтани автомобилҳо дар ин давра 63 фоиз афзуда, аз 90 то 147 адад расидааст. Дар натиҷа 34 нафар шаҳрванд ҳалок шудааст, 119 нафар ҷароҳат бардоштааст. Таҳти ин рақамҳо муҷассамии тақдири инсон ва ояндаи он, ки як бор ба ҳаёт меояд, ба ҳамаамон маълум.
Барои пешгирии ногувориҳо хуб мешуд ҷазову ҷарима ва дигар чораҳо нисбати вайронкунандагони ҚҲР ҷонноктар гардонда шавад. 

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: