РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ЗАБОНИ АДАБӢ – НИШОНИ МАДАНИЯТНОКӢ

Ҳар як забони дунё шакли адабии худро дорад.

Ҳар як забони дунё шакли адабии худро дорад. Аз ҷумла, забони тоҷикӣ низ ҳамчун забони адабӣ ҳанӯз дар асрҳои IX-X ташаккул ёфта буд. Он вақтҳо забони адабии тоҷик забони давлатии яке аз давлатҳои муқтадири дунё – Сомониён ба шумор мерафт. Ҳудуди давлати Сомониён, ки пойтахташ Бухоро буд, тамоми Мовароуннаҳру Хуросонро дарбар мегирифт. Аз ин ҷост, ки ҳамаи халқҳои маскуни ин ҳудуд забони тоҷикиро чун забони давлатӣ эътироф мекарданд ва бо ин забон корҳои давлативу коргузорӣ бурда мешуд. Доираи истеъмоли забони тоҷикӣ он вақтҳо хеле васеъ буд. Забони адабиёти бадеиву илмии асрҳои миёна низ дар Мовароуннаҳру Хуросон тоҷикӣ буд. 
Бо ин забони ноб осори гаронбаҳо ва оламшумули илмиву адабии нобиғагони миллати мо, аз қабили Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Саноиву Носири Хусрав, Аттору Мавлавӣ, Низомиву Саъдӣ, Ҳофизу Камол, Ҷомиву Навоӣ, Бедилу Сайидо, Айниву Лоҳутӣ, Турсунзодаву Лоиқ баринҳо эҷод шуда, хазинаи адабиёти ҷаҳонро ғанӣ сохтаанд. 
Бесабаб нест, ки забони модарии мо дар асрҳои IX-X бо номи дарӣ (дарборӣ) маъруфият дошт. Яъне забони тоҷикӣ забони дарбор ва давлати  Сомониён буд.
Дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон, баъди аз байн рафтани давлати Сомониён низ то ибтидои асри XX, забони тоҷикӣ (форсӣ) забони илму адаб ва давлатдорӣ буд, қисмати зиёди фармону қарорҳои давлатӣ бо ин забон доир мегардид, таърих, нуҷум, риёзиёт, ҳандаса, ҷуғрофия ва ғайра бо ин забон навишта мешуд.
Баъди он ки аз тарафи Чингизхон сарзамини Осиёи Миёна ва Хуросон забт шуд, домани корбурди забони тоҷикӣ густурдатар гардид. 
Баъди ба сари қудрат омадани темуриён забон, адабиёт, илм ва фарҳанги тоҷикӣ боз ҳам ривоҷу равнақ ёфт. Махсусан, ситорашиносӣ, риёзиёт, таърихнигорӣ, ҳандаса хеле рушд кард.
Дар давраи шӯравӣ, ки забони русӣ забони ҳоким дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд, доираи истеъмоли забонҳои ғайрирусӣ, аз ҷумла, тоҷикӣ низ маҳдуд шуда буд. 
Ҳанӯз пеш аз инқирози давлати Шӯравӣ забони тоҷикии мо дар Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 ба мақоми давлатӣ соҳиб шуда буд.
Бо шарофати истиқлолияти Ӯзбекистон забон, урфу одат, анъана ва арзишҳои миллии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ аз нав эҳё шуданд. Аз ҷумла, барои покиза нигоҳ доштан ва рушди забони адабии тоҷик низ шароити мусоид фароҳам омад.
Дар моддаи 4-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон омадааст: “Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ аст. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳурмат намудани забон, урфу одат ва анъанаҳои тамоми миллат ва халқиятҳои дар ҳудуди худ истиқоматкунандаро таъмин менамояд ва баҳри рушди онҳо шароит фароҳам меоварад”.
Аз ин иқтибос чунин бармеояд, ки Ӯзбекистони соҳибистиқлоли мо давлати ҳақиқии ҳуқуқбунёд, демократӣ ва инсонпарвар аст. Дар қатори дигар забонҳои миллӣ ба рушди забони тоҷикӣ низ ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Вале садҳо афсӯс, ки имрӯзҳо бархе аз тоҷикони Сӯх, аз чӣ сабаб бошад, забони модариашонро олуда месозанд ва ё аз ҳарф задан бо забони ноби тоҷикӣ, ор мекунанд. Масалан, борҳо дар ҷамъомадҳо ва ё ҳангоми баромад кардан аз тариқи телевизиони “Сӯх” ё интервю додан баъзе мансабдорон ва ё ҷавононеро вомехӯрем, ки ба забони модарӣ сухан накарда, бо вуҷуди хуб надонистани забони давлатӣ аз он истифода мекунанд. Хубтар мешуд, ки дар доираи қонунҳои мавҷуда ин қабилҳо ба забони модариашон баромад мекарданд. 
Ин тоифаи одамонро “кушандагони забони модарӣ” номидан дуруст аст. Он касе, ки забони модарии хешро дӯст намедораду хуб намедонад ва ҳурмат намекунад, забонҳои дигарро низ беҳтар омӯхта наметавонад. Вале донандаи хуби забони модарӣ забонҳои дигарро низ осон аз худ менамояд. Барои мисол, ходими телевизиони “Сӯх” Ҷаҳонгири Мирзоро мегирем. Ӯ, азбаски ҷавони хирадпешаву дӯстдори забони модарии худ мебошад, бо забони модариаш – тоҷикӣ хеле зебо сухан мекунад, забони давлатиро низ хуб медонад ва дар мавридаш барои телевизиони вилоятиву ҷумҳуриявӣ бо забони давлатӣ барномаҳои ҷолиб таҳия карда мефиристад, ки шоистаи таҳсин аст.
Шахсан камина тарафдори омӯхтан ва донистани забонҳои зиёд, аз ҷумла, забони давлатӣ ҳастам, чунки барои ҳар як шаҳрванд забони давлатиро надонистан айб аст, вале ин маънои онро надорад, ки забони модариро  ба кунҷи фаромӯшӣ афканем.
Банда аз омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик гила дорам, зеро ки бо вуҷуди дар Сӯх вуҷуд доштани устодони хуби соҳа шогирдони мо рӯз аз рӯз дар ҷодаи эҷоди бадеӣ бо забони модариашон сустӣ ва ё бепарвоӣ зоҳир мекунанд.
Сабаби ин ҳолат дар чист? Пеш аз ҳама, сабаби онро аз беэътиноии омӯзгорон нисбати забони модарӣ донистан мумкин аст. Агар баъзе омӯзгорон салоҳияти пасти интеллектуалӣ дошта бошанд, баъзеи дигарашон бо вуҷуди дониши хуб доштан, муқаддас будани дарс ва покиза нигоҳ доштани забонро эҳсос намекунанд, аз ин рӯ, аз таҳти дил дарс намегузаранд. 
Адиби нуктасанҷ Абдулло Қаҳҳор оиди тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ чунин гуфта буд: “Барои чӣ ба вайронкунандагони қоидаи ҳаракати роҳ чора дида мешаваду ба вайронкунандагони қавоиди забони адабӣ чора дида намешавад? Агар аз вайронкунандагони меъёрҳои забони адабӣ низ ҷарима меситонданд, эътибор ба  меъёрҳои забони адабӣ ҷиддитар мешуд”. 
Туфайли донистани забони адабӣ ва риоя ба меъёрҳои он маданияти нутқ ривоҷ меёбад. Дар натиҷаи ин нотиқ фикрашро ба таври возеҳ фаҳмонида дода метавонад. Аммо онҳое, ки маданияти нутқашон паст аст, бо вуҷуди огоҳӣ аз мавзӯъ фикрашонро равшан ифода карда наметавонанд. 
Пас, шарти асосии донишдиҳӣ ба хонандагон донистани забони адабӣ ва риоя ба маданияти нутқ аст. 

Р. АҲМАДЗОД, 
директори мактаби 
рақами 3-юми ноҳияи Сӯх, омӯзгори тоифаи олӣ, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: