Ҳоло Ӯзбекистон дар истеҳсоли абрешим пас аз Чин ва Ҳиндустон ҷойи савумро соҳиб шудааст, ки натиҷаи ривоҷу равнақи саноат мебошад.
Танҳо дар вилояти Самарқанд беш аз 10 муассисаи коркарди пиллапарварӣ вуҷуд дошта, иқтидори онҳо соле қариб 480 тонна аст.
Бо сиёсати дурандешонаи сарвари давлатамон қариб тамоми ашёи хом ба тарзи матоъи абрешим ё қолин ба хориҷа экспорт мегарданд.
Боиси хушнудист, ки имсол кирмакпарварони вилояти Самарқанд 3 ҳазору 878 тонна пилла истеҳсол кардаанд, ки нисбати соли гузашта 500 тонна зиёд аст. Агар вилоят соли гузашта ба миқдори 18,6 миллион доллар ашёи хом фурӯхта бошад, имсол ин нишондод ба 2,4 миллион доллар афзуд.
Яке аз корхонаҳои бузурги коркарди абрешим «Кумуш тола «-и хусусии ноҳияи Каттақӯрғон (роҳбари он зани ташаббускору ғайратманд Марям Ниёзова) риштаи ҳамкорӣ бо давлатҳои араб, Озарбойҷон, Куриёи Ҷанубӣ, Покистон, Эрон ва ғайра дорад.
– Озуқаворӣ барои пиллапарварӣ муҳим аст, – иброз дошт Марям Ниёзова, – ана барои ҳамин дар 4 гектар замин бо тутпарварӣ машғул ҳастем. Аз ҳама муҳимаш, қариб 100 нафар аҳолии ноҳия бо кори фоиданок машғул ҳастанд.
Дар Ҳиндустон ва Хитой аз ҳар қуттӣ кирмак 85-90 кило пилла мегиранд, дар мо ҳамагӣ 40-50 килограмм, ин таассуфовар аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.