РИШТАИ ҲАМКОРӢ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Дар асоси шартномаи ҳамкорӣ ба Донишгоҳи меъморию сохтмонии Самарқанд як гурӯҳ роҳбарони мактабҳои олии Испания ташриф оварданд.

Ректори донишгоҳ Гулдем Туркимаз ҳозиронро хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат Шавкат Мирзиёев риштаҳои ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ сол то сол мустаҳкам мегардад.
Ҳоло дар донишгоҳ қариб 10 ҳазор нафар толибилмон асрори касбҳои  меъморӣ,бинокорӣ, лоиҳакашӣ ва ғайраро меомӯзанд. Ба онҳо қариб 600 нафар профессорону устодони соҳибтаҷриба дар асоси андозаи байналхалқӣ  сабақ медиҳанд.
– Самарқанд чун кишвари мо таърихи ҳазорсола дорад, – гуфт мудири шуъбаи фарҳанг ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷии Вазорати таълими Испания доктор Аврелло Лианезо Виланово. – Умедворам, ки баъди вохӯрии имрӯза ва бастани шартномаи тарафайн табодули шогирдон ва омӯзгорон бештару хубтар хоҳанд шуд.
Вохӯрии вакилони мактабҳои олии Испания дар Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ва Донишгоҳи байналхалқии «Роҳи бузурги абрешим» низ баргузор гардид.
Меҳмонон бо ёдгориҳои таърихии Самарқанд аз наздик ошно шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,  
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: