Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии мутақобила барои рушди рӯзафзуни шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон ҳамчун заминаи мустаҳкам хидмат мекунад

  • Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии мутақобила барои рушди рӯзафзуни шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон ҳамчун заминаи мустаҳкам хидмат мекунад
  • Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии мутақобила барои рушди рӯзафзуни шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон ҳамчун заминаи мустаҳкам хидмат мекунад
  • Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии мутақобила барои рушди рӯзафзуни шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон ҳамчун заминаи мустаҳкам хидмат мекунад
  • Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии мутақобила барои рушди рӯзафзуни шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон ҳамчун заминаи мустаҳкам хидмат мекунад
  • Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии мутақобила барои рушди рӯзафзуни шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон ҳамчун заминаи мустаҳкам хидмат мекунад
  • Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии мутақобила барои рушди рӯзафзуни шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон ҳамчун заминаи мустаҳкам хидмат мекунад

Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар доираи васеъ бо иштироки ҳайати ду кишвар музокирот намуданд.

Сарвари Ӯзбекистон пешрафтҳои назаррасро дар тамоми соҳаҳои ҳамкории бисёрнақша ва ба ҳамдигар фоидабахши Ӯзбекистону Қазоқистон қайд намуд.

– Таърихи мо ва сарнавишти халқҳо бо ҳам зич алоқаманданд, мо кайҳо боз хешу таборем, масъалаҳои мубрамро якҷоя ҳал карда истодаем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президенти кишварамон бо қаноатмандии бузург таъкид намуд, ки дар айни ҳол дар тамоми Ӯзбекистон бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти фарзанди бузурги халқи қазоқ, шоир ва мутафаккир Абай Кунанбоев чорабинихо гузаронда мешаванд. Чунин чорабиниҳо робитаҳои дӯстиро мустаҳкам намуда, шавқу рағбати тарафайнро ба гузаштаи пуршараф ва ҳаёти имрӯзаи якдигар равшан нишон медиҳанд.

– Имрӯз мо ду ҳуҷҷати таърихиро имзо карда истодаем. Шартномаи иттифоқиро, ки ба манфиатҳои аввалиндараҷаи ҳар ду халқи бародар ҷавоб дода, марҳалаи нави таърихи муносибатҳои Ӯзбекистону Қазоқистонро нишон медиҳад, махсусан қайд мекунам.

Шартномаи иттифоқӣ сатҳи баландтарин ва эътимодбахши шарикии байнидавлатӣ мебошад. Ҳамин тариқ, мо тасдиқ кардем, ки нияти бунёди ояндаи умумӣ дорем.

Созишнома дар бораи муайян кардани сарҳади давлатӣ аз мустаҳкам шудани алоқаҳои мо шаҳодат медиҳад ва ба кори сулҳу амонии минтақа хизмат мекунад. Сарҳади мо ҳамеша сарҳади дӯстӣ ва неки ҳамсоягӣ буд ва боқӣ мемонад, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

Президенти Қазоқистон сатҳи баландтарини кунунии равобити дуҷонибаро бо қаноатмандӣ қайд кард.

– Қазоқистон ва Ўзбекистон ба умумияти таърихӣ, риштаҳои бародаронаи халқҳо такя карда, муносибатҳои мустаҳкам ва мутаносиб барқарор намуданд, – гуфт Қосим-Жомарт Тоқаев.

Вай таъкид кард, ки созишномаҳои имрӯз имзошуда уфуқҳои нав мекушоянд ва майлу хоҳиши тарафайни ҳар ду мамлакатро барои боз ҳам наздикшавӣ пурра инъикос мекунанд.

Роҳбари Қазоқистон ба Шавкат Мирзиёев барои сиёсати созанда ва саҳми бузургаш дар таҳкими муносибатҳои Қазоқистону Ӯзбекистон изҳори сипос кард. Вай инчунин аз ислоҳоти конститутсионӣ, ки бо ташаббуси ӯ амалӣ карда мешавад, ҷонибдорӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки он барои рушди Ӯзбекистон заминаи мустаҳкам мегузорад.

Зимни музокирот таъкид шуд, ки меҳвари ҳамкориҳои дуҷониба иқтисод мебошад ва зарур аст, ки барои истифода аз зарфиятҳои бузурги ду кишвар саъю кӯшиши бештар гузошт.

Ҳамин тариқ, тайи панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти моли мутақобила беш аз ду баробар афзуда, то охири соли ҷорӣ ба 5 миллиард доллар наздик мешавад. Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми муомилоти мол дар солҳои наздик тавассути зиёд намудани интиқоли мутақобилаи маҳсулоти серхаридор дар бораи таъсиси Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазир ва таъсиси ширкати муштараки савдои хориҷӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ диққати махсус дода мешавад. Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки имрӯз лоиҳаҳои бузург дар бахшҳои энергетика, мошинсозӣ, кимиё, барқ, сохтмон, логистика ва ғайра ба роҳ монда мешаванд.

– Боварӣ дорам, ки лоиҳае, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии ҳамкории саноатӣ таҳия шуда истодааст, минбари муҳим барои тавлиди лоиҳаҳои нав мегардад, – гуфт сарвари давлатамон.

Зарурати бештар истифода бурдани иқтидори бузурги ҳамкории байниминтақавӣ қайд карда шуд. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи форуми як рӯз қабл як бастаи устувори созишномаҳои нави сармоягузорӣ ва шартномаҳои тиҷоратӣ ба маблағи зиёда аз 8 миллиард доллар ба имзо расид.

Энергетика соҳаи дигари муҳим аст. Сарони давлатҳо дар бораи пешбурди лоиҳаҳои модернизатсия ва сохтмони иншооти энергетикӣ, иктишофи геологӣ ва коркарди амиқи гази табиӣ ба мувофиқа расиданд.

Яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳо истифода ва афзун намудани иқтидори транзитӣ мебошад.

– Имрӯз мо ба афзоиши мӯътадили ҳаҷми боркашонӣ ноил гардидем, мувофиқат кардем, ки барои ҳамлу нақли дуҷониба ва транзитӣ шароити мусоид фароҳам оварем.

Бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми борҳои кашонда, мо ба созиш расидем, ки лоиҳаҳоро, ки ба густариши инфрасохтори нақлиёт нигаронда шудааст, суръат бахшем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

Президентҳо муҳим будани таҳкими минбаъда ва густариши равобити байнипарлумонӣ ва мубодилаҳои фарҳангиву инсонпарвариро таъкид намуданд.

– Барои назорати иҷрои ҳама созишномаҳо дар сатҳи олӣ бояд аз имконоти Шӯрои байнипарлумонӣ истифода кард, – гуфт роҳбари Ӯзбекистон.

Президенти кишварамон барои дар маркази  Остона гузошта шудани ҳайкали шоири бузурги ӯзбек, арбоби давлатӣ Алишери Навоӣ иҳори миннатдорӣ кард.

– Ин исботи равшани эҳтироми бузург ба таъриху фарҳанги умумии мо, рамзи мустаҳкамии риштаҳои дӯстии байни ду халқи бародар мебошад, – қайд намуд  Шавкат Мирзиёев.

Ҳамзамон, сарвари давлатамон пешниҳод намуд, ки ҷиҳати омӯхтан ва таблиғ намудани мероси муштараки фарҳангӣ-таърихӣ тадқиқоти муштарак ташкил намуда, бо ин мақсад захираи муштараки иттилоотӣ, аз ҷумла телевизион, радио ва вебсайтро ба роҳ монем, китобҳои нависандагону шоирони бузурги мо нашр карда шаванд.

Дар поёни музокирот ба ҳукуматҳои ду кишвар дастур дода шуд, ки иҷрои тамоми тавофуқоти ҳосилшударо таҳти назорати қатъӣ гирифта, "харитаи роҳ"-ро мувофиқа кунанд.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: