РИШТАҲОИ ДӮСТӢ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Ӯзбекон ва тоҷикон як халқеанд, ки бо ду забон гап мезананд.

На фақат чеҳраи онҳо, ҳатто расму оин, тӯю маърака, анъана, маросимҳояшон низ аз якдигар фарқ намекунад. Аз қадимулайём ӯзбекону тоҷикон бо ҳамдигар хешу табор шуда, аз як дарё об нӯшида, аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Ҳатто маданият ва санъати ин ду  халқро аз якдигар фарқ карда намешавад. Бо мурури вақт дӯстии ин халқҳо мустаҳкамтар мегардад. Дӯстиву рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки ба равнақи адабиёти ду халқ ҳиссагузор будаанд, ба рамзи қаробату дӯстии ду халқ табдил ёфтааст. 
Моҳи марти соли ҷорӣ бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон як воқеаи таърихӣ буд, ки барои боз ҳам устувортар гардидани риштаҳои дӯстии ин ду халқ хидмат мекунад.
Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сотим Улуғзода, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Мутеулло Наҷмиддинов, нависанда Ҳабиб Имодӣ дар деҳаи Варзики ноҳияамон таваллуд ёфта, дар Тоҷикистон бо асарҳои ҷолибашон барои равнақи адабиёти тоҷик саҳми калон гузоштаанд.
Сурудҳои дилфиреб ва шавқовари ҳунарпешаҳои мардумии СССР Ҳанифа Мавлонова, Ҷӯрабек Муродов, Артисти мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро на фақат дар ноҳия, ҳатто дар саросари кишварамон ҳама дӯст медоштанду пазмони сурудҳояшон буданду ҳастанд.
Аввалин Шоири мардумии Ӯзбекистон Муҳаммадшариф Сӯфизода, шоири зуллисонайн Ҷонибек Қувноқ бо шеър ва тарҷумаҳояшон дӯстии ин ду халқро боз ҳам пойдор гардонидаанд. Аз ашъори Саъдӣ, Ҳофиз, Хусрави Деҳлавӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Ишқӣ ва Мирзо Ғолиб тарҷумаҳои шоири ғазалсаро Чустӣ низ дар таҳкими робитаҳои адабии халқҳои ӯзбек ва тоҷик роли муҳим дошт.
Имрӯзҳо ин ду халқи дӯсту бародар бо сиёсати оқилона ва одилонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳо саҳифаи навро боз карданд, ки ба дӯстии азалӣ ва абадии ин халқҳо хидмат хоҳад кард.
Банда низ аз фарзанди ду халқи бузург буданам (падарам – тоҷик, модарам – ӯзбек) ифтихор дорам.

Қайюмxон ҲАКИМОВ,
ноҳияи Чусти 
вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: