Риштон – мизбони Форуми байналмилалии кулолгарӣ

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Риштон Анҷумани байналмилалии кулолон ва намоишу фурӯши маҳсулоти кулолгарӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ба ҳайси як бахши муҳими иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳамзамон ҳифзи анъана ва мактабҳои кулолгарӣ, густариши пажӯҳишҳо дар ин соҳа, табодули таҷриба, таъсиси ҷойҳои нави кор ва ҳавасманд намудани ҷавонон нисбат ба ин ҳунар мебошад. 
Интизор меравад, ки  дар заминаи ин фестивал конфронси илмӣ-амалии «Ҳифз ва рушди ҳунари кулолгарии суннатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» баргузор мегардад. Инчунин, роҳандозии озмуни ҳунарҳои кулолгарӣ, ба роҳ мондани дарсҳои маҳорати устодони хориҷӣ ва маҳаллӣ, тамошои барномаҳои консертӣ, ташкили намоишгоҳҳо, намоиши филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, ки ба ҳунари кулолгарӣ бахшида шудаанд ва баргузории чорабиниҳои дигар мадди назар мебошад. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: