РИШТОН ВА ИСМОИЛӢ – БАРОДАРШАҲР

Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти узви Сенати Олий Маҷлис, ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев ва як гурӯҳ намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон баррасӣ гардид.

Дар мулоқоти мазкур Сафири Фавқулодда ва Мухтори Озарбойҷон дар Ӯзбекистон Ҳусейн Гулиев, ноиби якуми раиси маъмурияти шаҳри Исмоилии Озарбойҷон Равшан Оғоев, директори Маркази фарҳанги назди сафорати Озарбойҷон  дар Тошканд Самир Аббосов ширкат карданд.
– Шаҳри Риштон яке аз шаҳрҳои қадимии вилояти Фарғона ба ҳисоб меравад. Ин шаҳри куҳан шоирону олимон ва фозилону арбобони зиёди давлатӣ ва ҷамъиятиро зодаву парвардааст. Ҳамчунин Риштон бо кулолони машҳури худ дар саросари дунё маъруф шудааст. Эътимоди қавӣ дорам, ки ин ду бародаршаҳр дар самтҳои гуногун ҳамкориҳои манфиатбахшеро ба роҳ меандозанд, – изҳор кард  Шӯҳрат Ғаниев.
Ҳусейн Гулиев дар навбати худ гуфт, ки дӯстиву рафоқати миёни мардуми Озарбойҷон ва Ӯзбекистон таърихи дуру дарозеро касб намудааст. Ба гуфтаи ӯ ин дӯстӣ беш аз пеш мустаҳкам мегардад ва  ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни он дар ҷабҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиву фарҳангӣ ривоҷу равнақ меёбанд. 
Дар мавриди эълон шудани бародаршаҳрҳои Риштон ва Исмоилӣ қатънома ба имзо расид.

 М. АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: