РИШТОН ВА РИШТОНИҲО

Риштон зебо мешавад

Риштон зебо мешавад
Риштон аз ҷумлаи шаҳристонҳои водии Фарғона аст, ки дар Роҳи бузурги абрешим воқеъ гаштааст.Дар яке аз катибаҳои суғдӣ омадааст, ки “Раш”(“Руш”, “Риш”) маънои хоки сурхро медиҳад. Дар луғатҳои тоҷикӣ рашт ҳамчун хок, хокрӯба низ тафсир шудааст. Аз қадим то кунун Риштон яке аз марказҳои кулолгарӣ арзёбӣ мешавад.
 Мардуми Риштон барои ободу зебо намудани ин гӯшаи биҳиштӣ ҳамеша талош ба харҷ медиҳанд. Дигаргуниҳои куллие, ки дар ноҳияи Риштон ба вуқӯъ мепайванданд, аз он шаҳодат медиҳад, ки он дар соҳаҳои гуногун ривоҷу равнақ меёбад, дар он навгониҳои тару тоза рух медиҳанд. 
– Президенти мамлакатамон барои дар солҳои 2019-2021 ба таври комплекс ривоҷу равнақ ёфтани ин ноҳия ва ба яке аз ҳудуди намунавӣ табдил додани он таклифу пешниҳодҳои муҳим додаанд, то ки ин зодгоҳи кулолон рӯҳи тоза пайдо кунад, – мегӯяд ҳокими ноҳия Субҳонҷон Солиев. – Иншооти гуногун ва хонаҳои истиқоматие, ки дар ду самти роҳи автомобилгарди ҳалқавии Фарғона аз объектҳои замонавӣ маҳсуб ёфтааст, бар асоси талабу меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд шудаанд. Ин объектҳо бо оби ошомиданӣ, барқ ва амсоли он таъмин мебошанд.
 -Дар маркази ноҳияи Риштон сохтмони 18 бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо суръат идома дорад. Дар он аъзои 432 хонавода зиндагӣ хоҳанд кард.  Дар ҷамоати шаҳрвандони “Фаровонлик”, кӯчаи Тӯқимачӣ сохтмони “Шаҳраки кулолон” ба наздикӣ анҷом хоҳад ёфт. Дар як соли охир 1 гипермаркет, 5 супермаркет, 6 ҳаммом,  15 чойхона, 1 истгоҳ, 9 китобхона, 5 майдони хурди варзишӣ, 7 сехи дӯзандагӣ, 1 маркази ташхиси тиббӣ сохта шуда, 2 стадион бозсозӣ мешавад, – мегӯяд ҳокими ноҳия Субҳонҷон Солиев.
Нохуни шутурмурғ  

Дар корхонаи муштараки “Страус-фарм”-и  Ӯзбекистон – Британия, ки бо ташаббуси соҳибкори риштонӣ Мамасобир Ҳоҷиаҳмедов ташкил шудааст, шутурмурғҳои африқоӣ парвариш карда мешаванд. Аввал дар ин корхона ба парвариши 100 сар шутурмурғ шурӯъ карданд ва ҳоло ин рақам ба 185 сар расидааст. Дар шароити маҳаллӣ баровардани чӯҷаҳои шутурмурғ ба роҳ монда шудааст ва то ин замон ҳазор сари онро ба хоҳишмандон фурӯхтаанд.
Тавре ки мудири тиҷории ин корхонаи муштарак Ҳасанбой Аҳмадҷонов мегӯяд, шутурмурғ аз ҳар ҷиҳат кони фоидаву даромад аст. Ҳатто нохуни шутурмурғ барои шакл додани алмос ба сифати ашёи хом истифода мешавад. 
– Дар айни ҳол 45 гектар майдонро барои тайёр кардани ғизои шутурмурғҳо ҷудо намудаем. Дар сехи алоҳида ғизои махсус тайёр карда мешавад. Ҳамчунин барои аз нав коркарди гӯшт, пӯст, пар ва мижаҳои шутурмурғ шароит мусоидат менамояд, – изҳор кард Ҳасанбой Аҳмадҷонов.
Маълум шуд, ки аз пӯсти шутурмурғ сумкаҳои занонаву мардона, ғилофҳо, пойафзори занона, миёнбанд ва аз равғани он собуни хушбӯй истеҳсол мекунанд. Нуктаи муҳими дигар афзоиши салоҳияти агротуристии ин корхона мебошад. Дар корхонаи мазкур мусобиқаи шутурмурғҳо ба роҳ монда хоҳад шуд. Барои ташкили чунин мусобиқа роҳравҳои махсус омода мекунанд.

Пистаи хандон – кони даромад

Дар деҳаи Зоҳидони ноҳия бо ташаббуси соҳибкори босаховат Қодиралӣ Қосимов мактаби хусусии ба номи Абӯалӣ Сино сохта шуд. Аммо ин ҷо дар бораи саъй ва ҳаракатҳои ин соҳибкори пуркор дар ҷодаи парвариши писта сухан меронем. Вай дар 34 гектар майдон ба парвариши ниҳолҳои писта шурӯъ намуд. Ҳамзамон дар масоҳати 1200 метри мураббаъ кирми сурхи Калифорния павариш намуда, аз он биогомус тайёр мекунад. Онро Қодиралӣ Қосимов ба сифати ғизо барои майдонҳои кӯчатҳои писта истифода мебарад. 
– Ниҳоли писта дар муддати чаҳор сол ҳосил медиҳад. Дар як гектар 400 кӯчати писта парвариш мекунем. Баъди ба ҳосил даромадани он солона 12 тонна пистаи хушсифат ба даст меорем. Як кило писта ба ҳисоби миёна 100 ҳазор сӯм меистад. Дар он сурат даромади солонаи мо 1 миллиарду 200 миллион сӯмро ташкил хоҳад кард. Мо пистазорро ба 250 гектар расониданием. Ҳоло 100 дона кӯчат парвариш мекунем, – мегӯяд Қодиралӣ Қосимов.
Қандаки Риштон – доруи қалб 

Шаҳристони Риштонро  кулолонаш ба дунё машҳур кардаанд, дар ин ҷо боз зардолуҳои навъи қандак хеле фаровон мерӯяд. “Қандаки сафед”, «Қандаки сурх», “Мулло-қандӣ” аз навъҳои зардолуи қандак мебошанд.
Мудири шуъбаи кишоварзии ҳокимияти ноҳия Муродҷон Маҳмудов мегӯяд, ки барои парвариши зардолуҳои серҳосили қандак тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар кардаанд.
– Масоҳати зардолузори ноҳияамон дар чаҳор соли охир ба 1000 гектар зиёд шуд. Солона аз ин зардолузор ба ҳисоби миёна 17 ҳазору 287 тонна  ҳосил ба даст меорем. Соли равон боз 120 гектар боғи зардолуи интенсивнок ташкил намудем. Хоҷагии фермерии “Малик Ғулом” бештар аз 3 ҳазор дона кӯчатҳои зардолуҳои навъи “Субҳонӣ”, “Исфарак”, “Муллоқандӣ”, “Қандаки сурх” ва “Қандаки сафед” парвариш менамояд, – гуфт Муродҷон Маҳмудов.
Вай афзуд, ки барои нигоҳ доштани зардолуҳои навъҳои гуногун бо гунҷоиши 3 ҳазору 300 тонна яхдон сохтанд. Ҳоло ба хушккунӣ, аз нав коркард ва содири зардолуҳо лоиҳаҳои гуногун таҳти иҷро қарор дода шудааст.

Китобхонаи “Домуллоҷон-ҷон”-и риштонӣ

Ҳусанҷон Эргашев аз зумраи он зиёиёни маъруфи риштонӣ  аст, ки мулаққаб бо “Домуллоҷон-ҷон” мебошад. Вай дар ҷамоати шаҳрвандони “Чинигарон” зиндагӣ мекунад. Ҳусанҷон Эргашев дар ҳавлиаш китобхонаи хусусӣ кушода, онро бештар дар ихтиёри ҷавонони маҳалла вогузор кардааст. 
Синни вай ба 80 расида бошад ҳам ҳанӯз чусту чолок аст. Пайваста рӯзнома, маҷалла ва китоб мехонад. Ҳарҷо равад, пеш аз ҳама ба ҷустуҷӯи мағозаи китобфурӯшӣ меафтад. Маҳз барои ҳамин теъдоди китобҳои ин хазинаи маъонии ӯ беш аз пеш ғанитар мегардад.
– Дар ҳоли ҳозир теъдоди китобҳоро ба 5 ҳазор адад расонидам. Дар китобхонаи хусусии мо китобҳои дилхоҳро пайдо кардан мумкин аст. Аксари китобҳо ба адабиёти ӯзбеку тоҷик ва дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон мутааллиқанд. Ҳамчунин энсиклопедияҳо, китобҳои дарсӣ ва адабиёти кӯдакон низ дар рафи китобҳо мавҷуданд, – мегӯяд Ҳусанҷон Эргашев.
Худи ӯ аксари китобҳои бадеии китобхонаашро аллакай дар ҷавонӣ хонда баромадааст. Китоб барои расидан ба камолоти инсонӣ омили муҳим мебошад, мегӯяд ӯ.
– Дар назди китобхона мо омӯзиши забонҳои хориҷиро ба роҳ мондаем. Ба ин корҳо арӯси хонавода – Шаҳлохон шуғл меварзад, – тазаккур медиҳад Эргашев. 
Вай бо завҷаи меҳрубонаш – Ақидахон панҷ писару ду духтарро ба воя расонидаанд.

Аброр ДЕҲҚОНОВ,
котиби матбуоти ҳокимияти ноҳияи Риштон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: