Деҳқонони забардасти ноҳияи Риштон дар вилояти Фарғона аввалин шуда супоришоти шартномавии ба давлат супурдани пахтаро сарбаландона иҷро карданд.
Роҳбарони секторҳо бо бист миллион сӯмӣ рағбатнок гардонда шуданд.
Дар сафи пешқадамон ноҳияҳои Чусти вилояти Намангон, ноҳияи Риштони вилояти Фарғона ва ноҳияи Пахтаободи вилояти Андиҷон қарор доранд.
– Яке аз омилҳои асосии ба фатҳи марра расидани хоҷагиҳои фермерии мо аз усули кластер фаровон истифода намудани онҳо мебошад. Усули кластер гуфта дар баробари иҷрои корҳои парвариши пахта, ҳамчунин корбаст намудани роҳҳои беҳтарини ривоҷ додани ин соҳаи кишоварзиро мегӯянд. Дар ин замина деҳқонони пухтакору пуртадбири ноҳияамон тавонистанд, ки аз тамоми захираҳои мавҷуда ва обуҳавои мусоид низ босамар истифода кунанд ва дар ҷумҳурӣ аввалин шуда ба фатҳи марра бирасанд, – мегӯяд ҳокими ноҳияи Риштон Таваккалҷон Раҳимов бо қаноатмандӣ.
Ба таъкиди ӯ асоси пешрафтҳо дар истифода аз усулҳои пешқадами агротехникӣ, таҷрибаи бои деҳқонони кордида, дуруст ташкил кардани меҳнат ва монанди он низ мебошад, ки солҳои пеш онро сарфи назар намудаанд.
Маълум шуд, ки дар чанд соли охир бори аввал ноҳияи Риштон супоришоти шартномавии ба давлат супурдани пахтаро иҷро кардааст. Дар ин ноҳия ҳатто бархе аз одамони аз кишту парвариши пахта дур низ аз иҷрои нақшаи шартномавӣ ифтихор мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки аввал ба ин хабар боварашон наомад ва сонӣ эътимод ҳосил намуданд, ки ин хабар асоси воқеӣ дорад.
Татбиқи ғояҳои инноватсионӣ дар ин ноҳия натиҷаҳои меҳнати кишоварзонро боз дучанд намудааст. Дар аввали баҳори соли равон 324 хоҷагии фермерӣ дар 6245 гектар майдон ба парвариши пахта машғул шуданд. Ба ҳар як хоҷагии фермерӣ муяссар шуд, ки ҳосили пурбаракат ба даст оварад. Дар ин маврид усули кластер ба онҳо мусоидат намуд.
– Қабл аз ҷамъоварии ҳосил 113 отряди чинакчиёни ихтиёриро ташаккул додем. Теъдоди коргарони хоҷагиҳои фермерӣ аз панҷ ҳазору сесад нафар ва чинакчиёни отрядҳои ихтиёрӣ аз панҷ ҳазору дусад нафар иборат буданд. Наздики сенздаҳуним ҳазор тонна “тиллои сафед”-и ҷамъоваришударо бо навъи якум қабул карданд. Ҳосилнокии хоҷагиҳои пешқадам на камтар аз 30-40 сентнериро ташкил кард, – мегӯяд Таваккалҷон Раҳимов.
Ба суҳбати мо сардори хоҷагии фермерии “Эргашева Шаҳринисо” Икромҷон Абдураҳмонов ҳамроҳ шуд. Вай гуфт, ки соли равон хоҷагии онҳо дар бисту се гектар майдони ПММТ-и Т.Аҳмедов ба кишту парвариши пахта машғул шуданд.
– Ҳосили мувофиқи табъ рӯёндем. Ба ҷои 69 тонна қариб 74 тонна пахта ҷамъоварӣ кардем. Дар чиниши якум аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи шартномавии ба давлат супурдани пахта сарбаландона баромадем, – изҳор кард Икромҷон Абдураҳмонов.
Таъкиди он нукта низ бамаврид аст, ки роҳбарони секторҳои ҳафт ноҳияи дар сафи аввалинҳо иҷрои нақшаи шартномавии ба давлат супурдани пахтаро таъминкунанда низ ба бист миллион сӯмӣ мукофотҳои Девони Вазирон соҳиб хоҳанд шуд. Роҳбарони секторҳои ноҳияҳои шомили даҳгонаи сеюм, ки фатҳи марраро таъмин мекунанд, даҳ миллион сӯмӣ мукофот ба даст хоҳанд овард. Дар айни ҳол хоҷагиҳои фермерии шаҳру ноҳияҳои вилоят талош доранд, ки супоришоти шартномавиро ҳарчи зуд иҷро кунанд ва сазовори мукофот шаванд.
Зайлобиддин ЙИГИТАЛИЕВ,
Мирасрор АҲРОРОВ,
вилояти ФАРҒОНА.