РИВОҶУ РАВНАҚИ ИН МУЛК МУДДАОСТ

Албатта, ҳар як миллату халқ барои беҳдошти давлат, сиёсат ба забону адабиёт, санъат эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Албатта, ҳар як миллату халқ барои беҳдошти давлат, сиёсат ба забону адабиёт, санъат эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ва ҳар як миллатро забону адабиёт ва аҳли зиё зиндаву поянда медорад.
Шукри беҳад, имрӯз дар Ӯзбекистони навин ба такомулу рушди забон, адабиёт, санъат ва маданият эътибори калон дода мешавад. Ин аст, ки Президенти ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев барои такомулу рушди маданият, санъат ба фармони муҳим имзо гузошт. Ин аз он далолат медиҳад, ки мо дар раванди дигаргуниҳои куллӣ ба касбу кори худ бояд бо назари нав муносибат намоем, барои равнақи маданияту санъати воло кӯшиш ба харҷ диҳем, авлодро бо мероси бою ғании ниёгону муосирон ошно бисозем.  
Имрӯз дар ҳар соҳаи Ватани офтобрӯяи мо дигаргуниҳои куллӣ рӯй медиҳанд. Дар соҳаи соҳибкорӣ, бинокориву кишоварзӣ чунон дигаргуниҳо рух медиҳанд, ки мояи ифтихоранд. Агар донишу саводи кофӣ надорӣ, дар ягон соҳа корат пеш намеравад. Бояд ҳар як инсони даврони навин барои худ донишу малака ва таҷрибаи корӣ дошта бошад. Аз ҷумла, дар соҳаи санъат ҳам. Имрӯз ҷавонон метавонанд истеъдод, қобилият ва санъати худро на танҳо дар доираи як мавзеъ, ноҳия, вилоят, балки дар тамоми ҷаҳон намоиш дода, аз имкониятҳои фароҳамовардашуда васеъ истифода намоянд. 
Мардуми мо аз азал ба санъат ва адабиёт завқу шавқи беандоза дошт. Ҷавонони мо бояд дар роҳи ба амал татбиқ намудани фармони роҳбари мамлакат «Дар бораи чорабиниҳо доир ба пурзӯр намудани таъсир ва мавқеи дар ҳаёти иҷтимоӣ доштаи соҳаи маданият ва санъат» саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар фармон ба сарояндагии ҷонноку фонограмма ва дигар намудҳо эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Акнун ҳуқуқи муаллифии санъаткоре, ки бо овози табии марғуладору бошираи худ аз дили халқ ҷой мегирад, ҳимоя карда мешавад. Ин фармон на танҳо ба ҳунарпешагон, балки ба аҳли шеъру адаб низ тааллуқ дорад.  Шеъри баландмазмун ба хотири ҳар кас нақш мегузорад. Агар ҳамин тавр аст, ҳар як суруд, шеър, намоиши саҳна тибқи фармон ҳам мулки давлат, ҳам мулки эҷодкор маҳсуб меёбад.
Фикр мекунам, ки акнун санъати асил ба дили мардум беш аз пеш роҳ меёбад, шеърҳои баландмазмун ба оҳанг дароварда мешаванд.

Дилмурод ЧОРИЕВ,
сардори шуъбаи маданияти Тирмизшаҳр.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: