Ривоят мекунанд, ки замоне чун нахустин муаллим ба дунё омад, ба сари гаҳворааш се фаришта ҳозир шуданд.
Фариштаи аввал гуфт:
– Ту як умр ҷавон хоҳӣ монд. Барои он, ки дар назди ту ҳамеша кӯдакону наврасонанд.
Фариштаи дуюм:
– Ту бо афкору қалбат зебо хоҳӣ буд, зеро нест муқаддамтар аз амале, ки ҳастиву қалби худро ба кӯдакон бахшанд.
Фариштаи сеюм илова кард:
– Ту умри ҷовидон хоҳӣ дид, зеро умри худро дар симои шогирдонат идома хоҳӣ дод...