Ривоятҳои пандомез

Маликаи саховатпеша

Муовия ба Оиша дар ду халта 180 ҳазор дирҳам (тангаи нуқра) ҳадя мефиристад. Оиша ҳамаи пулҳоро ба мардум тақсим карда медиҳад. Шом фаро мерасад ва ба ҷорияаш мефармояд, ки таом биёрад. Ҷория нону равған оварда мегӯяд:
– Аз тангаҳои имрӯза барои худамон ба миқдори як дирҳам гӯшт нагирифтем?!
– Агар хотиррасон мекардӣ, ҳамин тавр мекардам,– ҷавоб медиҳад Оиша.

Модари ҳақиқӣ

Рӯзе ба ҳузури Ҳазрати Алӣ ду зан кӯдакеро оварда ҳар ду даъво карданд, ки кӯдак аз они онҳост. Ҳазрати Алӣ ба яке аз хидматкораш мефармояд: 
– Ханҷари дудамаи маро барор, то кӯдакро аз миён тақсим кунам. Нимтоӣ ба ҳар ду даъвогар мерасад. 
Модари ҳақиқии кӯдак тарсидаю ларзида, сари зону нишаста зорию тавалло мекунад:
– Ё амиралмӯъминин, шафқат кун, аз даъвоям гузаштам. Модари ҳақиқии кӯдак ин зан аст.
Ҳазрати Алӣ занакро аз ҷо хезонда мегӯяд:
– Кӯдак аз туст ва ин занаке, ки даъвои фарзанди ту дорад, албатта, ҷазо мегирад.

Зани доно

Шахси зиштрӯе соҳиби зани соҳибҷамоле буд. Рӯзе зан ба шавҳар гуфт:
– Хӯҷаин, ҳар дуи мо ҷаннатӣ хоҳем шуд.
– Азизам, чаро?
– Чунки ту ҳусну ҷамоли маро дида, аз саҳар то шом ба Офаридгор шукрона мегӯӣ, ман ба рӯи зишти ту нигоҳ карда, аз Офаридгор сабр мехоҳам. Шукргузор ва сабркунандаро ҷаннатӣ мегӯянд,– ҷавоб дод зани доно.

Бародарона

Дарвеше ба ҳузури сарватманди бахил рафта гуфт:
– Медонӣ, падари ҳамаи мо Ҳазрати Одам ва модарамон Момо Ҳаво мебошанд. Бинобар ин мо додару бародар ҳастем. Худат инсоф кун, ту соҳиби ин қадар молу мулк ҳастию мани бечора камбағалона зиндагӣ кунам, магар хуб аст? Биё, молу мулкатро бародарона тақсим кунем.
Бахил як миқдор ҳақи «бародарона» дод.
– Эй бародар, барои чӣ сарвататро баробар тақсим накардӣ?– пурсид дарвеш.
– Осуда бош, агар аз ин тақсимот бародарони дигар хабар ёбанд, як бурдагӣ ҳам намерасад, – ҷавоб дод бахил.

Таҳияи Б. ФАРИШТА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: