РИЗОИЯТ

Усто Нуруллоҳ, ки чун дуредгари гулдаст ном бароварда, дар деҳаҳои гирду атроф низ эътибори хос дорад, рӯзе хонаамон омад ва гуфт:

– Ба  иморати Самариддинакаро бардоштанам ду сол шуд, ҳаққи маро надодааст. Пули нақд надорам, агар хоҳед навбастеро, ки ду сол инҷониб бонӣ мекунам, ба шумо диҳам, гуфт вай, розӣ шудам ва гуфтам, ки бегоҳ ба хонааш рафта, ҳамон ҷо гапзанон мекунем. Ҳамроҳ намеравем? 
Хуб гуфтам. Самариддинакаро, ки омӯзгори собиқадор аст, ҳама эҳтиром мекунанд. Аз рӯи шунидаам, се фарзандаш дар таълимгоҳҳои олии пойтахт таҳсил доранд. Хонондан, хусусан, дар асоси шартнома осон нест. Шояд аз ҳамин сабаб ҳаққи усторо дар вақташ дода натавониста бошад.
Дами шом дар назди дарвозаи муаллим ҳозир шудем. Вай бо чеҳраи кушод, айни замон, хиҷолатомез моро пешвоз гирифт. Ба меҳмонхонааш таклиф кард. Вале мо бинобар тангии  фурсат хоҳиши самимонаи ӯро қабул нанамудем. 
– Чой дафъаи дигар, устод. Навбастро бинем. 
Самар-муаллим бинобар дар вақташ пардохта нашудани ҳаққи усто узри бисёр гуфт ва моро ҷониби молхона бурда:
– Ана, – гуфт навбасти фарбеҳеро нишон дода ва илова намуд: – Ба қассоб нишон додам, тақрибан 250 килограмм бор доштааст, худатон ҳам чӣ қадар бор доштанашро тахмин кунед, ба ҳисобу китобамон дуруст ояд, навбаст аз они шумо, не, фурӯхта пулашро деҳ, гӯед ҳам ман қабул.
Усто Нуруллоҳ ба ҷонвар ҳавасомез нигарист ва табассум дар чеҳра, даҳон кушод:
– Муаллимҷон, шумо чӣ гӯед, ҳамон.
Ба усто рӯй оварда:
– Яъне пул не, ҳамин моли худро диҳанд, шумо ба хидмати худ розӣ? – пурсидам.
– Ҳа, – гуфт вай.
Ва бо:
– Даст диҳед, – гӯии соҳиби мол усто дасти худро дароз кард. Дароз карду:
– Истед, истед, – гуфт чашмаш ногоҳ ба модагове, ки дар кунҷи молхона баста шуда буд, афтода ва дастфишорӣ бо соҳиби молро нася гузошта, ҷониби говмеш ду-се қадам гузошт:
– Муаллимҷон, модаговро медиҳед.
– Не, – рад кард Самар-муаллим. – Бордор аст, ба наздикӣ мезояд, ширу ҷурғоташ, агар Худо хоҳад, насиби бачаҳои ин хонадон.
– Намешавад, гӯед? 
– Узр, устоҷон.
Вазъияти ногувор ба амал омад.
– Усто, – гуфтам ба дуредгар, ки тирагӣ ба рӯяш панҷа зада, ноором нафас мекашид, маслиҳатомез нигариста, – буқаро ба бозор бароред, фурӯшед, ба пулаш аз  ин хубтар модагов харед.
– Фикр карда бинам, – гуфт вай ва рафтагор шуд.
– Истед, – гуфтам ман, – навбастро мебаред ё не?
– Не, – даҳон кушод ӯ. – Модагов мебуд, гапи дигар.
Ҳамсари Самар-муаллим пайдо шуд ва бо илтиҷо ба усто нигарист:
– Додарҷон, ин гов ободии рӯзгори мо.
– Хуб. Ман рафтам.
Усто ин гуфт ва аз молхона баромада, ҷониби дарвоза роҳ пеш гирифт.
– Илтимос, истед, – шитобон аз пасаш омад Самар-муаллим. Усто истод ва:
– Навбастро намегирам, – гуфт. 
– Говро гиред, ман розӣ, – соҳиби хона маънидор лабханд намуд. – Канӣ, қафо гардед. Худи ҳозир...
– Додош, чӣ кор мекунед? – норозиёна ба соҳиби сар нигарист соҳибаи хона.
– Ором! – гуфт муаллим ҷониби ҳамсараш. – Усто чизе гӯянд ҳамон. Бе ин ҳам наздашон мо сахт хиҷолат. Усто, ки корро тамом кард, арақи пешонааш хушк нашуда, бояд ҳаққашро дод. Мо чӣ кор кардем?
Ва боз ба усто, ки дудиланамо рост меистод, нигаристу дасти ӯ ба дастонаш гирифт:
– Устоҷон, шумо розӣ бошед, шумо хурсанд бошед...
Муаллим ончунон ҳаяҷономез ин суханонро гуфт, ки ҳиссе дардолуд ба торҳои дилам нохун зад.
Дар бурдани гов, ки хеле фарбеҳу тануманд, болои ин обистан буду базӯр роҳ мерафт, ба усто Нуруллоҳ кӯмак кардам. Вай хурсанд. Як кунҷи дили ман ғаш.
Пагоҳирӯзӣ дарвозаро касе кӯфт. Бароям, усто Нуруллоҳ. Рангаш сап-сафед.
– Биёед. Тинҷӣ аст?
– Напурсед. Гов мурдааст.
– Чӣ-ӣ? – баданам ваҷаррос зад.
– Розиям, гуфту... – овози усто ларзон баромад.
– Розӣ буд, розӣ буд, – гуфтам ман, – аммо...
– Аз оғил барорем, гӯем зӯрамон намерасад. Зормонда, ин қадар калон, ин қадар вазнин. Се-чор каси дигарро ёфта, кашола накунем намешавад. Одам кофта гаштаам. Гардед...

Ю. ХОЛМӮЪМИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: