Робитаи дӯстӣ

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...

Чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон ҷаноби Ҳамид Найирободӣ аз Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дидан кард. Меҳмони олиқадрро раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид ва аҳли илму адаб пазироӣ карданд.
Раиси иттифоқи нависандагон, баъди муаррифии аҳли нишаст, аз робитаҳои фарҳангӣ ва адабии деринаи халқҳои ду кишвар сухан ба миён овард. Гуфт, ки ба қавли Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев: «Ҳоло байни халқҳо замони тақвияти робитаҳои адабӣ фаро расидааст». Мо ба адабиёти қадим ва муосири Эрон ҳусни таваҷҷуҳи зиёд дорем. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигар нобиғаҳои адабиёти классикии форс-тоҷик ҳамеша мавриди баҳрабардорӣ ва тарҷумаанд. Сисилашеърҳои шоири ӯзбек, шодравон Аскар Маҳкам – «Аз дафтари Шероз» далели он аст, ки аҳли адаби ӯзбек ба кишвари шоирхези Эрон муҳаббати зиёд доранд. Байти зерини  Хоҷа Ҳофиз барои мо қимати баланд дорад, ки фармуда:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми 
дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки 
ранҷи бешумор орад. 
– Қисми зиёди тарҷумаҳое, ки ба маҷаллаи «Жаҳон адабиёти» пешниҳод мешаванд, аз адабиёти Эрон аст, – изҳор дошт сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти» Аҳмадҷон Мелибоев. – Фикр мекунам, дунёро аз дармондагиҳо на танку тӯп, балки маърифат наҷот медиҳад. Ба инсонҳо маърифатро адабиёт медиҳад. Бе адабиёти Эрон Шарқ тасаввурнопазир аст. Мо дар маҷалла бо кӯмаки шоиру нависандагони форсизабони кишвар кори тарҷумаро ба роҳ мондаем. Инҷониб чанд сол аст, ки бо сафорати Эрон дар Ӯзбекистон робита дорам. Умед аст, ки ҳамкориҳои мо ба қаробати беш аз пеши халқҳоямон мусоидат менамояд.
– Барои ташкили чунин маҷлис арзи сипос менамоям, – гуфт зимни суханрониаш Ҳамид Найирободӣ. – Дар Ӯзбекистон таҳаввулоти зиёд ба чашм мерасад. Солҳои охир робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои мо густариш меёбанд. Байни ду мамлакат 18 санади ҳамкорӣ ба тасвиб расид. 
Худ зодаи диёри Хайёму Фаридуддини Аттор –Нишобури Эрон ҳастам. Ин аст, ки аз ҷавонӣ ба адабиёт дилбастагие дорам. Дар кишвари шумо доир ба зиндагинома ва осори мондагори фарзандони ин сарзамин — Сайидои Насафӣ, Ҳусейни Хоразмӣ, Сӯзании Самарқандӣ тадқиқот анҷом додам... Шеърҳои ирфонии Ҳусейни Хоразмӣ дар пояи ашъори ирфонии Хоҷа Ҳофиз қарор доранд. Вақте ба Нишобур баргаштам, тадқиқотро идома хоҳам дод.
Адабиётшинос Олимҷон Давлатов оиди дар як вақт ба ду забон – форсӣ ва туркӣ эҷод кардани шоирони ҳавза (аз Лутфию Саккокӣ то Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ) ҳарф зад. Гуфт, имрӯз низ ин анъана дар Ӯзбекистон идома дорад, ки ба қаробати халқҳои мо хидмат хоҳад кард.
Дар поёни гирдиҳамоӣ ҷонибҳо ба якдигар хазинаи маънавият – китоб тақдим намуданд. Дидан кардан аз осорхонаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ба меҳмонон таассуроти хуб бахшид.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: