Гурӯҳе аз «ситорагони кинои турк» боз дар Тошканд
Аз ибтидои асри ХХ яке аз воситаҳои таъсиррасон будани кино ба ҳамаамон маълум. Хусусан маҳсули эҷодкорони ду кишвари дунё ИМА ва Ҳиндустон ба сифати Ҳолливуд ва Болливуд чун пештара экранҳои оламро бештар забт мекунанд. Нахустнамоиши филмҳои нав, ки баҳои баланд гирифтаанд, чун яке аз воқеаҳои сурурбахши ҳаёти маданӣ арзёбӣ мегарданд.
Дигар аз мамлакатҳое, ки бо кинои худ ном баровардааст, Туркия мебошад. Тӯли даҳсолаҳо, тавре ба мушоҳида мерасад, ягон ҷашнвораи байналхалқии синамо нест, ки дар он филм ё сериалҳои Туркия иштирок накунанд ва ба мукофотҳои дараҷоти гуногун даст наёбанд. Масалан, «Тобистони беоб»-и коргардон Метин Эрксан дар Ҷашнвораи Берлин (1964), «Юсуф ва Канъон»-и коргардон Омен Кавур дар Ҷашнвораи Милан (1980), «Роҳ»-и коргардонҳо Шериф Гёрен ва Йилмаз Гюней дар ҷашнвораи Канн ба мукофоти асосӣ сазовор дониста шудаанд.
Солҳои охир таълимгоҳҳое, ки ба санъати кино тахассусонда шудаанд, хеле афзуд, мактаби коргардон ва актёрҳо ташаккул ёфт. Алъон дар мамлакат соле ба ҳисоби миёна 50-60 картина офарида шуда ва қисмате аз онҳо ба экранҳои дунё низ мебарояд.
Анқара, Истанбул ва Измир барин шаҳрҳо ба ҷашнвораҳои байналхалқии нуфузноки кино борҳо мизбонӣ кардаанд.
Хусусан вақтҳои охир «Даҳ рӯзи бади одам» (2023, коргардон Улуч Байрактар), «Актриса» (2023, коргардон Сонер Ҷанер), «Оҳ, Белинда!» (коргардон Дениз Йорулмазер), «Муҳаббати беҳудуд» (2023-2024, коргардон Мурат Озтюрк), «Гулҷамол» (2023, коргардонҳо Алӣ Балҷӣ ва Юсуф Пирҳасан) барин картинаҳо дар миқёси байналхалқӣ чун беҳтарин филмҳои бадеӣ эътироф шуданд. Ин филмҳо асосан дар жанрҳои драма, мелодрама ва мазҳака бо сужети шавқангез низ эътибори тамошобинро ба худ мекашанд. Ҷуз ин, эҷодкорони турк дар жанрҳои дедектив ва кофтуковҳои криминалӣ то андозае комёб шудаанд.
Фикр мекунем, оиди ба ӯзбекӣ дубляж шудани филму сериалҳои туркӣ, айни замон ҳамкориҳои эҷодии ду халқ дар киноофарӣ ҳоҷат ба сухан нест.
Ҳаминро таъкид кардан кофист, ин ба амал баровардани лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ дар солҳои охир ба дараҷаи нав баромад. Бо шарофати ҳамин чанде аз ҳунарпешагони мо дар Туркия ва берун аз ҳудуди он ном бароварданд ва шинохта шуданд. Дар як қатор кинотеатр ва шабакаҳои гуногуни телевизионии Туркия намоиш дода шудани қисмате аз картинаҳои филмофарони ӯзбек низ ҳодисаи фараҳбахш.
Дар Туркия ба амал омадани Рӯзҳо ва Ҳафтавори синамои ӯзбекро дӯстдорони синамо самимона истиқбол мекунанд. Баробари ҳамин, ин гуна чорабиниҳо дар Ӯзбекистон ба дараҷаи баланд сурат мегиранд. Аз байн солҳо сипарӣ шаванд ҳам, «ҳафтаворҳо» чун рӯйдодҳои ҷолибӣ фарҳангӣ аз хотирҳо зудуда намешаванд. Масалан, Ҳафтавори кинофилмҳои турк, ки даҳ сол қабл аз ин дар Тошканд сурат гирифта буд. Дар доираи ҳафтавор дар толори яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт ба таври ройгон картинаҳои яке аз дигар шавқовартари «Фотеҳ», «Визонтеле Туба» ва «Писари офтоб» намоиш дода шуданд, ки он солҳо дар ҷалб кардани тамошобинон натиҷаҳои рекордӣ ба даст оварда буданд.
Ҳаминро низ гуфтанием, назар ба маълумотҳои он вақт дар Туркия ҷамъ 567 кинотеатр мавҷуд буд. Шумораи толорҳои кино 2 ҳазору 92-то ва ҷамъи курсиҳо наздик 269 ҳазорторо ташкил менамуд. Дар соли 2012 миқдори даромад аз намоиши филмҳо дар кинотеатрҳои маҳаллӣ ба 422 миллион лира расид, ҷамъи даромад дар кинематография бошад, аз 2 миллиард доллари ИМА гузашт. Ин рақамҳо аз вусъат ва равнақи тозаи соҳаи кинематогарафия гувоҳӣ медиҳад.
Дар Туркия аввалин филми ҳуҷҷатӣ соли 1914 ва нахустин филми бадеӣ соли 1917 намоиш дода шуда буд. Дар давоми беш аз як аср анъанаҳои милливу замонавӣ дар филмофарӣ ҳамоҳанг шуданд.
Дар Тошканд рӯйикороии Ҷашнвораи кинои Туркия соли 2018, айни замон, фаромӯшнопазир буд. Баробари актёрон беҳтарин овозхонҳои турк низ ба чорабинӣ даъват шуда ва мулоқоту консертҳо басо хотирмон сурат гирифтанд. Вохӯриҳои эҷодӣ бо мақсади таҷрибаивазкунӣ ба ҷонибҳо нафъ бахшиданд.
Маълум, ки Киноҷашнвораи байналхалқии Тошканд «Дурдонаи Роҳи абрешим» вақтҳои охир эътибори синамогарон ва алоқамандони кинои дунёро ба худ мекашад. Дар он киноэҷодкорони турк низ фаъолона иштирок менамоянд.
Инак, гурӯҳе аз «ситорагони кинои турк», аз қабили Аслихан Каралар, Дениз Эвин, Элиф Бусе Доған, Ҳане Доғандемир ва дигарон боз дар Тошканд – онҳо дар Ҳафтавори навбатии кинои Туркия дар Ӯзбекистон ширкат намуданд. Дар маросими кушоиш иҷрогари нақши Фериде аз «Чолуқушӣ»-и бароямон қадрдон Туркан Шорай бо нишони сарисинагии «Кинематография фидокори» тақдир шуд. Бо воқеаҳои муҳими фарҳангӣ ҳамоҳанг будани ҳар як рӯзи ҳафтавор ба иштирокдорон аз ду ҷониб рӯҳ мебахшад.
М. ШОДИЕВ.