Оиди равобит ва ҳамбастагии адабиёти тоҷику ӯзбек, асосан, аз асри ХV – замони зиндагии Абдураҳмони Ҷомию Алишери Навоӣ ва то солҳои 80-уми асри ХХ рисолаҳои зиёде навишта шуда, китобу мақолаҳо интишор гардидаанд.
Дар шароити мустабиди охири садаи XIX дар Бухорои шариф Аҳмад Махдуми Дониш ҳамчун ситораи тобоне дар зулмат тобидааст. Дертар дар ин торикистон адибони маърифатпешаю маорифпарвари Самарқанд Саидаҳмад Сиддиқии Аҷзӣ, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдулқодир Шакурӣ ва даҳҳо тани дигар мисли машъал партавафшонӣ намудаанд. Сонитар устод Садриддин Айнӣ, ки дар мактаби илму адаби Бухоро ба камол расида, бо тақозои тақдир ба Самарқанд омада буд, ба адабиёти навини тоҷик ва маҳфили хосаи адабии Самарқанди асри ХХ асос гузошт, ки дар он даҳҳо адибони тоҷику ӯзбек тарбият ёфта, ба камол расиданд. Дар ҳамин ҷо беҳтарин анъанаҳои дузабонии аз ҷониби ду бузургвор – Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ бунёдгузошта, аз нав эҳё гардид. Нашри нахустин рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои тоҷикӣ дар Самарқанд ба роҳ монда шуд, ки дар сари ҳамаи ин кор Садриддин Айнӣ ва шогирдони мактаби адабии Самарқанд меистоданд.
Ҳамин анъана то ибтидои солҳои 30 – таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Самарқанд ба он ҷо кӯчонида шудани Нашриёти давлатии Тоҷикистон идома дошт.
Дар солҳои 60-уми садаи ХХ бо саъю эҳтимоми адабиётшиноси маъруф, академики Академияи фанҳои Ӯзбекистон, аллома Воҳид Абдуллои Самарқандӣ, ки ҳамон солҳо ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд буд, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз забон ва адабиёти тоҷик низ ба роҳ монда шуд. Робитаҳои мо бо донишмандони Хуҷанд Юсуфҷон Салимов, Эргашалӣ Шодиев, Раҳим Тошматов ва дигарон муттасил давом дошт.
Соли гузашта гурӯҳе аз аҳли илму фарҳанг ва намояндагони ҷамоати вилояти Суғд, ки байни онҳо ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷамшед Ҷӯразода, раиси шӯъбаи вилояти суғдии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, ректори Донишкадаи омӯзгории Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ низ буданд, ба маросими кушоиши пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки ҳамчун рамзи дӯстии абадиву азалии халқҳои ӯзбеку тоҷик дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Алишер Навоӣ дар Самарқанди бостонӣ гузошта шудааст, иштирок доштанд. Танҳо дар даҳсолаи охир дар Ӯзбекистон беш аз 500 номгӯй китобҳои адибони тоҷики ин ҷо аз нашр баромад, ки китобҳои Салим Кенҷа, Холбои Ҷалил, Сулаймон Хоҷаназар, Паймон, Абдулло Раҳмон, Саидаи Синавӣ, Асадуллоҳ Исмоилзода, Юнуси Имомназар, Ӯктам Иброҳим, Фозил Шукурзод, Парисо аз ин ҷумлаанд. Бисёр асарҳои адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик ба забони ӯзбекӣ ва китобҳои адибони ӯзбек ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуданд. Дар ин бобат хидмати шоир ва мутарҷимон Ҷамол Камол, Олимҷон Бӯриев, Ҷаъфари Муҳаммад, Эргаш Очил, Одил Икром ва дигарон назаррас аст. Ба қарибӣ «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ дар тарҷумаи Олимҷон Бӯриев, «Модарнома»-и Лоиқ Шералӣ дар тарҷумаи Одил Икром дар Тошканд нашр шуданд. Бо саъю эҳтимоми фаъолони Маркази миллӣ-мадании тоҷикони Ӯзбекистон ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, зодрӯзи Лоиқ Шералӣ, ёдбуди аллома Умари Хайём анҷуманҳои хосаи илмӣ-амалӣ гузаронида шуданд. Инчунин тақдимоти «Куллиёт»-и сеҷилдаи Асад Гулзодаи Бухороӣ ва китоби Ҷонибек Қувноқ «Ширу шакар» ба вуқӯъ пайваст.
Аз нимаи дуюми солҳои 80-уми садаи гузашта ҷунбишҳои адабӣ дар Самарқанд нисбатан ҷоннок гардида, дар заминаи маҳфилҳои адабии назди осорхонаи устод Айнӣ ва факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд маҳфили адибони тоҷик – «Сайқал» дар назди шӯъбаи самарқандии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон созмон дода шуд.
Баъди 60 соли нашри «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ, баёзи назму насри «Гулдастаи Самарқанд» рӯйи чопро дид, ки дар ин китоб осори 20 тан адибони муосири тоҷики Самарқанд ҷой дода шудааст. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар шудани вазъи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ба ҳаёти адабию фарҳангӣ низ бетаъсир намонд.
Дар солҳои аввали истиқлолияти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, гарчи вазъият муташанниҷ буд, равуо байни аҳли фарҳангу адаб каму беш вуҷуд дошт. Китобҳои дарсиву бадеӣ барои тоҷикони Ӯзбекистон аз Тоҷикистон дастрас буд. Дар назди Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Шӯрои адабиёти тоҷик (имрӯз фаъолияташ қатъ гардидааст) фаъолият оғоз кард. Тарҷумаҳои осори адибони тоҷик дар матбуоти Ӯзбекистон ва асарҳои адибони ӯзбек дар матбуоти Тоҷикистон ба назар мерасиданд. Достони Алишер Навоӣ «Лайлӣ ва Маҷнун», қиссаи Ӯткур Ҳошимов «Нур ҳаст, ки соя ҳаст» дар тарҷумаи Ҷонибек Қувноқ, қиссаи афсонавии Ӯ. Азимов «Чароғи ақл» дар тарҷумаи инҷониб, романи Абдулло Қодирӣ «Рӯзгори мозӣ» дар тарҷумаи Истад Қосимзода ба забони тоҷикӣ нашр шуданд. Дар саҳифаҳои матбуот низ тарҷумаи осори адибони тоҷику ӯзбек ба забони якдигар ба назар мерасиданд.
Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият дар Самарқанд бо саъю эҳтимоми маърифатпешаи равшанзамир Муртазо Тоҷизода нашриёти «Суғдиён» таъсис ёфт, ки дар он китобҳои адибони самарқандӣ Болта Ортиқов, Маҳбуба Неъматзода, Бахтиёр Ҷумъа, Маҳбуба Турсунова, Раҳим Муқимов, Ботур Валихоҷаев, Михоэл Завул (яҳудии бухороӣ) аз чоп баромаданд. Ин нашриёт инчунин китобҳои муҳоҷиршоирони самарқандӣ Хубӣ ва Вофиро, ки олим ва адиб Ҳазрат Сабоҳӣ омодаи нашр намуда буд, ба дасти чоп расонид.
Муташанниҷ гардидани вазъият дар Тоҷикистон, махсусан баста шудани роҳҳо ва ҷорӣ шудани тартиби раводид (виза), ба равобити иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон сахт таъсир расонд.
Танҳо тобистони соли 1998 чун офтобе, ки аз зери абрҳо барояд, дар Ӯзбекистон Рӯзҳои адабиёт ва маданияти Тоҷикистон гузаронида шуд. Ба ин муносибат чанде аз осори адибони муосири тоҷик ба ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шуданд. Бо саъю эҳтимоми Лоиқи зиндаёд маҷмӯаи шеърҳои нисбатан мукаммали Ҷонибек Қувноқ зери унвони «Саховат» дар Душанбе ба дасти чоп расид ва ҳамчун туҳфаи идона барои тоҷикони Ӯзбекистон армуғон гардид.
Асри сипаригардида дар ҳайати намояндагони фарҳангу адаб аз адибони маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат, Лоиқ, Ӯлмас Ҷамол ва боз чанди дигар буданд. Ҳайати вакилон ба се гурӯҳ тақсим шуда, ба Самарқанду Бухоро, водии Фарғона ва Хоразму Қароқалпоқистон барои вохӯрӣ бо алоқамандони каломи бадеъ рафтанд.
Аз солҳои аввали асри XXI муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон муташанниҷтар гардид. Ивази китобҳои дарсӣ, илмӣ, адабӣ ва маҷаллаю рӯзномаҳо тамоман қатъ гардид. Бо сабабҳои гуногун шумораи синфу мактабҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон хеле кам шуданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, зиёиёнро лозим омад, ки барои мактабҳои мавҷуда китобҳои дарсиро аз забон ва адабиёти тоҷик таҳия ва нашр намоянд...
Бояд гуфт, ки бо саъю эҳтимоми раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба сафи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон қабул шудани чанд тан аз адибони тоҷики Ӯзбекистон боиси хурсандиву ифтихор гардид. Ҳоло танҳо дар Самарқанд 9 тан адиб аъзои Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ҳастанд. Таҳти роҳбарии инҷониб маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷики асри ХХ-и Ӯзбекистон таҳти унвони «Гулистони адаб», ки он ҳамчун воситаи таълимӣ барои мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст, дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ таҳия гардид ва соли 2007 тавассути нашриёти «Шарқ» дар Тошканд бо теъдоди зиёд нашр шуда, ҳамоно ба мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон паҳн гардид. Дар ин китоб намунаи осори беш аз 50 тан адиби тоҷики Ӯзбекистон гирд оварда шудаанд.
Дар ин солҳо, таҳти назорат бошад ҳам, бо иштироки адибон ва олимони тоҷик дар Самарқанд ҷашнвораҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, 100 солагии зодрӯзи адибони тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ ва Болтақул Маҳмуди Диёрӣ, 70 солагии Шодон Ҳаниф гузаронида шуданд.
Ниҳоят рӯзҳои офтобӣ фаро расиданд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон девору панҷараҳои байни ду кишвари аз азал дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бардошта шуд. Ин воқеа барои халқҳои ҳар ду кишвар шодиву сурури беандоза овард. Акнун дар баробари муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ барои равнақи робитаҳои адабию фарҳангӣ низ имкониятҳои нав ба вуҷуд омаданд. Рафту омади тарафайни адибону олимон аз нав эҳё гардид. Аз ҷумла, моро насиб гардид, ки дар ҷашни 140-солагии Садриддин Айнӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи улуми Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок намоем.
Чанде қабл ба муносибати ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ девони ашъори ин шоири ширинбаён дар тарҷумаи Олимҷон Бӯриев ва гулчини ғазалиёти Камол дар Тошканд ба дасти чоп расид. Инчунин, силсилаи ҳикояҳои адибони маъруфи ӯзбек дар тарҷумаи Юнуси Имомназар пешкаши хонандагони тоҷик шуд.
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон,
узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон.