РОБИТАҲОИ ДӮСТОНАИ САРОНИ ДУ КИШВАР МУҲАРРИКИ РУШДИ МУТТАСИЛИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ МЕБОШАНД

Коршиносони хориҷӣ дар бораи натиҷаҳои ҳамоиши дараҷаи олии ӯзбекистониву туркиягӣ дар Анқара

Жан-Антуан Дюпра, коршиноси Пажӯҳишгоҳи пешгӯӣ ва бехатарӣ дар Аврупо, мутахассис оид ба Ӯзбекистон:
– Сафар тасбити равшани рушди муттасили муносибатҳои дуҷонибаи ӯзбекистониву туркиягӣ ва алоқаҳои муътамади байни роҳбарони ду давлат ба шумор меравад.
Ташрифи мазкур бо он хотирмон аст, ки дар доираи он ҷамъомади сеюми Шӯрои ҳамкории стратегии дараҷаи олӣ баргузор шуда, масъалаҳои рӯзмарраи вусъат додани шарикии минбаъдаи байни ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар доираи сафари расмӣ Шӯрои соҳибкории ӯзбекистониву туркиягӣ таҳти сарварии сарони Ӯзбекистон ва Туркия таъсис ёфт.
Бояд таъкид намуд, ки ҳамкориҳои иқтисодии тарафайни Ӯзбекистон ва Туркия солҳои охир бо суръат инкишоф меёбанд. Тӯли солҳои охир Туркия яке аз шарикони бузургтарини тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон аст ва дар ин бобат баъд аз Русия, Чин ва Қазоқистон ҷойи 4-умро ишғол менамояд.
Дар Ӯзбекистон анқариб ду ҳазор корхонаҳои муштараки ӯзбекистониву туркиягӣ амал мекунанд, ки маҳсулоташон, бахусус маснуоти бофандагӣ дар бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ харидоргир мебошанд. Метавон таъкид намуд, ки сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Туркия бобати вусъат додани шарикии дуҷониба пешомадҳои нав боз мекунад, ба таҳкими минбаъда ва амиқсозии муносибатҳои шарикии фарогири  стратегии байни ду давлат ва халқи бародар хидмат менамояд.

Зеҳра ЗАИДӢ, корманди мувофиқи илмии Пажӯҳишгоҳи рушди байналхалқии Бритониёи Кабир (ODI), таҳлилгар доир ба масъалаҳои идораи ҷаҳонӣ ва хатарҳои геосиёсӣ:
– Муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон бо Туркия торафт беҳтар мешаванд, онҳо рушди босифат, баланд гардидани суръати бунёди модели нави шарикии стратегӣ ва фароҳам омадани нуқтаҳои нави инкишофро барои ҳар ду кишвар намоиш медиҳанд.
Тӯли ҳашт соли охир сарони ду давлат пойдевори мустаҳками муносибатҳои дӯстонаро ба миён оварданд. Аз ҷумла, дар доираи Шӯрои ҳамкории стратегии дараҷаи олии Туркия – Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сарони ду давлат идораи мунтазам амалкунанда таъсис ёфт, ки дар роҳи идоракунии муносибатҳои тарафайн қадами муҳим гардид.
Туркия муносибатҳои тиҷоратии худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле афзуд ва барои аксари онҳо шарик ва сармоягузори асосии тиҷоратӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар ин бобат хидмати Президенти Ӯзбекистон бузург мебошад.
Фикр мекунам, робитаҳои шахсии дӯстонаи сарони Ӯзбекистон ва Туркия муҳаррики рушди муттасили муносибатҳои байнидавлатӣ мебошанд.
Ташриф рағбати ҷиддии Туркияро ба Ӯзбекистон ва умуман минтақа собит намуд. Бидуни шубҳа, муносибатҳои тарафайни  ӯзбекистониву туркиягӣ ва ҳамкориҳо танҳо ба мақсади пешрафт хидмат мекунанд.
Хесус ХИЛ, профессори Маркази тадқиқоти осиёии Донишгоҳи мухтори Мадрид, котиби генералии Иттиҳодияи ховаршиносони Испания, туркшинос:
– Ин ташриф воқеаи пураҳамиятест, ки манфиатҳои стратегии ҳар ду кишварро ифода мекунад ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи онҳоро тасдиқ менамояд.
Ӯзбекистон ва Туркия ба робитаҳои таърихиву фарҳангӣ такя мекунанд, онҳо иттифоқчиҳои муҳиме мебошанд, ки ба пешрафт ва шукуфоии халқашон мусоидат менамояд. 
Сафар аҳамияти рӯзафзуни ҳамкориҳои иқтисодии байни Ӯзбекистон ва Туркияро таъкид месозад. Ҳар ду давлат фаъолона ба диверсификатсияи иқтисодиёт ва беҳтар намудани муҳити сармоявии худ саъй менамоянд. Ба имзо расидани муоҳидаҳо аз саъю кӯшишҳои ҷиддии ҳар ду ҷониб барои инкишоф додани ҳамкориҳои муфиди тарафайн шаҳодат медиҳанд.
Ғайр аз ин, сафари сарвари Ӯзбекистон аҳамияти махсуси сиёсӣ ҳам дорад. Ҳамкории тарафайни дараҷаи олӣ ва баррасии масъалаҳои минтақавиву байналхалқӣ нишон медиҳанд, ки Ӯзбекистон ва Туркия ба ҳамоҳанг сохтани мавқеи худ бинобар таҳдидҳои муҳими ҷаҳонӣ саъй доранд. Ин, дар мавриди тағйирёбии вазъи геосиёсӣ ва зарурияти мустаҳкам кардани эътидолу амният дар Осиёи Марказӣ бахусус рӯзмарра мебошад.
Гуфтушунидҳои сарони ду кишвар саъю кӯшишҳои ҳар ду ҷонибро ба амиқсозии шарикӣ ва ҳамкории стратегӣ намоиш медиҳанд. Ин дар роҳи таҳкими эътидол, пешрафт ва ҳусни тафоҳуми тарафайн дар минтақа қадами муҳим мебошад.
Владимир ГАЛПЕРИН, роҳбари хонаи савдои Ӯзбекистон дар Латвия:
– Натиҷаҳои сафар ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву туркиягӣ, тасбити дӯстии бисёрсола ва эътимоди тарафайн мусоидат хоҳанд кард.
Ҷамъомади Шӯрои ҳамкории стратегии ӯзбекистониву туркиягӣ дар сатҳи олӣ барои баррасӣ ва пешбурди масъалаҳои афзалиятноки афзун кардани мулоқоти сиёсӣ, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварона имкон фароҳам овард. Вай мамлакатҳоро дар пояи умумияти таърихӣ, забонӣ, анъана ва фарҳангҳо беш аз пеш қаринтар намуд.
Пурзӯр намудани кооператсияи саноатӣ, татбиқи муштараконаи лоиҳаҳои васеъмиқёси сармоявӣ, ҳамчунин татбиқ сохтани амалиётҳои ҳамоҳанги содиротиву воридотӣ, ки имкон медиҳанд ҳаҷми савдои тарафайн хеле бештар гардад, аҳамияти асосӣ доранд. Ин, бешубҳа, дар навбати аввал ба пешрафти иқтисодии ду мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Муҳимияти дастгирӣ намудани суръати баланди кунунӣ дар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявӣ, зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол, амиқсозии кооператсионии корхона, ширкат ва бонкҳои асосии ду мамлакат таъкид гардид. Сафари Президенти Ӯзбекистон ба Анқара барои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ки ба рушди минбаъдаи ҳамаҷониба ва мустаҳкамшавии муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ ва шарикӣ хидмат, ҳамчунин ба рушди устувор дар ҳар ду мамлакат мусоидат менамоянд, қадами муҳим шуд.
Мария ҚАЗӣ, муовини вазири савдои Покистон:
– Мо ҷараёни вохӯрӣ ва гуфтушунидҳоро дар доираи сафари Президенти Ӯзбекистон ба Анқара бо диққат назорат кардем.
Туркия нахустин кишварест, ки истиқлолияти Ӯзбекистонро 16 декабри соли 1991 эътироф карда буд.
Ӯзбекистон ва Туркия шарикони стратегии анъанавии тиҷоративу иқтисодии Покистон дар минтақа ба шумор мераванд, мо аз таҳкими муносибатҳои дӯстонаву шарикии байни кишварҳои мазкур манфиатдор мебошем.
Мо ҷамъомади сеюми Шӯрои ҳамкории стратегии дараҷаи олиро таҳти сарварии сарони ду давлат самимона дастгирӣ менамоем. Он чиз хушоянд аст, ки тӯли солҳои охир ҳаҷми савдои тарафайни байни Ӯзбекистон ва Туркия хеле афзуд. Таҳлилҳои мавҷудаи иттилоотӣ рушди муттасили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоро намоиш медиҳанд. Ҳамчунин Туркия аз ҷумлаи кишварҳои сегонаи бузургтаринест, ки ба иқтисодиёти Ӯзбекистон сармоягузорӣ мекунанд.
Мо дар Покистон умедворем, ки ба шарофати ташрифи мазкур ва мулоқоти мунтазами сарварони ду кишвари барои мо дӯст риштаҳои дӯстӣ ва сатҳи шарикии бисёрҷанбаи стратегии байни Ӯзбекистон ва Туркия ба дараҷаи нав бардошта мешаванд.
Муътақидам, ки мулоқотҳои муҳим ва чорабиниҳои баргузоршуда ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодии кишварҳои бародар хидмат хоҳанд кард.
Ашраф СИДДИҚӢ, муҳаррири нашрияи «Asian Telegraph Qatar»:
– Ташриф дар кишварҳои Шарқи Наздик, аз ҷумла дар Қатар боиси рағбати зиёд гардид. Ҳам Ӯзбекистон ва ҳам Туркия муносибатҳои шарикии муҳими стратегиро бо Қатар дастгирӣ мекунанд.
Робитаҳои нодири байни ду мамлакат бо он собит мегардад, ки Туркия соли 1991 аввалин шуда истиқлолияти Ӯзбекистонро эътироф карда буд, сипас онҳо иштирокдори ҳамоиши минтақавии Созмони давлатҳои туркӣ (СДТ) шуданд.
Ин шарикӣ ба рушди савдои дуҷониба мусоидат намуд, ки ба беш аз 3 миллиард доллар расид, боиси ҷалби зиёда аз 1300 ширкатҳои Туркия барои маблағгузорӣ ба соҳаҳои мухталифи Ӯзбекистон гардид ва ба мулоқоти мунтазами байни сарони ҳар ду давлат дар доираи Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи олӣ дар соли 2018-ум асос шуд.
Ҷамъомади сеюми Шӯро, ки 6 июн дар Анқара ба вуқӯъ пайваст, садоқати доимии роҳбарияти Ӯзбекистон ва Туркияро барои минбаъд амиқсозии мулоқоти бисёрҷанбаи сиёсӣ ва вусъат додани ҳамкориҳои муфиди тарафайни иқтисодӣ тасбит намуд.
Пешрафти мустаҳками муносибатҳои дуҷониба, савдо, сармояҳо, лоиҳа ва корхонаҳои муштарак, афзоиши хатсайрҳои авиатсионӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои таълим, нигаҳдории тандурустӣ, сайёҳӣ, маданӣ, санъат ва варзиш аз иродаи сиёсии сарони мамлакатҳо ва робитаҳои бародаронаи таърихии байни ду кишвар дарак медиҳанд.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: