Дар тарабхонаи «Регистон»-и шаҳри Тошканд ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ӯзбекистон ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабинии идонаро, ки намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон, ходимони илму фарҳанг, санъату маориф, инчунин хабарнигорони васоити ахбори оммавӣ иштирок карданд, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ бахшид ва дар бораи аҳамияти Истиқлол дар рушди кишварҳо ва саҳми ду сарвари давлат дар таҳкими муносибатҳои бародаронаи халқҳои тоҷику ӯзбек ҳарф зад.
– Таҳти сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлат – муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои дӯстиву бародарии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон торафт мустаҳкам мегардад, — гуфт А.Раҳмонзода. – Ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун густариш ёфта, натиҷаҳои хуб ба даст меоянд. Инак, ба таври бошукӯҳ истиқбол гардидани иди истиқлол низ дар партави ин муносибатҳои дӯстона сурат мегирад ва умед дорем, ки минбаъд чунин ҳамкориҳо доман густурда, робитаҳо беш аз пеш таҳким меёбанд.
Сипас, як қатор иштирокчиёни маҳфили идона, ки дар муассисаҳои таълими умумиву мактабҳои олии кишварамон фаъолият доранд ва дар рушди забон, адабиёт, таърих, маориф ва фарҳанги тоҷик саҳм мегузоранд, бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.
Дар байни онҳо омӯзгорони мактабҳои ҳамагонӣ Амонқул Завқиев, Қурбонгул Муроддинова, Фароғат Ҳасанова, Иззатулло Алибоев (вилояти Навоӣ), Гулбаҳор Шарофова (Намангон), Хуршед Абдуманнонов (Тошканд), Рӯзибой Қурбонов (Қашқадарё) Ирода Давронова (Самарқанд) буданд. Инчунин, чанде пеш омӯзгорон Ҷамҳур Қӯқонов (Ҷиззах) ва Саодат Сангинова (Сурхондарё) низ унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро гирифта буданд.
Дар идома, ба муносибати 100-умин солгарди таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» ба як гурӯҳ кормандони рӯзнома, ки дар пешрафти муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо, рушди матбуоти миллӣ саҳми шоиста мегузоранд, «Ифтихорнома»-ҳои сафорат тақдим гардид.
Мухбири худамон.