РОҶЕЪ БА “СИР”-И ШОИРӢ

Ҳар бор хабарнигорон аз ман мепурсанд: “Сири шоириро ба мо ошкор кунед.

Ба мо бигӯед, ки барои шеъри хубу хонданӣ навиштан чӣ бояд кард?”.
Замоне ман ҳам дар бомдоди умрам гумон доштам, ки кори шоирӣ “сир”-и махсусе дорад ва агар касе пайдо шаваду ин “роз”-и сарбамӯҳрро ошкор намояд, чизи дигаре лозим нест, бароҳат метавон шеърҳои нағзу пурмағз навиштанро ёд гирифт.
Албатта, чунин пиндошт дар бораи ҳунари шоирӣ иштибоҳи маҳз аст. Ҳеч гуна “сир”-и вижае дар амри офариниши шеър мавҷуд нест ва вуҷуд доштан ҳам наметавонад.
Агар ба ҳар сурат чунин “сир”-е дар осори бадеӣ (ман ин ҷо вожаи “сир”-ро шартан ба кор мебарам) вуҷуд дошта бошад ҳам, пас он ба таври алоҳидаву инфиродӣ дар мағзи осори ҳар шоир нуҳуфтааст ва “сир”-и як шоир сари мӯе ба “сир”-и осори шоири дигар иртибот надорад ва ба кор намеояд. Онро наметавон шабеҳи калиде донист, ки ба василааш ҳар дареро боз кардан мумкин аст.
Гумон мекунам, чунин гуфтан дуруст бошад: “Сир”-и шоириро ҳар шоир худаш аз ботини худ метавонад пайдо кунад. Ҳар шоир, мисли он ки шеъри худро аз нав барои худ кашф мекунад, бояд “сир”-и шоириро низ аз нав кашф намояд.
Соҳиби “сир”-и шоирӣ будан, яъне дар эҷодгарӣ мустақил будан, тавре навиштан аст, ки хоси худат бошад ва каси дигареро ба ёд наорад, гуфтани он суханест, ки танҳо ту метавонӣ онро бигӯйӣ, зеро онро ту дидаву мушоҳида намудаӣ, дарку эҳсос кардаӣ, хулоса баровардаӣ. Мавзӯи асар бояд густурдаву фарогир, шавқовар, пурмазмун ва на танҳо барои доираҳои маҳдуд, балки барои доираи васеи хонандагон дастрас ва қобили фаҳм бошад.
Набояд чунин пиндошт, ки шоир бо дастомӯз намудани воситаҳои техникӣ ва тафаннуни назм дар бораи ин ё он рӯйдоди зиндагӣ бо сатрҳои мутантан нақл мекунад.
Донистани техникаи шеър, албатта ҳатмист, вале калиди муваффақият ин нест. Фароянди эҷод душвортар аз он аст, ки тавонӣ аз рӯйи қоидаҳои фанни назм шеър бинависӣ. Фарз кардем, шоир дар бораи рӯйдоде, ки ӯро ба ваҷду ҳол меорад ва музтарибу ошуфтааш мекунад, шеър мегӯяд. Ин чунин маъно дорад, ки  он рӯйдод пеш аз он ки дар шеър бозтоб ёбад, аввалқадам аз зеҳну шуур ва рӯҳу равони ӯ, аз вуҷуди ӯ мегузарад. Ҳангоми тасвири воқеа шоир (агар воқеан шоири асил бошад) андешаву эҳсос ва наҳваи муносибати худро ба он баён медорад. Ба таври дигар, рухдодро тавре қаламдод мекунад, ки хираду эҳсосаш тақозо доранд. Дар чунин маврид ӯ бояд холису фарохбин бошад ва воқеаҳоро дурусту ҳаққонӣ дарк кунад ва аз ҳақиқат чашм напӯшад.
Ин ҷо мехоҳам ба сифати намуна шеъри машҳури Некрасов “Қитъаи нодаравида”-ро биёварам. Мазмуни ин шеър, тавре ки ёд доред, чунин аст:  Тирамоҳ дер фаро мерасад ва дар саҳро ҳанӯз қитъаяке, ба сабаби кӯфтагӣ ва бемории соҳиби замин, нодаравида мондааст.
Ҳама гапу кор ҳамин. Ин рухдоди ҳаётиро Некрасов шоистаи ба шеър ворид намудан донистааст. Ман инро айнан ва дақиқан нақл кардам, вале аз рӯйи нақли ман дар ин шеър ҳеч чизи қобили мулоҳиза ва асаргузоре эҳсос намешавад, ҳатто ба назар ночизу беаҳамият менамояд. Дар воқеъ, оё каманд чунин барзгароне, ки аз бемориву бемадорӣ натавонистаанд кори саҳроро ба сомон расонанд?  Чаро ин рӯйдод вақте ки аз забони ман баён мешавад, муассиру коргар нест ва дили касеро такон намедиҳад? Ҷавоб ин аст, ман ин воқеаро хушку холиву урён, бидуни калимоти борвар аз эҳсосоти фардӣ ва коргар ба дилу шуур, бе ягон андешаву ҳикмати шоирона нақл кардам.
Ман дидаву дониста махсус чунин кардам, зеро мехостам нишон бидиҳам, ки офариниши шеър то чӣ андоза ба ҳунари шоирӣ ва ба он “саҳм”-и рӯҳониву маънавие, ки дар маводи рӯзмарраи зиндагӣ – асосу маҳаки асари бадеӣ ҷой мегирад, бастагӣ дорад.
Акнун мебинем, ки ҳамин воқеаро Некрасов чӣ гуна ва бо чӣ тарзу шевае ба хонанда баён мекунад:
Тирамоҳ асту калоғон 
рафтаанд,
Ҷангалу саҳро бараҳна 
хуфтаанд.
Лек танҳо қитъаи хурде 
ҳанӯз,
Надравида монда, орад ҳузну 
сӯз.
Хӯшаҳо доранд бо ҳам
 гуфтугӯ:
“Ғам кашем аз  ин шамоли 
тундхӯ.
Ғам кашем аз сар хамидан 
бар замин,
Аз гудози ғаллаҳои оташин.
Мезанад аз ҳар тараф моро 
ба хашм,
Ин ҳама паррандагони 
гушначашм.
Туъмаи заргӯшу тӯфон 
мағзи мост,
Интизори чист. 
Он зореъ куҷост?...”
Аз сатрҳои нахустини ин шеър, ҳарчанд шумо эҳтимолан намедонед, ки чаро шоир сухан аз ин боб оғоз кардааст, андӯҳи ноланда ва монанд ба резиши мудовими борон ба дилатон роҳ меёбад. Вуҷуди шуморо эҳсоси тараҳҳум нисбати ин қитъаяки аз назарафтода, ки ҳам аз боду бӯрон ва ҳам аз заргӯшу паррандагони ҳарис шиканҷа дидааст, пеши назаратон муҷассам мешавад ва дар шахси ӯ симои кулли ранҷбарони тирабахту камбағал ва зиндагикӯбидаи ҳамон замонро пеши назар меоваред. Шумо эҳсос ва дарк мекунед, ки қитъаяки нодаравида на танҳо як қитъаяки одии аз тарафи барзгар нодаравида, балки тимсоли беҳуқуқиву зулм ва дарду ранҷи умуми мардум аст. Ба маҳзи хондани шеър дар дили мо оташи ғазаб бар алайҳи мустабидон аланга мезанад. Қобили зикр аст, ки чунин эҳсосот (дард, раҳм, хашм) ҳарчанд дар шеър даъвати рӯшоду ошкоро ба онҳо дида намешавад, худ аз худ, ба таври нохудогоҳ дар дили мо рӯ мезанад. Чунин аст таъсири  “Қитъаи нодаравида” ба хонанда.
Пас, масъалаи асосӣ чист? Чаро як рӯйдоди одиву маъмулии зиндагӣ тавассути қалами Некрасов ин қадар нерӯи бузурги ангезанда ва муҳтавои умумӣ касб намудааст? Масъала ин аст: Некрасов дар пасманзари ин ҳодисаи маъмулӣ хеле бештар аз онро дидааст, ки бо як назари сатҳӣ метавон мушоҳида намуд.  Ӯ бо нури нубуғу истеъдоди хеш ба жарфнои ин ҳодиса ворид шуда, он паҳлуҳоеро равшан кардааст, ки ба як дидан ноаён буданд. Ангор, ӯ ҳодисаро аз нав дар шеъри хеш барои хонандагон кашф намудааст.
Шоир аз садафи дили хеш марворидҳо – суханони саршори эҳсосот ва дилнишини шоиронаеро ёфтааст, ки бовар накардан ба онҳо ғайриномумкин аст. Шоир ин суханҳоро дар банд-банди вуҷуди худ бо ҳама сӯзнокиашон эҳсос намуда, дар кӯраи тахайюлу тафаккури хеш пазонда рӯйи коғаз овардааст. Инҳо суханоне буданд, ки намешуд бо дигар вожагони ифодакунандаи  ҳамин матлаб ивазашон кард.
Дар ҳақиқат, ҳоло наметавон ҳатто тасаввур кард, ки шоир метавонист “Қитъаи нодаравида”-ро дар дигар шаклу қолаб ва бо суханони дигар эҷод намояд. Некрасов аввалқадам андаруни хеш ин суханонро бояд меёфт ва аввалин шуда бояд баён мекард, сукути розомезу дардноки хӯшаҳоро бояд забон мебахшид. Ӯ аввалин шуда мебоист барои хонандагон ҳама мазмуни фароху бузурги иҷтимоиеро, ки дар қитъаи нодаравида нуҳуфта буд, кашф намояд. Хидмат, маҳорат, навоварӣ ва бозёфти шоирона маҳз ана дар ҳамин ҳунару диди густурдаи ӯ ниҳон аст.
Мехоҳам боз ба паҳлуи дигари осори манзум таваҷҷӯҳ кунам. Дар шеърҳои шоир ногузир на танҳо маҳорати шоирӣ ва тавоноии тафаннунӣ (гуногунфаннӣ), балки ҳамзамон хислату хӯ, шахсият ва сифатҳои фардии инсонии ӯ низ зоҳир мешавад. Аз ин ҷост, ки мо шеърро, бигирем шеъри Некрасовро, метавонем ба осонӣ аз миёни анбӯҳи шеърҳои дигарон бишиносем ва пеши худ бигӯем: Бале, ин ба тариқи сухан ва хислату сиришти Некрасов рост меояд. Танҳо ӯ – Некрасов қодир ба навиштани  чунин шеър аст.
Ин вижагиро метавон ба шеърҳои Маяковский ва шоирони дигар низ нисбат дод.
Ман аз он сабаб зикри ин нуктаро лозим донистам, ки  дар тасаввур ва пиндори иддае аз шоирони навқалам гӯё истеъдоди шоирӣ ҷудо аз шахсият ва хислати шоир аст. Навқаламон гумон доранд, ки истеъдод аз куҷое ногаҳон ба суроғи онҳо меояд ва дар табиаташон монанди як “замима”-и комилан алоҳидаест, ки новобаста ба ҳама чиз метавон аз он манфиат ҷуст.
Ба ин зумра шоирон ҳар гоҳ чунин иттифоқ меафтад: Ба унвони, фарз кардем, рафиқ Н. чунин нома менависӣ: “Дӯсти азиз! Шеърҳои шумо ноқису заифанд. Заъфи онҳо пеш аз ҳама дар он зоҳир мешавад, ки шумо натавонистаед тозагӣ, чизи хоси худ, чизеро, ки аз зиндагӣ гирифтаед ва дар дилу эҳсосу шуури худ парвардаед, ворид кунед. Шумо танҳо равишу ҳинҷори куҳнаву озмудашударо истифода мекунед, яъне луқмаи тайёрро фурӯ мебаред. Ончиро, ки аз шоирони дигар хондаед, ба тариқи дигар такрору бозгӯйӣ мекунед. Ба шумо асолату худвижагӣ намерасад”.
Рафиқ Н. номаро гирифта, дарҳол қасди нишастану “худвижа” ва “асил” будан ва кӯшиши ба касе монанд набудан мекунад. Ӯ “кашфи” сабки хоси навиштори худ оғоз менамояд, зеҳнашро тагорӯ намуда, ҳолатҳои ғайриодиву ғайритабиӣ ва образҳои ҳайратангезу булъаҷаб меҷӯяд.
Албатта, аз чунин қасду амал ҳеч муроде ба даст намеояд ва ин бозии худфиребона, ҷуз тасаннӯъу сохтакорӣ ва ба истилоҳ абрупаронии саҳнавӣ ҳосил намеорад.
Рафиқ Н. қодир ба фаҳми ин нукта нест, ки наметавон ба таври сохтакорона сабку тариқа ва овози хоси худро дар шеър соҳиб шуд, дуруст ҳамон гунае, ки намешавад чеҳраи аслии худро пушти ниқоб пинҳон кард ва сифатҳоеро, ки аслан хосамон нест, ба худ нисбат дод. Дурусттар бигӯем, чунин сохтакорӣ намудан шояд имконпазир бошад, вале охир дар ин сурат одам на асливу ҳақиқӣ, балки сохтаву бофта ва фиребанда хоҳад буд.
Дар шоирӣ худвижа ва асил будан пеш аз ҳама сиришту симои ҳақиқии худро оиндорӣ кардан аст. Яъне он сифатҳои инсонӣ ва маънавиеро дар шеър нишон бояд дод, ки воқеан дар ниҳоду табиати ту ҳастанд.
Истеъдоди шоирӣ чизе ҷудову мустақил ва беалоқа ба шахсияти шоир нест. Он ба фитрату тинат ва ҷаҳони маънавии шоир пайванди ногусастанӣ дорад. Вуҷуди ин истеъдод худ аз худ нест ва танҳо василаи махсусест барои буруз додани андешаву эҳсосот, хислату рафтор ва шахсияти ӯ.
Бинобар ин, масалан, ба ҳеч ваҷҳ қобили эътимод нест, ки инсони камсаводу қафомонда ва дорои ҷаҳонбинии маҳдуд, ҳатто агар табиатан соҳиби қобилиятҳои маълуми шоирӣ ҳам бошад, метавонад асари арзишманди манзум эҷод намояд. Фақри дунёи маънавии ӯ имкон намедиҳад, ки ба ин кор қодир бошад. Ӯ наметавонад ба хонанда матлаби қобили ироа ва ҳарфи гуфтаниеро бирасонад.
Аз ин рӯ, вақте ба шоирони навқалам (на танҳо ба навқаламон ва на танҳо ба шоирон) бигӯянд, ки бояд аз пайи омӯзиш буд ва касби камол кард, ин маслиҳатро хеле ҷиддӣ бояд гирифт.
Набояд чунин андешид, ки барои шоири навқалам танҳо омӯхтани техника, ҷиҳати фаннӣ ва роҳу усулҳои назмсозӣ кофист. Омӯзиш бояд ҳамаҷониба, пурвусъат ва амиқ бошад. Тавассути омӯзишу мутолиа шоири навкор пеш аз ҳама чун инсон ва шахсият бояд ба камол расад. Ба ин ҳадаф танҳо бо мутолиаи китоб наметавон даст ёфт, бояд сояравшанҳои зиндагиро шинохту омӯхт ва дар ҷараёни он иштироки фаъолона дошт. Аз оғози роҳ шоир худро барои фарзанди замони хеш будан, инсони ҳақиқатшиносу мушоҳидакор, борикбину фарохандеш будан бояд омода намояд. Зеро ӯ ҳомил ва офаринандаи фарҳанги маънавии мардум аст ва ҳақ надорад, ки камсаводу пасмонда ва ғайрифаъол бошад. Дониши ӯ бояд густурдатар аз дониши шаҳрвандони қаторӣ бошад ва дарроку дурбин бошад ва зиндагиро бо ҳама паҳлуҳояш комилтару амиқтар дарку эҳсос намояд.
“Сири шоирӣ” дар жарфои ҳаминҳо ниҳон аст.

Тарҷумаи
 Толиби ЛУҚМОН,
аз китоби 
“О писательском труде”.
Михаил ИСАКОВСКИЙ,
шоири рус

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: