Ронандагони Ӯзбекистон метавонанд сертификати стандартҳои аврупоӣ гиранд ва дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо кор кунанд

Намояндагони бузургтарин ширкати нақлиётию логистикии минтақаи Балтика «Kreiss» 10-17 июн аз Ӯзбекистон дидан карданд.

Ширкати «Kreiss», ки соли 2001 дар Рига таъсис ёфтааст, яке аз бузургтарин интиқолдиҳандагони бор дар минтақаи Балтика ва операторони муҳими хидматрасонии логистикӣ дар Аврупо ва кишварҳои ИДМ мебошад. Муомилоти солонаи ин ширкат 160 миллион долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Зимни сафар ҷониби Латвия бо роҳбарияти Вазорати нақлиёт, Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии ҳамлу нақли автомобилӣ музокирот анҷом дод.

Миёни «Kreiss»  ва Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар бораи ҷалби муташаккилонаи 600 ронанда ба Латвия созишнома ба имзо расид.

Бо созмони “Ватанпарвар” дар бораи ташкили тренажерҳои махсус барои омӯзиши ронандагони мошинҳои боркаши ӯзбекистонӣ дар платформаи мактабҳои ронандагии узви ин иттиҳодия ёддошт ба имзо расид. Таъкид гардид, ки ронандагоне, ки дар марказҳо таълим мегиранд, метавонанд тибқи стандартҳои аврупоӣ шаҳодатнома гиранд ва дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо кор кунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: