Овони хурдсолӣ агар кадоме аз аҳли оила ва наздиконамон гапи дурӯғ мегуфт ё қадамашро каҷ мегузошт, момоям насиҳат мекард: «Бачам, дурӯғ бефурӯғ аст ё бори каҷ ба манзил намерасад».
Овони хурдсолӣ агар кадоме аз аҳли оила ва наздиконамон гапи дурӯғ мегуфт ё қадамашро каҷ мегузошт, момоям насиҳат мекард: «Бачам, дурӯғ бефурӯғ аст ё бори каҷ ба манзил намерасад».
Падари омӯзгорам аз шоирони классик дар бораи ростӣ ва адлу дод байтҳо мехонд. Он вақтҳо маънои суханони момоям ва байтҳои ӯро пурра намефаҳмидем. Вале баъдтар ба он суханон ва байтҳои ҳикматнок сарфаҳм мерафтагӣ шудем. Таҷрибаи ҳаёт нишон дод, ки гапи дурӯғ нур надорад, дер ё зуд фош шуда, қимати гӯяндаашро паст мезанад.
Дар мактаб ҳам омӯзгорон толибилмонро ба рост гуфтан, аз рӯйи адолат кор бурдан ҳидоят мекунанд. Ёд дорам, вақте падарам аз бозор ё дукон ҳар шириниеро харида меовард, дар байни аъзои оила баробар тақсим мекард ва бо ин кораш ба мо дарси адолат медод. Падарам инсони ростгӯ ва адолатпеша буд. Фикр мекунам, ки бо ҳамин ҷиҳатҳояш дар байни мардум обрӯ пайдо кард. Мардум то ҳол ӯро ба некӣ ёд мекунанд.
Дар дарси адабиёт омӯзгор байти Рӯдакиро шарҳ дода мефаҳмонд, ки шоир ба афтодагон – одамони ночор ёрӣ доданро адолат ҳисобидааст. Байт:
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ.
Баъзе байтҳои дар мавзӯи ростӣ гуфташуда ба мақолу зарбулмасал табдил ёфтаанд. Мисол: «Онро, ки ҳисоб пок аст, аз баҳсу мубоҳиса чӣ бок аст?», яъне сухани рост ва рафтори рост ба кас қувват мебахшид. Ба ҳамин маъно як байти шоир Авҳадиро ба хотир меорем:
Ростӣ кун, ки ростон растанд,
Дар ҷаҳон ростон қавидастанд.
Ба фикрам, ин байт аз мақоли халқии «ростӣ – растӣ» сарчашма мегирад. Агар инро дар мисоли ҷамъият гирем, ҳар аъзои он ростгӯю росткор бошанд, ҷамъият тараққӣ мекунад, шаффофияти кору идораҳои давлатӣ таъмин мегардад.
Ба як байти Амир Хусрави Деҳлавӣ рӯ меоварем:
Сар чу сӯйи ростӣ овард мард,
Боди ҳаводис кулаҳаш каҷ накард.
Дар ин байт «боди ҳаводис», ба фикрам, ҳар гуна туҳмату буҳтон ва нодурустфаҳмиҳост, ки ба сари одамони поку ҳалол меояд. Вале онҳо қади мардро хам карда наметавонанд.
Бо такя ба ин суханони ҳикматнок шоирон подшоҳону амиронро ба сӯйи ростиву росткорӣ ва адолатпешагӣ ҳидоят намудаанд. Саноӣ ба ин мазмун байте дорад:
Подшоҳе, ки рострав набувад,
Заръ бошад, вале дарав набувад.
Яъне, подшоҳи каҷрав ба киштзоре (заръ) монанд аст, ки дарав (ҳосил) надорад, ба мардум аз вай ҳеч фойида нест. Дуруст мегӯяд Саноӣ. Агар подшоҳ қадамашро нодуруст гузорад, амалдоронаш ба вай пайравӣ мекунанд, дар натиҷа мамлакат хароб мешавад.
Маълум, ки оташу об бо ҳам созиш намекунанд, яъне дар як ҷо буда наметавонанд. Мисли ҳамин тамаъкорию адолатпешагӣ ҳам бо ҳам муросо карда наметавонанд.
Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Тамаъу адл оташу обанд,
Ҳар ду як ҷо қарор кай ёбанд.
Дар китоби «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ доир ба адолат ҳикоёти ибратангез зиёданд: «... Аз ҷумлаи аркони адл шунидани каломи додхоҳ аст, яъне гӯш ба сухани мазлумон кардан ва рӯйи лутф ба сохтани муҳими эшон овардан ва аз он ки бисёр гӯянд малул набояд шуд ва ба танг набояд омад, зеро ки подшоҳ ҳукми табиб дорад ва мазлум ба мисли бемор аст ва мариз мехоҳад, ки тамоми аҳволи худро пеши табиб боз гӯяд. Пас, агар табиб тамоми сухани бемор гӯш накунад, ба ҳақиқати марази вай муттлаеъ нашавад ва бе иттилоъ (хабардорӣ) маразу ташхиси он илоҷ чӣ гуна тавон кард?» Байт:
Ту табибиву манат беморам,
Ҳоли дил аз ту чӣ пинҳон дорам?!
Овардаанд, ки рӯзе яке бо бузурге ҳоли худ боз гуфт, илтифот нафармуд ва дигар бор гуфт, гӯш накард, севум бор арз кард. Гуфт: – Чанд дарди сар медиҳӣ?
Гуфт: – Сар туӣ, дард куҷо барам?
Он азизро хуш омад ва ҳоҷаташ раво кард. Байт:
Сар баровардӣ ба давлат,
поймардӣ кун ба лутф,
Дастрас додат Худо, афтодагонро
даст гир!
Яке аз салотини бузургро пурсиданд, ки мегӯянд ҳар чизеро закотест. Закоти салтанат чист? Ҷавоб дод, ки закоти подшоҳиву ҷаҳондорӣ он аст, ки агар мазлуме додхоҳӣ намояд ва ҳоҷати худро арз кунад, сухани ӯро гӯш фармоянд ва бо ӯ бо мадоро сухан кунанду ҷавоби дурушт боз надиҳанд ва аз сухан гуфтан бо заифону фуқаро ор надоранд, ки муколама бо хурдон аз хисоли бузургон аст...
Назар кардан ба дарвешон бузургиро
биафзояд,
Сулаймон бо чунон ҳашмат назарҳо буд
бо мӯраш.
Яъне дар хидмати халқ будан маънои адолатпеша буданро дорад. Роҳбари давлат ҳам талаб дорад, ки мансабдорон дар хидмати халқ бошанд. Ба фикрам, маънои ҳаёт ҳам ҳамин аст: мушкили халқро осон кардан.
Адабиёти мо хазинаи бузурги маънавиро мемонад, ҷавонон имрӯз бояд ба ин хазина рӯ оваранд.
С. БЕКНАЗАРОВА.